РАДИОИ “ОЗОДӢ” НАМОДЕ АЗ БУХЛУ САФСАТАИ ТТЭ ҲНИ

Чандест, ки пас аз мамнӯъ эълон шудани ТТЭ ҲНИ ва фирор намудани аъзоёни ин тоифаи бадкеш ба кишварҳои Аврупо радиои “Озодӣ” ба минбари таблиғу ташвиқи ин террористон табдил ёфт. Ва ҳар рӯз ҳатман ахборе аз фаъолият ва мусоҳибае аз аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар сомонаи ин радиои ифротгаро ва мубаллиғи иғвобарагезиву ифротгароӣ нашр мешавад, ки ин албатта бар хилофи меъёрҳои ахлоқии журналист мебошад.

Аммо аз чӣ бошад, ки ба ҳамаи ин нигоҳ накарда кормандони радиои “Озодӣ” робитаашонро бо террористони наҳзатӣ қавитар намуда, талош менамоянд, ки ҳарчи зиёдтар ғояҳои ифротгароёнаву зиддимиллии онҳоро тарғиб намоянд.

Чанде қабл дар остонаи интихоботи парлумонӣ радиои “озодӣ” амдан бо роҳбари террористони наҳзатӣ, яъне ТТЭ ҲНИ Кабирии палиду манфур мусоҳиба орост ва хост дар ҷомеа тухми кинаву адоватро бичошад ба ин восита, ки хушбахтона ҷомеа ба ӯ бовар накард.

Аз ҷумлаи якуми ин мусоҳиба, ки ба корманди “Озодӣ” мансуб аст, аллакай бӯйи ғализ меояд, нигоҳ кунед ба ин навишта: “Интихоботи порлумонии рӯзи 1-уми март дар Тоҷикистон аввалин интихоботе мешавад, ки бе ҳузури Ҳизби наҳзати исломӣ, яке аз аҳзоби мухолиф ва мамнуъшуда сурат мегирад.”

Вақте, ки ин ҳизб мамнӯъ шудааст ва он ҳам панҷ сол қабл, пас чаро аз он имрӯз корманди радиои “Озодӣ” ёдоварӣ мекунад??? Оё ин як рекламаи ТТЭ ҲНИ нест???

Дар давоми мусоҳиба кабирии палиду касиф ба интихобот баҳои манфӣ дода, онро як навъ поёни ваҳдат номидааст, ки ин саропо ғалат аст. Чаро ???

Зеро, ки раванди демкоратӣ тақозо мекунад, ки мардуми тариқи интихобот ба ҳаёти сиёсӣ мудихила кунад ва ин беҳтарин роҳ барои расидан ҳадафҳои миллӣ мебошад. Аммо ин ки имрӯз мардум бештар ба ҷонибдории ҲХДТ овоз додааст ин як амри табии мебошад ва аз ҷониби дигар ин як қудрати ҳизб мебошад. Дигар ҳизбҳо низ дар ин маърака ширкат варзиданд, аммо ҳамон қадаре, ки тарафдор доштанд, ҳамон қадар овоз гирифтанд, пас куҷои ин интихобот поёни ваҳдат аст??? Вақте, ки мардум бе ягон ҷангу ҷидол ба интихобот мераванд, ин аллакай худаш ваҳдат аст!!!

Пас чаро кабирии палиду касиф аз ин нигарон шуд??? Яъне ин тоифаи бадкешони наҳзатӣ  мехостанд, ки аз ин фурсат истифода бурда, ҷомеаро гумроҳ созанд, вале хушбахтона натавонситанд.

Радиои “Озодӣ” ҳам бисёр талош намуд, лек хушбахтона муваффақ нашуд ва шояд то ҳол сарид кормандони ин пойгоҳи ифротии иттилоотӣ ба дард бошад, зеро пули аз ТТЭ ҲНИ гирифтаашонро ҳалол карда натавонистанд.

Мақсади аслии радиои “Озодӣ” ҳам мудохила ва низоъ барангехтан дар ин маъракаи сиёсӣ буд, ки натавонист ва мардум орому осуда ба ин маърака тайёри медиданд, ки ин ҳол хеле наҳзатиёни манфурро ҳам нороҳат карда буд.

Пас ин ки радиои “Озодӣ” аз ҳадди ваколати худ мебарояд ва рӯирост бо душмани миллат сару кор мегирад, оё ин хиёнат ва ё беэҳтиромӣ нисбати ҷомеа ва миллати тоҷик нест???

Чаро бояд аз ин беэҳтиромии кормандони радиои “Озодӣ” нисбати миллат кормандони ВКХ хулоса набарорад???

Фикр мекунам, ки ин ҷо мақоли “Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст, парҳез аз он дӯст”-ро ба хотир оварему кормандони радиои “Озодӣ”-ро барои заҳаматҳои бисёр ҳам зиёдашон барои тарғиби ифротгароиву хушунат ва фитнаафканӣ аз кишвар гусел кунем???!!!

Фикр мекунам, ки агар дафтари радиои “Озодӣ” пас аз ин қадар фаъолиятҳои ғайри касбиву ғайри қонунияш баста нашавад, боз ҳам ҳиллаву найранги  ин нафарони ба ном журналист зиёд хоҳад шуд.

М. Абдусаломов

коршиноси масоили сиёсӣ