
Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар маъракаи ниҳолшинонии донишкада ширкат намуда, чанд бех дарахтони ҳамесабзу мевадиҳанда шинонид. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамчунин кормандони қисми хоҷагидорию маъмурӣ низ фаъолона ширкат намуданд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар донишкада тибқи дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва дар асоси Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 роҳандозӣ карда шудааст ва аллакай чанд давраи ниҳолшинонӣ дар донишкада ба анҷом расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки макони ҷойгиршавии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон яке аз ҷойҳои махсус аст ва боғот ва саҳни зебои донишкада бо дарохтони ҳамешасабзу гулҳои рангоранг ба ҳусни шаҳри Бӯстон ҳусни нав мебахшад ва яке аз маконҳои зеботарини шаҳр ба ҳисоб меравад ва ҳамин аст, ки роҳбарияти донишкада дар ободу зебо гардидани донишкада ва хиёбонҳои шаҳри Бӯстон саҳми беандоза мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати самаранок истифода намудани ҳар як порча замини донишкада ва ҳамзамон ҳифзи муҳити зист талош менамояд ва дар ин роҳ як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.