РАВАНДИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ТАЪЛИМӢ-ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ

Аз санаи 17 уми майи соли 2021 барои донишҷӯёни бахши дуюми ихтисоси 330101-05 “Ҳифзи муҳандисии муҳити зист” таҷрибаомӯзии таълимӣ-шиносоӣ оғоз гардид. Муддати дувоздаҳ рӯзи таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён бо сохтори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, лабораторияҳои кафедраи нафту газ, корҳои кушоди кӯҳӣ, аква-экология, лабораторияи аналитикӣ, китобхонаи илмиву электронӣ ва парки технологӣ шинос шуда оиди онҳо барои навиштани ҳисобот маълумот гирифтанд.

Санаи 25-уми май гурӯҳи донишҷӯёни бахши дуюми ихтисоси 330101- 05тА бо роҳбарии ассистенти кафедраи Экология Абдуллоева Т.Б. ба ҶДММ “Элегант” дар шаҳри Бӯстон ва санаи 27-уми май ба ҶДММ “Суғд-Пак” рафта, ба пуррагӣ бо истеҳсолоти ин корхонаҳо шинос гардиданд.

Дар рафти таҷрибаомӯзӣ маълум гардид, ки ҶДММ “Элегант” корхонаи саноатӣ оид ба истеҳсолоти сангҳои ороишӣ, нахи базалт ва ҶДММ “Суғд-Пак” корхонаи саноатӣ оид ба истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ мебошанд, ки дар муддати фаъолияти худ ба яке аз корхонаҳои бузурги шаҳри Бӯстон табдил ёфтаанд.

Аз ҷараёни таҷрибаомӯзии мазкур Абдуллоева Таҳмина ба шуъбаи иттилоот хабар дод.