ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ШОМИЛШАВӢ БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ТАЛАБОТИ ЗАМОН АСТ

Барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.

Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.

Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гуруҳҳои терроризмро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ,  ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.

Бо боварии комил аз минбари баланд гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ  ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.

Зеро ақидаҳо, андешаҳо, пешниҳодҳое, ки тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои телевизиниву радио, конфронсу мизҳои мудаввар, вохӯрӣ бо намояндагони мақомотҳо ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ин самт нақши муҳимро бозидааст.

Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, ҷавонону наврасон яке аз ҳадафҳои имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.

Ба фикри мо аз надонистани таърихи гузаштаи миллату давлати хеш, худшиносӣ, анъанаҳои аҷдодӣ, ифтихори ватандорӣ, ватанпарастӣ ягон халқи ҷахон пеш намеравад, ягон кишвар соҳибэҳтирому муқтадир намегардад, ки поя барои терроризму экстримизм хоҳад шуд. Хуб надонистани забон, расму русум ва  фарҳанги мардуми  кишвари иқомат ва паст будани сатҳи саводнокӣ ва ахлоқи ҳамидаи як қисмати муҳоҷирини корӣ, дурӣ аз оила ва падару модар, дастрасии маҳдуд ба воситаҳои иттилоотии ватани худ, бехабару беназорат мондан дар ҳаёти ин ҷавонон як муҳиту фазои аз назорат дурро пайдо мегардонад, ки оҳиста–оҳиста дар натиҷаи таъсири мушкилоти рӯзмарра, аз қабили бекор мондан, расмӣ накардани ҳуҷҷатҳои будубош ва таъқиботи сохторҳои маъмурии кишвари иқомат, даст задан ба ҷинояту амалҳои ғайриқонунӣ барои моилу пайваст  шудани муҳоҷирон ба гуруҳҳои ифротӣ мусоидат менамояд.

Терроризму экстремизм ҷавононро ба гумроҳӣ мебарад ва ҷавонони ноогоҳ дар охир аз ин амалашон пушаймон мегарданд. Ҷавононро зарур аст, ки ҳама имконияти мавҷударо истифода намуда, барои пешрафти Тоҷикистон талош намоянд. Ҷавонон дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста дастгирӣ меёбанд. Бинобар ин ҷавононро бояд дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия ёфта, шомили ҳар гуна равияҳои тундраву террористӣ нагарданд ва арзишҳои миллии Тоҷикистонро ҳимоя намоянд. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати  шаҳрвандии мо аз он иборат  аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз ҳар гуна пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.

Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар суханрониҳои хеш борҳо таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳоест, ки дар мубориза бо терроризм ва экстремизм соҳиби мавқеи устувор буда, дар ин замина бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкории густурда дорад. Дар кишвари мо бо иқдоми шоистаи Сарвари давлат имрўз барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини баробарҳуқуқии табақаҳои мухталифи ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Маҳз, дар даврони Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари соҳиби дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ гардидан ба комёбиҳои бузурги маънавӣ ва фарҳангӣ низ ноил гардид: сатҳи худшиносии мардум боло рафт, ваҳдат, таҳаммулпазирӣ, табодули фарҳангу ақидаҳо, андешаи созандагӣ ҷузъи таркибии андешаи миллӣ қарор гирифт.

Мардуми кишвари озоду ободи мо имрўз аз он ифтихор доранд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ соҳиби давлати миллӣ ва рамзҳои давлатӣ гардиданд. Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад…». Аз ин рў, давру замон дар назди мо-ҷавонон аҳли зиё, олимон ва соҳибватанон вазифаҳои бузургеро гузоштааст: бояд ба хотири ҳифз ва гиромидошти дастовардҳои даврони Истиқлолияти кишвар, ки имсол 28-солагии онро дар сатҳи баланд таҷлил кардем, доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ба муқобили шукуфоӣ ва пешравиҳои инсоният нигаронида шудааст, муборизаи беамон барем ва дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб гузорем.

Назарматов Авазбек Аҳмадович

                                   мутахассиси шуъбаи таълим