Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон 24 июни соли 2022 дар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ-омили пешрафти давлату миллат» бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия Мавсума Муинӣ раиси шаҳри Бӯстон, Бобоева Мавҷуда Валиевна муовини аввали Раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Аъзам Ҳотамӣ котиби ҳамоҳангсози Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Толиб Карими Озарахш шоири халқии Тоҷикистон, Шавкат Шарифов номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Зеварой Бобоева номзади илмҳои филологӣ, дотсенти МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор, собиқадорон, кормандони касбу кори гуногуни шахрдорӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, занону ҷавонон ва дигар табақаҳои ҷомеа ширкат варзиданд.
Конференсия бо сухани муқаддимавии Мавсума Муинӣ раиси шаҳри Бӯстон оғоз гардида, мавсуф нахуст ҳузури ҳамаи меҳмононро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хайрамақдам гуфта, барояшон бурдборӣ ва муваффақиятҳои доимиро таманно намуд.
Бо дарназардошти он ки ин лаҳзаҳо кулли мардуми сарбаланли кишвар дар остонаи ҷашни мубораки миллиамон 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, нахуст Мавсума Муинӣ меҳмонони гиромӣ ва ҳамдиёрони азизро ба ифтихори ин санаҳои мубораки таърихӣ самимона шодбош намуда, барояшон саломатии бардавом, рӯзгори хушу хуррам ва ба Тоҷикистони азизу муқаддас сулҳу ваҳдати бегазандро таманно намуд.
Дар идома гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: “Роҷеъ ба мақом ва аҳаммияти таърихии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ман борҳо изҳори назар намуда, аз ҷумла таъкид карда будам, ки маҳз ҳамин иҷлосия боис гардид, ки як силсила масъалаҳои ҳаётие, ки бидуни ҳалли онҳо ҳифз ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон имкон надошт, ҳалли ниҳоии худро пайдо намоянд”.
Воқеан, Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон таҳти роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассирро дорад, баён дошт раиси шаҳр.
Санаи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ беназир эътироф гардидааст, яъне 27-уми июни соли 1997 барои сокинони кишвари мо оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ, умед бахшидан ба ояндаи дурахшон ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоишта буда, ҳамчун наҷотбахши миллат дар таърихи навини давлатдориамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Сипас, Аъзам Ҳотамӣ котиби ҳамоҳангсози Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳрзиринро аз номи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати 25 солагии Ваҳдати миллӣ шодбош намуда, мавзӯи “Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон падидаи хоси даврони соҳибистиқлолӣ” баромад намуд. Гуфта шуд, ки расидан ба сулҳ кори басо душвор ва ниҳоят мураккаб буд. Баъд аз анҷоми Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олӣ, Раиси тозаинтихоби он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардонидани гурезаҳо ба Ватан ва шурӯи музокирот бо мухолифини собиқ равона намуданд. Иқдоми Пешвои миллат дорои аҳамияти ниҳоят бузург буд, зеро Ҷаноби Олӣ савганд хӯрданд, ки охирин шаҳрванди фирории Тоҷикистонро ба Ватан бармегардонанд, миллатро сарҷамъ намуда, ҳама дар якҷоягӣ дар заминаи Ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро бунёд менамоем.
Бо ин изҳороти худ Сарвари давлат аз ибтидо барои музокира азму талош намуданд, ки ба раванди қабули Қатъномаи ризоияти ҷомеа заминаи устувор гузошт.
Баъдан, Шавкат Шарифов номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Ваҳдат – бақои миллат ва пойдории давлат” маърӯза намуда, зикр дошт, ки маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди заминасозии иқтисоди миллӣ ва фароҳамоварии шароити мусоид барои таҳкурсии мустаҳкамии рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар ҳафадҳои стратегӣ қабул намуд.
Зеварой Бобоева номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Ваҳдат – қутбнамои миллат” маърӯза намуда, оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ибрози назар намуд.
Сипас, Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ” суханронӣ намуда, оид ба нақш ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва барқарор намудани сулҳу субот ишора намуд.
Толиб Карими Озарахш шоири халқии Тоҷикистон, дар мавзӯи “Давлати Ваҳдат” суханронӣ намуда, аз шеърҳои тозаэҷоди худ дар васфи Ваҳдати миллӣ қироат намуд.
Дар кори конференсия маърӯзачиён якдилона пешниҳоди иштирокчиёни конференсияи ҷумҳуриявӣ, ки 22 июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва аҳли илму адаби вилоят доир гардид, вобаста ба сарфароз гардонидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дуюм ба унвони олии Ватан-Қаҳрамони Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд. Дар қисмати музокира Содиқов О. раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, Шарипова М. директори Гимназияи 2 ва Ҷалолзода М. раиси КИҲХДТ дар шаҳр баромад карда, ҷонибдории кулли сокинони шаҳри Бустонро аз пешниҳоди бори дуюм сарфароз гардонидани Пешвои миллат бо унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” иброз намуданд.
Сипас, аз ҷониби Сиёвуш Ҷумъабоев аъзои фаъоли маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” муроҷиатномаи иштирокдорони конференсия оид ба сарфароз гардонидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дуюм ба унвони олии Ватан-Қаҳрамони Тоҷикистон қироат гардид ва он якдилона ва бо ҳамовозӣ қабул карда шуд.
Дар охир, як қатор фаъолон барои хизматҳои бенуқсон ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаҳои мухталиф бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд қадршиносӣ гардиданд.