ПРЕЗИДЕНТ ҲОМИИ КОНСТИТУТСИЯ, КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Чунин шахсиятҳои барҷаста Ҷорҷ Вашингтон Президенти аввалаи Амрико, ки то имрӯз мардуми Амрико ба эҳтироми ӯ зодрӯзашро ҳамчун рӯзи Президент ҷашн мегиранд, ё худ собик сарвари мамлакати Хитой Мао Сзе Дун, Туркия Мустафо Камол дар пешрафти кишварҳои худ саҳми арзишманд доранд.

Мувофики Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) мебошад. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттиби фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мансаб ва шакли идоракунии президентӣ 29 ноябри соли 1990 бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷорӣ гардида, 30 ноябри 1990 аз тарафи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Президенти ҶШС Тоҷикистон интихоб карда мешавад. 24 ноябри соли 1991 интихоботи умумихалқии Президенти ҶТ баргузор гардида халқи тоҷик бори аввал дар асоси райъпурсии умумихалқӣ сарвари давлатро интихоб намуда буд. Аммо моҷаро ва кашмакашҳои сиёсии аввали солҳои 90-ум имкон надод, ки идоракунии президентӣ тамоми имкониятҳои худро ҳамчун арзиши ҳокимияти олӣ дар амал татбиқ намояд. Чунки баъзе қонунҳо ва Конститутсияи амалкунандаи он вақта, ки аз системаи сиёсии замони шӯравӣ боқӣ монда буд имкон намедод, ки тамоми ваколатҳои ҳокимияти олӣ дар шароити нави сиёсӣ-идеологӣ амалӣ гарданд.

Бинобар ин зарурат ба миён омад, ки Конститутсияи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон таҳия ва қабул гардад. Таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия баъди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурӣ таҳти сарварии роҳбари тозаинтихоби ҷумҳуриамон, Раиси Шӯрои Олии ҶТ муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соли 1993 оғоз гардид. Дар давоми шаш моҳ ду лоиҳаи Конститутсия – яке шакли президентии идоракунӣ ва дигаре шакли парламентӣ таҳия ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шуд.

Яке аз воқеаҳои муҳими сиёсии солҳои 90-ум ин қабули Конститутсияи ҶТ ва интихоботи умумихалқии Президенти ҶТ дар санаи 6 ноябри соли 1994 мебошад.

Аз саҳифаҳои таърих аён аст, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд. Аз он рӯз то ин дам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳастии худро барои ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона кардаанд.

Бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва воқеияти ҳаёти ҳуқуқии Тоҷикистон Хукумати Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар лоиҳаи пешниҳодшуда масъалаи ба рӯзҳои ид илова намудани таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 16 ноябр пешбинӣ шуда буд. Ин лоиҳа 14 марти соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 15 апрели соли 2016 ҷонибдорӣ намуд.

Рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун рӯзи Президент муайян карда шуд. Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад аз Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд. Ливо ва Нишон рамзҳои расмии ҳокимияти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Санаи 16 ноябр мо “Рӯзи президент”-ро на чун ҷашни шахсии раиси ҷумҳур, балки чун “Рузи президент” ҳамчун арзиши ҳокимияти олӣ, дар баробари Рӯзи Парчами миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва ғайраҳо, қайд кунем.

Мақсад аз рузи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рузи Президент пазируфта шудааст.

Имрӯзҳо дар баъзе воситаҳои ахбори омма ва аз тарафи душманони миллат ин ҷашнвораи муҳими сиёсӣ ҳамчун ифодаи шахспарастӣ ва шахсияти алоҳида вобаста маънидод менамоянд. Қотеъона гуфтан мумкин аст, ки ин тасмим ба ҳеч ваҷҳ шахспарастӣ нест ва набояд мояи ҳангома бошад, зеро ки ин рӯз агарчӣ ид аст, аммо таътили расмӣ нест. Ин рӯз ба шахсият ишора надорад. Ба Қонуни асосӣ ва дигар қонунҳо низ мухолифат надорад ва амалӣ карданаш хароҷоти иловагиро талаб намекунад ва ба монанди ҷашнҳои касбии кормандони соҳаҳои дигар таҷлил мешавад. Сокинони Тоҷикистон ҳар сол 16 ноябрро ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил менамоянд.

Чунин ид дар кишварҳои дигар низ ҳастанд ва набояд мояи ҳангома бошанд. Танҳо дар ҳар кишвар санаҳои мухталиф барои ин рӯз эълон шудааст. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, ки дар Тоҷикистон идораи президентӣ вуҷуд дорад, нишон дод, ки ин сохтор барои Тоҷикистон аз шаклҳои дигари идораи давлатдорӣ муҳимтар ва заруртар буда, афзалияти худро нишон дод.

Дар гузашта 16 ноябр асосан ҳамчун рӯзи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ маълум буд ва ба арсаи сиёсат қадам ниҳодани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иҷлосия оғоз мегирад. Дар ин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раҳбари Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуда ва баъд аз ду солаш – дар интихоботи президентии соли 1994 – ҳамчун Президенти ҶТ интихоб гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро дар атрофашон муттаҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.

Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон он вақт ваъда доданд, ки тамоми гурезагонеро, ки маҷбур буданд дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тарки ватан кунанд ба Тоҷикистон бармегардонанд. “Ман омодаам, барои ҷорӣ кардани сулҳу субот дар мамлакат ва баргардонидани гурезагон ба ватан, ҳаёти худро зери хатар гузорам”,-гуфта буданд он кас ва дар ҳақиқат ҳам охирон нафарони гуреза соли 2000-ум ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Дар умум ба Тоҷикистон 800 ҳазор гуреза баргардонида шуд.

11 октябри соли равон интихоботи Президенти ҶТ баргузор гардид, ки дар он Пешвои миллат бори дигар боварии халқро сазовор гардиданд. Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми маросими савгандёдкунӣ санаи 30 октябр қайд намуданд, ки “то охирон нафас нону намаки мардуми кишварамро фаромӯш нахоҳам кард ва пос хоҳам дошт”.

Президент ҳангоми савгандёдкунӣ аз сафарҳои корӣ ба ноҳияҳои дурдаст ва минтақаҳои дури Тоҷикистон ёдрас шуда гуфтанд, ки маҳз дар ин сафарҳо “шоҳиди муҳаббати содиқонаи хурду бузурги кишвар нисбаташон гардидааст”. Он кас қайд намуданд, ки ҷавобан ба ин муҳаббат, “ба чунин халқ бо тамоми вуҷудам хизмат мекунам”.

“Аз хурду бузурги Тоҷикистон самимият ва меҳрубонии зиёд дидам ва ба чунин халқ бо тамоми вуҷудам хизмат мекунам,  бо садоқат, бо тамоми ҳастиям”, – таъкид карданд Президент ва афзуданд, ки ҳангоми сафарҳояшон борҳо шоҳид шудаанд, ки пиру барно аз масофаҳои дур ба дидорашон меомаданд ва соатҳо интизорашон мешуданд.

“Пас, чигуна ба ин  миллат, мардум фарзандон ва насли ҷавон хизмати содиқона накунам?”, – таъкид мекунанд Эмомалӣ Раҳмон.

Роҳбари давлат 28 соли пеш ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ёд оварда мегӯянд, ки он ҷо низ савганд ёд карда будам ва то ҳол дар ҳамон савгандам содиқ ҳастам: “Агар дар ёд дошта бошед дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кардам будам, ки тамоми ҳастиамро ба ин сарзамин мебахшам. Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам, ҳамоне ки тамоми ҳастии худамро барои мардуми тоҷик бахшидаам”, – гуфтанд бо ҳаяҷон президент.

“Ман ватани маҳбубам ва халқи азизамро сидқан ва беш аз ҷони худ дӯст медорам, зеро ман бо нону намки халқам ба ин мартаба расидам ва ин нону намакро то вопасин нафаси ҳаётам пос медорам ва ба он хиёнат намекунам, – такрор карданд сарвари давлат.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд

Дар охирсухан ҳамаи шумоён устодону донишҷӯёнро бо рӯзи Президент самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.

Абдуллоев И.Р.

номзади илми таърих, дотсенти ДКМТ