Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба фаъолияти рӯзноманигорону аҳли эҷоди кишвар махсусан дар вилояти Суғд қарордошта, таваҷҷуҳи баланд зоҳир намуда, ҳамеша заҳмати ононро қадр менамояд. Ҳамкории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо тамоми васоати ахбори омма бисёр ҳам наздик буда, доимо омода аст, робита ва ҳамкорияшро бо рӯзноманигорону аҳли эҷод тақвият диҳад.
Аз ҳамин лиҳоз, ба рӯзноманигорону эҷодкорони вилояти Суғд, ки санаи 6-уми августи соли ҷорӣ дар нишасти матбуотии донишкада фаъолона ширкат намуданд, изҳори миннатдорӣ баён карда, барои иштирок аз намояндагони нашрияҳои «Ҳақиқати Суғд» Нодир Турсунзода, “Согдийская правда” Нурбибӣ Бобоева, “Садои мардум” Мирзоаъзам Мақсудов, “Паёми Бӯстон” Лола Юсупова, “Шафақ” Юсупова Назокат, намояндаи нашрияи “Омӯзгор” дар вилояти Суғд Нӯъмон Раҷабзод, рӯзномаи “Саломат бошед” Абдуллоева Ч., ТВ “7-Ситора” Шамсиддин Наврӯзов, Сангинов Фаридун, ТВ “СМ-1” Насим Раҳимов, Меҳрангез Аҳадова, ТВ “Танин” Сабрина Сангинова, ТВ “Азия” Аюдусаттор Баротов, радиои “Пайванд” Алихонзода Мутрибахон, радиои “Замон” Абдулҳамид Ҷӯраев, Оҷонсии иттилоотии “Спутник” Қамари Аҳрор, радиои “Озодӣ” Фарзон Маҳмадӣ ва намояндаи оҷонсии “Суғднюс” сипосгузор аст.