Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони донишкада бо ширкати реактори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовинон, деканҳо ва дигар кормандону омӯзгорон ҷаласаи машваратӣ оид ба оғоз ва вазифагузориҳо вобаста ба соли таҳсили 2024-2025 баргузор гардид.
Ҷаласаро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, тамоми кормандону омӯзгоронро ба оғози соли таҳсил табрику таҳният гуфта, бар ҳама барору муваффақият таманно кард.
Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба омодагиҳо ба соли нави хониш ва вазифаҳо барои идомаи фаъолият дар ин сол сухан ронда, чанд масъалаи муҳимро таъкид кард.
Аз ҷумла, мавсуф изҳор дошт, ки ҷиҳати нигоҳ доштани мақоми донишкада омӯзгорон бояд фаъол бошанд ва аз ҳама бештар кор кунанд. Зеро талаботи замон ҳамин аст, ки барои боқӣ мондан бояд мубориза бурд.
Ҳамзамон, дар ҷаласаи имрӯза ба масъулин дастур дода шуд, тамоми синфхонаву толорҳоро барои соли хониш омода созанд ва таҷҳизотро пурра бисанҷанд. Озмоишгоҳҳоро бояд пурра ба соли хониш омода кард.
Пас аз вазифагузориҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба масъулин дастуру супориш дод, ки кормандоне, ки нияти идома додани корро надоранд, бидуни мушкилӣ шартномаи меҳнатиашон бекор карда шавад.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳор дошт, ки мо бояд дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наслҳои ҷавонро омода намоем ва дар ин самт бояд дилу ниятамон нек бошад. Мо, бояд ҷавобан ба ғамхориву хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабу рӯз фаъолият намоем ва насли ҷавонро дар рӯҳияи солими ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия намоем.
Ҷаласа бо вазифагузориҳо барои оғози соли таҳсил ба итмом расид.