ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТГАРО

Терроризм ва экстремизм, ки имруз ба хатари ҷиддӣ табдил ёфтааст, ҷомеъаи ҷаҳониро бештар аз ҳар вақти  дигар ба ташвиш овардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон ҳануз чанд сол пеш бо эҳсоси ин хатар ҷомеъаи ҷаҳониро ҳушдор дода буданд, к и бо он бетафовут набошанд ва дар ин самт тадбирҳои заруриро муассар биандешанд. Нисбати он дар моддаи 30 оварда шудааст:

Моддаи 30. Ҳавасманд гардонидани шахсоне, ки дар мубориза бар зидди терроризм иштирок менамоянд (иштирок намудаанд)

Барои иштирок дар амалиёти мушаххаси зиддитеррористӣ хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисоне, ки хизматро дар ҷузъу томҳои бевосита бар зиддитерроризм муборизабаранда адо менамоянд, инчунин шахсоне, ки дар гузаронидани ин амалиёт ёрӣ расонидаанд, мумкин аст аз ҷониби роҳбарони мақомоти дахлдори давлатӣ бо мукофоти яквақтаи пулӣ ба андоза ва тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида шаванд.

Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст:

а) ташкил кардан, ба қайд гирифтан ва фаъолият намудани ташкилотҳои экстремистӣ ва ё ташкилотҳое, ки барои амалӣ шудани экстремизм мусоидат мекунанд;

б) фаъолияте, ки ба тарғиби экстремизм алоқаманд аст, аз ҷумла паҳн кардани маводҳои экстремистӣ;

в) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадан, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтан ё ба воситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани шахсоне, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок кардаанд;

г) додани ҳуҷҷат барои истиқомат кардан ба шахсоне, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок намудаанд;

д) ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок намудаанд;

е) гузаронидани митингҳо, намоишҳо, раҳпаймоиҳо ва ё дигар баромадҳои оммавӣ, ки хилофи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Пешгирии фаъолияти экстремистӣ ҳамчунин амалӣ намудани дигар чораҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, дар бар мегирад.

Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятӣ давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар доираи ваколатҳояшон бо тартиби афзалиятнок чораҳои пешгирӣ, аз ҷумла тарбиявӣ, тарғибии ба пешгирии фаъолияти экстремистӣ равонашударо мегузаронанд.

Фаридаи Амонулло

омӯзгори кафедраи металлургияи ДКМТ