ПОЯНДАГИИ СУЛҲУ СУБОТ МУҲИМ АСТ

9-сентябри соли 1991 Тоҷикистон дар қатори дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ соҳибистиқлолиятии худро эълон кард ва аз тарафи аксарияти мамлакатҳои  ҷаҳон он эътироф гардид.Баъди соҳиби истиⱪлолият шудани давлатамон душманони дохилӣ ва хориҷи кишвар байни минтаⱪаҳои гуногуни он низо ва кинаву адоватро  паҳн карданд.Дар натиҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуда, дар давлат бесару сомонӣ ва беҳукуматӣ ба вуҷуд омада, тамоми сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардид. Хатари аз байн рафтани давлати тоҷикон ба миён омад, дар саросари мамлакат норасогии маҳсулоти хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва дигар маводҳои барои ҳаёти одамон зарурӣ намерасид, таъминоти барқ  хеле бад гашта буд. Ⱪисмати байни шимолу ҷануб аз ҳам ҷудо буд, ягона роҳи оҳан низ аз тарафи душманони халⱪи тољик дар ⱪисмати сарҳадӣ аз кор бароварда шуд.

    Барои ба низом даровардани сохтори давлатӣ ва мутаҳҳид кардани миллати тољик моҳи ноябри соли 1992 дар «Ⱪасри Арбоб»-и ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Б.Ѓафуров) Иҷлосияи таⱪдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тољикистон баргузор гардид ва аз тарафи вакилони мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид, ки барои халⱪи тољик ин як бахти бузург буд. Аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда гирифтани роҳбарии давлати парокандаю ҷангзада ва тамоми сохторҳояш фалаҷ гашта таҷассумгари ҷасорати бемислу монанди ӯ буд.Вай аз минбари иҷлосия ваъда дод,ки ман ба Шумо сулҳ меоварам ва то он даме,ки  як гуреза берун аз хоки ватан боⱪӣ монад ман ором намегирам. Барои ба ватан баргардонидани гурезаҳои дар хоки Афғонистони ҷангзада буда ва баҳри истиⱪрори сулҳ, Эмомали Раҳмон  ба ин мамлакат бо воситаи чархбол сафари корӣ анҷом  медиҳад.Дар он ҷо бо мухолифини ҳукумат,ки дар даст яроⱪ доштанд вохӯри анҷом дод. Амнияти роҳбари давлатро касе дар ин кишвари ҷангзада кафолат намедод . Ин амали ҷасуронаро танҳо шахсе иҷро карда метавонад,ки дар ҳаⱪиⱪат барояш аз ҷони худаш дида  ,оромии миллату давлаташ азизтар аст. Кӯшишҳои Эмомали Раҳмон  баҳри боз гардонидани гурезаҳо ба ватан ва истиⱪрори сулҳ барабас нарафт .Соли 1997 байни мухолифин ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи истиⱪрори сулҳ баста шуда, мувофиⱪи он  ба намояндагони мухолифин 30% вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ вогузор карда шуд.Ин иⱪдоми сарвари давлат дар таърихи инсоният якумин ва беназир ба ҳисоб меравад.Ба ин созишнома нигоҳ накарда душманони дохилию хориљии миллати тоҷик чандин маротиба кӯшиши ноором кардани давлатамонро карданд,вале халⱪи бо нангу номуси тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наⱪшаҳои онҳоро барбод доданд.Яке аз бузургтарин хизмати  Президенти Ҷумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халⱪи тољик ин барҳам додани маҳалгароӣ дар кишварамон мебошад.

Барои раҳои ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ бо ташаббуси сарвари давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд. Ҳоло аҳолии минтаⱪаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар давоми тамоми сол метавонанд, аз як минтаⱪа ба дигар минтаⱪа сафар намоянд. Сохтмони ду наⱪби бузург Истиⱪлол ва Шаҳристон боиси якчанд километр кӯтоҳ шудани роҳи Хуҷанд-Душанбе гардид.

    . Хулоса дар даврони истиⱪлолият халⱪи тољик баъди истиⱪрори сулҳ бо сарвари хирадманди худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Љумҳурии Тољикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои хољагии халⱪ аз он љумла дар соҳаи таъминоти аҳолӣ бо маводи озуⱪаворӣ, таъмини аҳолӣ бо нерӯи барⱪ, сохтмону таъмири роҳу пулҳо ноил гаштааст.

   Аз ин хотир чун гавҳараки чашм нигоҳ доштани сулҳ дар Тоҷикистон рисолати ҳар як шаҳрванд аст.

 

Содирчон Ғафоров,

омузгори кафедраи фанҳои табии илмии  ДКМТ