РАДИОИ “ОЗОДӢ” РАВЗАНАЕ АЗ ФИТНАИ НАҲЗАТ

Радиои «Озодӣ” ягона радиое, ки барои вайрон кардани сохти конститутсионӣ ва барангехтани низоъ миёни қавмҳои мухталиф таъсис дода шудааст ва то ба имрӯз ин миссияшро идома дода истодааст. Ҳоло пеш аз интихобот кормандони радиои “Озодӣ” бо роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирии террорист мусоҳиба оростанд ва хостанд, ки ҷомеаро гумроҳ созанд ва ҳар саволу зидду нақизе, ки буд ба ӯ аз ҷониби ба ном журналисти радиои “Озодӣ” дода шуд ва ин террористи машҳур ва дар ниқоб ҳам ҳар қадаре, ки мехост ба таври худаш ҷавоб додааст, ки бисёр ҳам шармовару бесаводист.

Зеро он посухҳое, ки Кабирии палид додааст аслан ба ягон чаҳорчӯбаи сиёсат намегунҷад ва ягон мавқеи муайяни солим надорад, балки ҳамеша танқиди ҳукумати кунунӣ, миллат ва иғвобарангезӣ асту халос, ки муқобили меъёрҳои ахлоқӣ ва журналистӣ мебошад.

Нахуст ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки чаро маҳз радиои “Озодӣ” бо роҳбари созмони террористӣ ва дар кишвар мамнӯъ эълоншуда мусоҳиба орост???

Оё ин як машварати пешакии ин ду тоифаи бадкеш нест???

Хуб, фарз кардем кормандони радиои “Озодӣ” Қонун дар бораи матбуоти кишварро зери по гузоштанд ва тарғиби ифротгароӣ ва терроризм машғул шуданд, пас чӣ метавонанд пас аз ин худро пойгоҳи хабарӣ номид, вақте, ки ягон қонунро риоя намекунанд ва озодона терроризмро тарғиб мекунанд???

Оё ин як дасисабозӣ нест аз тарафи кормандони радиои “Озодӣ”???

Аксари вақт ин гуна суол ба зеҳнамон мерасад, ки чаро маҳз кормандони радиои “Озодӣ” наҳзатиёнро реклама мекунанд ва андеашҳои дастгирӣ мекунанд???

Оё радиои “Озодӣ” аз ҷониби ТТЭ ҲНИ сармоягузорӣ мешавад???

Бо ҳамин амалу рафтораш ва корҳои ношоиставу нолоиқаш радиои “Озодӣ”-ро дар чандин кишварҳо мамнӯъ эълон карданд ва дарҳояшро бастанд. Ҳатто дар кишвари Озорбойҷон ҳам барои тарғиби ифротгароӣ, барангехтани низоъ ва фитнаандозӣ  дафтари ин радиоро бастанд. Аммо чаро дар Тоҷикистон то ба имрӯз масъулон хомӯшанд???

Радиои “Озодӣ” аввалин қонунвайронкуние, ки кард ин дар рӯйи ҷомеаи шаҳрвандӣ по гузоштан буд ва тарғиб намудани душманони ин миллат буд, ки фикр мекунам касе қодир нест ин ҷиноятро бубахшад.

Дуввум ҳама меъёрҳои ахлоқии журналистро зери по гузоштанд ва фақат машғул шуданд ба тарғиби ифротгароӣ ва терроризм, иғвобарангезӣ ва фитнакорӣ.

Ҳамчунин дар остонаи интихоботи парлумонӣ, тавре ки дар боло гуфтем бо роҳбари террористони наҳзатӣ  мусоҳиба орост пеш аз интихобот ин раванди сиёсиёро бардурӯғ интиқод кард ва фолкушоӣ намуд, ки ягон асоси воқеӣ надошт. Албатта ин ҷо ҳам ин тоифаи бадкеш мехостанд, ки иғвобарангезӣ кунунад ва мардумро гумроҳ созанд, аммо хушбахтона муваффақ нашуданду интихобо дар кишвар озоду ором ва ба таври демократӣ гузашт.

Ҳамин далел худаш кофист, ки дари радиои “Озодӣ” муҳр зада шавад. Зеро тарғиби ифротгароӣ ва терроризм ҳеҷ гоҳ журналистика набуд ва намешавад ҳам.

М. Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ