Санаи 27.03.2020 дар факултети металлургияи донишкада вохӯрии пизишки Бунгоҳи тиббии Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Исломов К.И. бо омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет баҳри пешгирии бемориҳои мавсимӣ ва коронавируси навъи “КОВИД-2019” баргузор гардид.
Нахуст декани факултети металлургия Умарҷонов А.А. табиби бунгоҳи тиббии донишкада Исломовро ба омӯзгорон ва донишҷӯён муарифӣ намуда, суханро ба табиб Исломов К.И. доданд.
Ҳангоми баромад табиби бунгоҳи тиббии ДКМТ Исломов К.И. оид ба таърихи пайдоиши пандемия, оид ба сироятёбӣ ба он, ҳамчунин муносибат ва рафтор бо атрофиён, риояи гигенаи шахсӣ, гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳо, иштирок дар маҷлисҳои дастаҷамъона, рафтан ба бозору ҷойҳои серодам, худдорӣ кардан аз дастфишорӣ ва рӯйбӯсӣ ҳангоми дидор, истифодабарии доимӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ва монанди инҳо муфассал сухан ронда, ҷанбаҳои муҳими ҳифзи саломатиро дар ин давра ёдрас шуд.
Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ ба якчанд саволҳои омӯзгорону донишҷӯёни факултети металлургия табиби бунгоҳи тиббии ДКМТ Исломов К.И. ҷавобу тавсияҳои мушаххас доданд.
Ёдрас мешавем, ки ин вохӯрӣ дар ду синфхонаи 329 ва 17г-и факулта гузаронида шуд.
Ғоибов А.Ё.
муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ