Ба наздики дар интернет навори кӯҳнаи суханронии Қамчибек Тошиев дубора мавриди таваҷҷуҳи омма гардид, ки аз он бештар душманони миллати тоҷик шод шуданд, даъвои нодурсти Тошиев дар бораи заминҳо мерафт.
Дар ҳақиқат маълум аст, ки Тошиев аз таърихи минтақа огоҳӣ надорад ва ҳар чӣ даъво мекунад, як сухани пучу холист. Чунки заминҳои Мурғобу Лахш ҳаргиз аз Қирғизистон набуданд ва замоне, ки ин заминҳо буд, ҷумҳурие бо номи Қирғизистон вуҷуд надошт.
Аз ин рӯ, ҳамин қадар бояд илова намоям, ки қирғизҳо қабл аз оне, ки дар бораи таърих ва сарҳадсозии як аср қабл сухан меронанд, бояд китоб хонанду сипосгузор аз мо бошанд,ки бо шарофати мо соҳиби давлат шуданд. Ба ҳамин далел чунин даъвоҳои бепоя ва сохтаи қирғизҳо ягон воқеият надораду аз ҳақиқат фарсахҳо дур мебошад.
Аз ин лиҳоз мардум бояд донанд, ки ин заминҳо моли миллати тоҷик аст ва ҳеҷ иртиботе ба қирғзҳо надорад.
Дилмуроди Вафо
таҳлилгар, ДКМТ