Дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 22 – декабри соли 2017 бармеояд, ҳамчунин бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия ва татбиқи «Стратегияи миллӣ – давлатии муқовимат бо коррупсия дар ҳайати омӯзгорону кормандони донишкада бо Сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники адлия Зарифӣ Дилшод Неъматзода доир гардид.
Вохӯриро ректори донишкада Фозилзода М.М. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда қайд намуд, ки коррупсия ҳамчун падидаи номатлуб ба пешрафти ҷомеа ва ояндаи инсоният як монеаи ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ҳамин ҳам, раёсати донишкада баҳри пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ мунтазам тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамояд.
Сарвари таълимгоҳ инчунин зикр намуд, ки бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои коррупсионӣ дар байни ҷомеаи меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд ва ҳамаи кормандону омӯзгорон барои даст назадан ба амалҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои он ба таври хаттӣ аз ҷониби раёсати донишкада огоҳ карда шуданд.
Сипас, дар вохӯрӣ Сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники адлия Зарифӣ Дилшод Неъматзода дар мавзӯи «Вазъи содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва роҳҳои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ» баромад намуд. Номбурда, оид ба масъалаҳои вазъи мубориза бар зидди коррупсия дар вилояти Суғд, сабабу шароитҳои ба амалҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва роҳҳои пешгирии ҷомеа аз ин падидаи номатлуб суханронӣ намуд. Ӯ қайд намуд, ки яке аз роҳҳои пешгирӣ ва решакан намудани ришвахӯрӣ ин татбиқи «Стратегияи миллӣ – давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» мебошад. Қайд гардид, ки дар татбиқи ин барнома ҳар як шаҳрванд хусусан, омӯзгорон бояд саҳмгузор бошанд.
Дар вохӯрӣ аз номи омӯзгорону кормандон раиси комиссияи ҷамиятии донишкадавии мубориза бо коррупсия, муовини ректор оид корҳои таълим Қозиев К.С. ба сухан баромада қайд намуд, ки ҳайати омӯзгорону кормандон тамому саъю кӯшиши худро баҳри татбиқи «Стратегияи миллӣ – давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» равона месозанд.
Вохӯриро ректори донишкада ҷамбаст намуда ба намояндаи РАНДМ – ҶТ дар вилояти Суғд подполковники адлия Зарифзода Дилшод барои чунин вохӯрии судманд изҳори сипос намуд.