Мутобиқи қарори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз санаи 22.04.2019с., таҳти №178 оид ба муқаррар намудани стипендияи Раиси вилояти Суғд барои соли хониши 2018-2019 “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, бо мақсади ҳавасмандкунӣ, дастгирии моддиву маънавии донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии вилояти Суғд озмун эълон гардид,ки дар он 1 нафар аспиранти бахши 3-и ихтисоси 08.00.05 иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ Ҳомидова Машҳура Исматҷоновна, 1 нафар магистранти бахши 1-и ихтисоси 420101-04- металлургияи металҳои ранга Мирбобоев Исломҷон Ҷурабоевич ва 6-нафар донишҷӯёни боистеъдоду болаёқати донишкада, Давлатов Хайриддин Арбобович- донишҷӯи бахши 2-и ихтисоси 510201- коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои маркшейдерӣ), Норимов Муҳаммадсаид Аюбович- донишҷӯи бахши 2-и ихтисоси 510201-01- коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои кушоди кӯҳӣ), Муҳамадиев Камолиддин Ашрафович – донишҷўи бахши 2-и ихтисоси 361001- таҷҳизот ва мошинҳои саноатӣ куҳӣ, Имомов Шомуҳаммад Норович- донишҷўи бахши 2-и ихтисоси 420101-04- металлургияи металҳои ранга Умедахони Ӯктамзода- донишҷўи бахши 2-и ихтисоси 270101-09- иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот ва Бобоев Боймуҳаммад Холмуҳаммадович- донишҷўи бахши 2-и ихтисоси510201-02- коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои зеризаминӣ) иштирок намуда бо диплом ва идрорпулии раиси вилояти Суғд қадрдони гардиданд.
Бо қарори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз санаи 28.02.2019с. таҳти №95 оиди гузаронидани «Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» озмун эълон гардида 3-нафар донишҷӯёни фаъоли донишкада Бобоев Боймуҳаммад Холмуҳаммадович- донишҷӯи бахши 2-и ихтисоси 510201-02 – коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои зеризаминӣ), Назаров Абдурасул Дадоҷонович- донишҷӯи бахши 2-и ихтисоси 360101- технологияи мошинсозӣ ва Ҳамробоев Азимҷон Абдуҳакимович – донишҷӯи бахши 2-и ихтисоси 360101- технологияи мошинсозӣ дар ин озмун ғолиб омада аз санаи 22.04.2019 то санаи 29.04.2019с дар вазифаҳои гуногуни МИҲД-и вилояти Суғд пурмасъулона иштирок намуда бо гувоҳномаи раиси вилояти Суғд сарфароз гардиданд.
Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию худогоҳии миллӣ ва ҳавасманд гардонии ҷавонон аз тарафи МИҲД-и шаҳри Бӯстон озмуни гирандагони стипедияи раиси шаҳр ташкил ва гузаронида шуд. Дар ин озмун як чанд нафар донишҷӯёни болаёқату фаъоли донишкада иштирок намуда 2-нафар донишҷӯ: Носирова Дилафрӯз Иброҳимҷоновна- донишҷӯи бахши 3-и ихтисоси 330101-05- ҳифзи муҳандисии муҳити зист ва Шарипов Мирзоҳамид Мирзокаримович- донишҷӯи бахши 2-и ихтисоси 360101- технологияи мошинсозӣ бо диплом ва идрорпулии раиси шаҳр қадрдони гардид.
Бо қарори Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳоҳимзода аз санаи 29.04.2019с. таҳти № 110 оид ба гузаронидани «Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ металлургии Тоҷикистон дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон» ба мӯҳлати як ҳафта аз санаи 06.05.2019с то 13.05.2019с. 10 нафар донишҷӯёни фаъоли донишкада: Носирова Дилафрӯз Иброҳимҷоновна – донишҷӯи бахши 3-и ихтисоси 33-0101-05- ҳифзи муҳандисии муҳити зист, Фаттоҳов Сафаралӣ Абдурашидович- донишҷӯи бахши 2-и ихтисоси 270101-09- иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот, Эшонов Шафкатхон Муҳаммадхонович- донишҷӯи бахши 3-и ихтисоси 270101-09- иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот, Ҷураев Илҳомҷон Рустамбоевич- донишҷӯи бахши 2-и ихтисоси 510202- коркард ва истифодабарии конои наффту газ, Раҳимов Фармонқул Яздонович-донишҷӯи бахши 2-и ихтисоси 510201-01-коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои кушоди кӯҳӣ), Носиров Ботур Тимурович-донишҷӯи бахши 1-и ихтисоси 510201- коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои маркшейдерӣ), Хӯҷамуродов Ҷомӣ Ҷобирович–донишҷӯи бахши 2-и ихтисоси 43010301т/Б- таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ, Ҷурабек Анушервонӣ–донишҷӯи бахши 2-и ихтисоси, 361001- таҷҳизот ва мошинаҳои саноати кӯҳӣ, Шарипов Мирзоҳомид Мирзокаримович донишҷӯи бахши 2-и ихтисоси 360101- технологияи мошинсозӣ ва Мухторов Орзу Зокирҷонович донишҷӯи бахши 2-и ихтисоси 360101- технологияи мошинсозӣ бо тариқи озмун дар вазифаҳои гуногуни МИҲД-и шаҳри Бӯстон иштирок намуданд, ки дар таҷлили рӯзи ҷавонон бо гувоҳномаи раиси шаҳри Бӯстон сарфароз гардонида шуданд.