Об як ҷузъи муҳими муҳити зист, захираи табиии барқароршаванда, маҳдуд ва осебпазир ба шумор рафта, дар баробари ин беҳдошти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии аҳолӣ, мавҷудияти ҳайвонот ва растаниҳоро дар олам таъмин менамояд. Имрузҳо амнияти озуқаворӣ, амнияти экологӣ ва рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёти кишвар беш аз пеш ба истифодаи самараноки захираҳои мавҷудаи об вобастагӣ дорад. Вобаста ба ин бо дарназардошти рӯ ба афзоиш намудани талабот ба идоракунии устувор ва самараноки захираҳои обӣ, мушкилоти мавҷудаи соҳаи оби кишвар ва ҳамчунин бо мақсади татбиқ намудани механизмҳои институтсионалӣ — ҳуқуқии идоракунии обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофгардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намудааст. Ҳадафҳои ислоҳот: Таъмини кафолатноки об ба ҳама истеъмонкунандагони об; Ба даст овардани идоракунии устувори экологӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самараноки захираҳои обӣ; Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ тавассути татбиқи идоракунии ҳамгироёна ва ҳавзавии захираҳои обӣ (ИҲЗО) мебошад.
Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои ислоҳоти соҳаи об дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №791 Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 қабул гардида буд. Барномаи ислоҳот мушкилоти мавҷудаи соҳаи обро дар бар гирифта, ҳадаф ва вазифаҳо, ҳамчунин механизми амалисозии ҳадафу вазифаҳои мазкури ислоҳот ва захираҳои муҳими молиявиро барои амалӣ намудани ислоҳот муайян намудааст.
Барномаи мазкур, ҳамҷунин Нақшаи чорабиниҳоро оид ба амалисозии ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016-2025, ки аз чор қисмат ва 35 номгӯи чорабиниҳо вобаста ба рушди қонунгузорӣ ва идоракунӣ, рушди институтсионалӣ, барқарорсозии инфрасохтор тавассути омилҳои ёрирасони ислоҳоти соҳаи об иборат аст, дар бар мегирад.
Дар доираи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Минтақаи ҳавзавии Сирдарё, Минтақаи ҳавзавии дарёи Зарафшон, Минтақаи ҳавзавии дарёи Панҷ, Минтақаи ҳавзавии дарёи дарёи Вахш ва Минтақаи ҳавзавии дарёи Кофарниҳон муайян ва муқаррар гардидаанд.
Вобаста ба амалӣ гардонидани бандҳои Нақшаи чорабиниҳо ва инчунин мувофиқи Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои обӣ санаи 12 ноябри соли дар шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзӯъи “Ҳолат ва дурнамои омодакунии мутахассисони истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои обӣ дар ҳавзаи Сирдарё” баргузор гардид. Лоиҳаи мазкур аз тарафи шарикони рушд: Helvetas, Acted, GIZ дастгирӣ карда шудаанд..
Семинарро Бобоев Абдунабӣ – Сардори раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзаи дарёи Сири Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ ҶТ оғоз намуд. Ӯ оид ба фаъолияти раёсат, корҳои иҷрошуда ва ҳадафи чорабинии имрӯза маърӯза намуд. Қайд карда шуд, ки норасогии мутахассисони соҳаи идоракунии захираҳои обӣ ба назар мерасад.
Сипас намояндаи Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ ҶТ Холиқов М. дар мавзӯъи “Нақш ва вазифаҳои институтҳои ҳавзавӣ” баромад намуда қайд кард, ки Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 чорабиниҳоеро низ дар бар мегирад, ки ҳадафи он омода кардани мухассисони соҳа, бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотии соҳавиро дар бар мегирад.
Баъдан намояндаи Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои обӣ Рӯзматова Заррина оид ба нақшаҳои Лоиҳаи мазкур ва чорабиниҳои дар пеш истода, ва оиди ҳадафи семинар суханронӣ кард.
Дар семинар инчунин Роҳбари намояндагии Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон Оливер Норманд ва Абдуллоева М. иштирок намуданд. Оливер Н. қайд намуд, ки барои амалишавии лоиҳа ташкилоти онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд. Барои татбиқи муваффақонаи лоиҳаи Таъминоти оби нушокӣ ва беҳдошти санитарии деҳот аз тарафи ташкилот мунтазам корҳо ичро шуда истодаанд.
Дар қисми пленарии семинар д.и.т., профессор Розиқов З.А. дар мавзӯъи “Омода кардани мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳандисии муҳити зист дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон” маърӯза намуд.
Дар маърӯза оид ба фаъолияти Донишкада ва ихтисосҳои он, ҳамкории байналмилалии муассиса дар соҳаи идоракунии захираҳои обӣ, раванди таълим, фанҳои тахассусии итисоси Ҳифзи муҳандисии муҳити зист маълумот дода шуд. Профессор Розиқов З.А. қайд намуданд, ки ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои илми-тадқиқотии кишвар низ хуб ба роҳ монда шудааст, гайр аз ин соли ҷорӣ дар нақшаи таълимии ихтисоси зикргардида фанҳои вобаста ба идоракунии захираҳои обӣ, усулҳо ва таҷҳизотҳои тозакунии обҳои шоранда ва ғ. фанҳо ворид гардиданд. Инчунин қайд карда шуд, ки ДКМТ тибқи Лоиҳаи Ҳамоҳангсозии Об Евразия бо муассисаҳои олии кишварҳои Авруосиё, аз он ҷумла Донишгоҳи илмҳои табии Норвегия ҳамкориро хуб ба роҳ мондааст. Чӣ хеле ки маълум аст, Норвегия яке аз кишварҳои пешрафта дар самти идоракунии захираҳои обӣ ва тозакунии обҳои шоранда мебошад.
Дар муқокимаи маърӯзаи илмиии профессор Розиқов З.А. Роҳбари намояндагии Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон Оливер Норманд баён намуд, ки дар ҳақиқат Норвегия дар ин самт яке аз давлатҳои пешрафта мебошад ва бояд таҷрибаҳои ин кишварҳоро омӯзем.
Баъдан аз ташкилоти Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон Махфират Абдуллоева дар мавзӯъи “Таъсири санитария ва гигиена ба инсон ва муҳити атроф” баромад намуда оиди корҳои ташкилии вобаста ба санитария ва гигиена, таъминот бо оби нӯшокӣ ахборот доданд..
Дар қисми дуюми семинар унвонҷӯёни муассисаҳои таълимии олии вилояти Суғд дар мавзӯъҳои: Истифодабарии об дар саноати хӯрокворӣ; Муаммоҳои экологии идоракунии ҳавзаи Сирдарё; Истифодабарии оқилонаи захираҳои обӣ дар соҳаи кишоварзӣ бо истифодаи технологияҳои муосир; Идоракунии ҳавзавии захираҳои обӣ ҳамчун омили истифодаи оқилонаи об баромад намуданд.
Дар чамъбасти семинар иштирокчиён баромадҳоро ва масъалаи таъминоти кадрии соҳаро муҳокима намуданд. Семинар бо хулосабандии чорабинии мазкур ҷамъбаст гардид.