Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ду нафар ғолибони олимпиадаи ” Забони русиро дӯстор ва биомӯз”, ки аз ҷониби Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар ҳамсоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, Эгамзода Ҳабиба- донишҷӯи бахши дуюм ва Соҳибназарзода Абубакр – донишҷӯи бахши сеюмро ба ҳузур пазируфт.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба донишҷӯён ҷиҳати ширкаташон дар ин озмун изҳори миннатдорӣ баён намуда, ба онҳо тавсия дод, ки фаъолона дар олимпиадаву озмунҳои байналмиллалӣ ширкат намоянд ва роҳбарияти муассиса ҳатман қадрдонӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки ин ду нафар донишҷӯён аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ширкат намуда, Эгамзода Ҳабиба соҳиби ҷойи якум ва Соҳибназарзода Абубакр сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ зимни мулоқот ба волидайни онон изҳори сипос гуфта, дастур дод, ки ҷиҳати иштироки онҳо дар чорабиниҳову озмунҳои фаннӣ тамоми шароит фароҳам оварда шавад.