РАДИОИ «ОЗОДӢ»- АВБОШХОНАИ ЭҶОДӢ- ТЕРРОРИСТӢ

Ягона радиое, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон ба дасисабозиву масхарабозӣ машғул асту аз хабарҳои сохтаву бардурӯғ аудитория ҷамъ кардааст ин радиои “Озодӣ” мебошад. Зеро тамоми хабару гузоришҳои ин радио дар асоси сафсатаҳои дурӯғ ва сиёсати иғвобарангезонаи редаксия сохта шудааст, ки бештар миёни мардум ном баровардааст.

Ҳоло кормандони ин радиои ба ном озоди террориспарвари “Озодӣ” ба хотири он ки ҷомеаро гумроҳу сарсон кунанд хабарҳои нодуруст ва носаҳеҳу бофтаро роҷеъ ба хуруҷи пандемияи КОВИД-2019 ба нашр мерасонад, ки мақсадаш ҳам ноором намудани ҷомеа мебошад.

Дар чандин хабару гузоришҳои ин радиои  террористпарвар оид ба мубталошавӣ ба пандемияи Ковид 2019 ва ё худ сироятёбӣ дар қаламрави кишвар, ки дурӯғ аст, дида мешавад, ки хабарҳои беасос аз номи мардум сохта шуда ба маърази омма гузошта шудаанд ва мақсадаш ҳам ҳамон тавре, ки гуфтем воҳима намудану ба таҳлука андохтани ҷомеа  мебошад.

Тибқи маълумотҳои ба даст расида,  ҳоло ин радиои аврупоии “Озодӣ” дар ҳамкори бо ташкилоти террористӣ-экстремистии “Ҳизби наҳзати ислом” хабару гузоришҳояшро таҳия месозад ва бештар идеологияи ҳамин ташкилоти террористиро миёни ҷомеа тарғиб мекунад, ки  ин як хиёнати бузурги ба ном журналистон «Озодь» мебошад.

Ҳарчанд ин шабу рӯзҳо мардуми кишвар дар шароити бисёр ҳам ногувори эҳсосӣ қарор доранд, аммо кормандони радиои “Озодӣ” талош мекунанд, ки бо хабарҳову гузоришҳои нодурусту носаҳеҳашон бештар мардумро ошуфтахотир созанд, ки ин амал на аз рӯйи одоб асту на ахлоқи касбӣ. Аммо чӣ суд, ки кормандони ин радиои террористпеша ба хотири гарм нигоҳ доштани бозори хоинони миллат ва шод сохтани душманони халқи тоҷик ба ин амалҳо даст мезананду бар ивазаш маблағҳои ҳангуфте ба даст овард.

Мисле, ки имрӯз дар хидмати террористони наҳзатӣ қарор гирифтаанду дирӯз бошад дар хидмати кадом хоҷаи дигар буданд ва мақсадашон ҳам бо кадом роҳе набошад чӣ хиёнат бошад ва чӣ ҷиноят ва рӯсиёҳӣ маблағ ба даст овардан асту халос. Пас чи гуна мешавад, ин ҳама кормандони радиои “Озодӣ”-ро журналист хонд, вақте ки пешаи рӯзноманигорӣ худ ошкор гуфтани ҳақиқату маҳкум намудани дурӯғ аст?!

Вале дар мисоли кормандони радиои “Озодӣ” бошад ин мароми пешаи журналистика шакли дигар гирифтааст ва мақсадашон ҳам на гуфтани ҳақиқат, балки рӯйпӯш намудани ҳақиқату таблиғ намудани дурӯғу иғвобарангезист, ки ин дигар дар ягон чаҳорчӯба рост намеояд.

Зеро ин кормандони радиои “Озодӣ” ба хотири фиреб додани ҷомеа ва гумроҳ сохтани мардум бештар гузоришҳои ғайрикасбиро бо фармони хоҷаҳои хориҷияшон таҳия менамоянд, ки асло ба дарди касе намехӯрад ва фақат мурод аз таҳияи чунин гузоришҳои бардурӯғ ба таҳлука андохтани мардум ва пошидани тухми кинаву адоват миёни қишрҳои гуногун мебошад.

Аз ин лиҳоз мешавад ин радиои мардумфиреб ва тарғибгари террористонро, ба номи “Озодист” як маркази фанду фиреб ва авбошхонаи эҷодӣ- террористӣ номид. Зеро дар ин боргоҳи ба ном хабарӣ ва дар асл иғвоангезӣ ягон инсони фикран солим ва журналисти касбӣ вуҷуд надорад ва ҳамагӣ  дастпарварони террористони наҳзатӣ гардидаанд, ки ин ҳам нишонаи заволи шуҳрату салвати ин радиои “Озодӣ” мебошад.

Аз хонандагони гиромӣ ва дӯстдорони арҷманди адабу маърифат ва меҳану фарҳанг тақозо менамоем, ки ҷиҳати хотима додан ба ин шармандагиву мардумфиребӣ ва мардумсарсонсозӣ ба Суди Олӣ ҷиҳати қатъи фаъолияти радиои “Озодӣ”  аризаи дастаҷамъӣ нависанд, то бо ҳамин умри дурӯғу иғво канда шавад.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ