Ва ё чанд андеша доир ба мақолаи Олег Алексеев
Дар мақолаи Олег Алексеев аз АИ «Параллель» бо далелҳои мушаххас бори дигар парда аз рӯи ҳомиёну сарпарастон ва хоҷагони манфури ТЭТ ҲНИ бардошта шуд. Исбот мешавад, ки ин ташкилотҳои хатарзо на танҳо ба давлатҳои минтақа ҳатто эҷодкунандаи хатар ва ноамнӣ ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ гардида истодаанд.
Дар изҳороте, ки 8-апрели соли равон Президенти ИМА Доналд Трамп таъкид менамояд, Корпуси муҳофизони инқилоби исломӣ (КМИИ), ки ба гурӯҳҳои террористии роҳбарияти Эрон хизмат мекунанд, дар ҳамаи маъракаҳои террористӣ бо қувваи «Кудс» фаъолона иштирок менамоянд.
Сухан дар бораи он меравад, ки маҳз ин ташкилотҳои террористӣ дар ҳама ҷабҳаҳо барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки худ маблағҳои ҳангуфтро масраф мекардаанд.
Ташкилотҳои террористӣ, аз ҷумла, КМИИ, ки аз ҷониби роҳбаронашон дастгирӣ меёбанд, барои иҷрои ҳадафҳояшон нақшабандиҳо ва маблағгузорӣ мекунанд.
Изҳори таассуф дар он аст, ки ТЭТ ҲНИ яке аз пайравонест, ки маҳз бо дастгирии ин ташкилотҳои террористӣ тайи даҳсолаҳост амалиётҳои ифротгароёнаи худро амалӣ месозад.
Аз ҷумла, дар мавод омадааст, ки ниҳодҳои алоҳидаи Эрон маблағгузорӣ ва дастгирии молиявии ташкилоти террористии ТЭТ ҲНИ-ро ба ӯҳда дорад ва ин дастгирӣ даҳсолаҳо идома ёфта, Корпуси муҳофизони инқилоби исломӣ барои ба яроқ таъмин намудани ташкилотҳои радикалӣ ва террористӣ аз ҷумла ТЭТ ҲНИ даҳҳо миллион долларро маблағгузорӣ мекунад.
Қайд карда мешавад, ки моҳи сентябри соли 2015 барои ноором сохтани вазъияти иқтисодию сиёсӣ ва ташкили табаддули давлатӣ созмонҳои эронӣ ба ҲНИ 1 млн 200 ҳазор доллар маблағгузорӣ кардааст. Ҳамчунин оварда мешавад, ки таҳти раҳнамоии КМИИ бо кӯмаки кормандони сафорати Эрон дар Тоҷикистон зиёда аз 20 сол ҲНИ фаъолияти ғайриқонунӣ бурдааст.
Террористон дар шаҳрҳои Теҳрон, Қум, Гургон, Кум, Караҷ омода гашта, бо супоришҳои хоҷагони худ дар Тоҷикистон ба куштори ходимони давлатӣ, олимон, рӯзноманигорон ва аҳли зиё даст задаанд. Имрӯз қайд менамояд муаллифи мақола бо дастгирии ниҳодҳои махсуси Эрон намояндагони ҲНИ дар мамлакатҳои Аврупо фаъолияташон пурра дастгирӣ ёфта, маблағгузорӣ карда мешаванд. Фақат дар давоми солҳои 2016-2018 барои эҳтиёҷоти роҳбарият ҲНИ бештар аз 3 млн доллар маблағ ҷудо карда шудааст, ки ба самти корҳои тарғиботию ташвиқотӣ равона мегаштаанд. Ҳатто барои ташкили студияи «Садои мардум» 1млн 200 ҳазор доллар маблағ ҷудо гардида, сомонаҳои дар Тоҷикистон манъ кардашуда дастгирии молиявӣ меёбанд.
Инҷо як чанд иқтибос аз мақолаи Олег Алексеев оварда шуда таъкид карда мешавад, ки ташкилотҳо ва созмонҳои КМИИ Эрон, ки ҲНИ як шохаи он ба ҳисоб меравад, аз ҷониби маъмурияти Қасри сафед ҳамчун ташкилоти террористӣ эълон карда шудааст.
Имрӯз аҳли башар хуб дарк менамояд, ки терроризм чун як падидаи занҷирбанди хавфнок барои суботи ҷомеа дар ҳамаи кишварҳо реша медавонад. Ифротгариҳову хиёнатҳои ТЭТ ҲНИ ҳамарӯза ошкор гашта, асли вуҷуди онро давлатҳои мутараққӣ чун ИМА мешиносад.
Мутаасифона як гурӯҳи боқимондаи ин ташкилоти террористӣ аз андешарониҳои бемантиқу ифротгароёнаи худ алалхусус тавассути студияи «Садои мардум» нисбат ба халқу миллати Тоҷикистон даст намекашанд.
Рушди бомароми ин ватани азиз, шукуфтанҳову рустанҳо ва пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоии ин сарзамини биҳиштосоро нодида мегиранд. Гӯё, ки кӯранд. Зеро онҳо намаки ватанзадаанд.
Хушбахтона ҳамарӯза саҳифаҳои нави фаъолияти ТЭТ ҲНИ ва хоҷагонаш кушода шуда, асли онҳоро ҷаҳон шинохта истодааст.
Анвар Саидов ,
Котиби КИ ҲХДТ дар ДКМТ