Фаъолият дар расонаи озоди мустақил ин интихоби қаламкаш Мирзои Салимпур аст, ки ҳамчун – муассис ва масъули сомонаи «Ахбор» оид ба фишор ва шантаж гирифтор буданаш шикоят кардааст. Гӯё Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба озодона амал кардан намемонад, таъмини озодии матбуот ва сухан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аммо ҳамаи даъвоҳои ӯ пучу беасос буда, ягон асоси воқеӣ надоранд. Агар амиқтар назар созем, мебинем, ки дар кишвари мо чандин рӯзнома, маҷалла, телевизиону радиоҳо бо барномаҳои хусусӣ амал менамоянд. Аммо амали ҳар яки онҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда ва Оинномаашон аст. Ҳатто роҳбарон ва масъулини ВАО иқрор мешаванд, ки байни ВАО – и давлатӣ ва хусусӣ рақобат вуҷуд дорад ва он рақобати солиму эҷодкорона аст.
Воқеан Мирзои Салимпур иқрор мешавад, ки онҳо дар шаҳри Прага ҷойгир буда, фаъолияти худро аз ҳамин ҷой мебаранд. Ин чиз ниҳоят хандаовар ва иқроршавии соддалавҳона аст. Аз масофаи дур истода, чӣ тавр ҳақиқатро мебинӣ, дарк мекунӣ, дар бораи он изҳори назар менамоӣ? Бинобар ин мақоли халқӣ ёдрас мекунад: «Шунидан кай бувад, монанди дидан!?».
Вокуниш нишон додан ба навиштаҳои ӯ хоси озодбаёнӣ аст. Аммо нодида гирифтани пешравиҳои мамлакат хуб нест. Сарони мамлакат ният доранд, ки кишвари моро аз маҳаллӣ аграрӣ – индустриалӣ ба сарзамини индустриалӣ – аграрӣ табдил диҳанд. Навгонии аз ҳама муҳим ин ба короғоз намудани чархаи аввалини НБО–и Роғун мебошад. Халқ аз ин корҳо ниҳоят шоду мамнун ҳастд ва умед дорем, ки ҳамаи нақшаҳоямонро пурра амалӣ мегардонем. Аммо «дӯстони ҳамхуни мо» ин пешравиҳоро дида наметавонанд ва эътироф ҳам намекунанд. Майлаш онҳо дида натавонанд, эътироф накунанд, вале дигар мардуми кишварҳои гуногуни олам ба он боварӣ доранд ва Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешрафтаи саноатӣ, аграрӣ, фарҳангию сайёҳӣ кайҳо эътироф кардаанд.
Ба ранги мухолиф хомаи эҷоди худро дигар кардани Мирзои Салимпур аз риёкорӣ гувоҳӣ медиҳад, ки соҳибқаламро беобрӯ мегардонад.
Шуҳрати Бобо, омузгори ДКМТ