РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР АСОСИ ТАЪМИНИ ПЕШРАФТИ СОҲА

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” 28.12.2024).

Мусаллам аст, ки инсоният рӯз аз рӯз ба имкониятҳои нави иқтисодӣ ниёз пайдо менамояд ва барои пешбурди ҳаёт, ҷомеа ҳамеша талош мекунад, то дар фановарриҳои ҷадид дасти дароз дошта бошаду, кору зиндагӣ ва фаъолияташро осон созад. Пешрафти ҷамъият аз навоварӣ оғоз мегардад, инсони навовар ҳамеша идея месозад ва идея ҷамъиятро роҳнамоӣ менамояд, ҳаётро осон мегардонад. Иқтисодиёт барои пешрафти  тамоми соҳаҳо мусоидат менамояд ва ин ҳам як равандӣ муқаррарӣ мебошад. Зиндагии инсон ба иқтисодиёт сахт вобаста мебошад. Имрӯз бо фароҳам омадани инқилобҳои мухталифи технологӣ иқтисодиёт ҳам ба фанновариҳои муосир мукаммал гардидааст. Яке аз ин навгониҳо дар олами иқтисод ин иқтисодиёти рақамӣ мебошад. Иқтисодиёти рақамӣ аз манфиатовартарин иқтисод дар ҷаҳони имрғз ба ҳисоб меравад ва дар бисёр ҳолат барои пешрафти соҳа ва ҳамзамон барои шафофият мусоидат менамояд. Иқтисодиёти рақамӣ аз афзалиятҳои иқтисодиёт маҳсуб меёбад.

Қайд кардан зарур аст, ки рақамикунонӣ бароямон бештар имконият фароҳам оварда, бидуни аз ҷое ба ҷое рафтан, ҷойеро мақар қарор додан, аз кулли  тамоми иттилоот баҳравар мегардем ва тоҷирон метавонанд дар кадом гӯшаи ҷаҳон набошанд, метавонанд корашонро бидуни мушкил анҷом бидиҳанд.

Масалан сармуҳосиб ё корманди муҳосибот метавонад аз ҷойи кораш берун наомада, тамоми амалиётҳои молиявиро ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳад ва ин ҳама дар фурсати бисёр ҳам кам ба анҷом мерасад, ки ин ҳам яке аз амалиёти иқтисодиёти рақамӣ маҳсуб меёбад.

Бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рақамикунонии иқтисодиёти мамлакат таваҷҷуҳи хоса равона карда шудааст. Масъалаи «ҳукумати электронӣ» ва «рақамикунонии иқтисодиёт» дар Паёми Пешвои миллат яке аз нуктаҳои асосиро ишғол намуд.  Аз ҷумла, дар Паёми навбатии худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28 декабри соли 2024 чунин қайд намуданд: “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст”.

Дар ҳақиқат ин раванд метавонад иқтисоди миллиро даҳҳо маротиба рушд диҳад ва ин яке аз иқдомҳои саривақтӣ мебошад.

Соли 2024 барои Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, соли бобарор буда, ба шарофати заҳмати софдилонаю содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шудаанд.

Дар паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат иброз намудан, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.

Яке аз омилҳои асосие, ки барои суръатбахшии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонад, ин рушди технологияҳои рақамӣ мебошад. Рушд ёфтани технологияҳои рақамӣ ба давлат барои расидан ба ҳамаи Ҳадафҳои Рушди Устувор аҳамияти муҳим дошта, моро ба ҳадафҳои бузург мерасонад.

Иқтисодиёти рақамӣ ҳамчун натиҷаи таъсири табдилдиҳандаи технологияҳои нави умумӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоот, ки ба тамоми бахшҳои иқтисодиёт ва фаъолияти иҷтимоӣ таъсир мерасонад, шарҳ дода мешавад. Таваҷҷуҳ ба иқтисодиёти рақамӣ аз он иборат аст, ки технологияҳои иттилоотӣ дар рушди иқтисодии ҳамаи кишварҳои ҷаҳон аҳамияти рӯзафзун пайдо карда истодааст. Истифодаи технологияҳои рақамӣ барои фурӯши мол ва хидматҳо, пешниҳоди хидматҳои давлатӣ, таҳсилоти шаҳрвандон ба тамоми ҷомеа имкон медиҳад, ки дивидендҳои ба истилоҳ рақамӣ, ки онҳо ҳамчун афзоиши некӯаҳволии миллӣ, фоидаи моддӣ фаҳмида мешаванд, ба даст оранд.

Мувофиқи ин, иқтисодиёти рақамӣ – фаъолияти хоҷагидорӣ ҳисобида мешавад, ки дар он маълумоти рақамӣ, коркарди ҳаҷми калон ва истифодаи натиҷаҳо аз ҷониби шаклҳои анъанавии идоракунӣ, самаранокии намудҳои гуногуни истеҳсолот, технология, таҷҳизот, нигоҳдорӣ, фурӯш, расондани мол ва хизмат омили асосӣ мегардад.

Алабба, мо медонем, ки зери роҳбарии  Сарвари хирадманди кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хеле боз барои гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ ва татбиқи он талош намуда буд ва бо  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, таҳти № 642 Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ки ин чиз ҳам барои пурра гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ мусоидат менамояд.

Ташаккули иқтисоди рақамии Тоҷикистон бо аҳамияти афзояндаи иттилоот ва воситаҳои рақамӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва молиявӣ тавсиф карда мешавад. Имрӯз мо, метавонем бо итминон бигӯем, ки рақамисозӣ аллакай воқеияти реалӣ ва доираи васеи татбиқро дар бар гирифта, дар ин замина ташкили инфрасохтор, муҳити институтсионалӣ, рушди фарҳанги рақамӣ ва захираҳои инсонӣ зарур мебошад.

Дар умум ин ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳа мусоидат намуда, мо олимонро масъул месозад, то дар омода намудани мутахассисони варзидаи ин соҳа бештар кӯшиш ба харҷ бидиҳем.

Облоқулов В.М. 

н.и.и., дотсент, мудири кафераи иқтисодиёт ва идоракуниии Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон