ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ПУШТИБОНИ ЗАНОН

Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кишварест, ки бештар аз ҳама ба мақоми зан аҳамият дода, Консепсияи байналмилалии ҳуқуқҳои сиёсии занонро тасдиқ намудааст.
Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол мақоми зан боз ҳам болотар рафта истодааст.
Мо худ аз Паёми навбатии Сарвари давлат, ки санаи 26.01.2021с. баргузор гардид, шоҳид ҳастем, ки чӣ қадар суханҳои воло аз ҷониби Пешвои миллат нисбати зан гуфта шуд. Баъд аз чунин суханҳо чи тавр бо руҳияи дучанд афзудаи худ фаъолият набарем, чи тавр боварии Пешвои муаззамро сазовор нагардем?
Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат мавқеи занонро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат, дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муҳим ва фаъол арзёбӣ намуданд. Хусусан, Сарвари давлат иштироки фаъолонаи занонро дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда, барои дастгирии эшон миннатдории худро изҳор намуданд.
Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд.
Сарвари давлат эътимод доранд, ки дар лаҳзаҳои ҳассос занони тоҷик қодир ҳастанд, ки дар сафи мардон мардонагивӯ шуҷоат ва қаҳрамонӣ нишон диҳанд.
Дар замони ҳозира талабот ва фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар аст. Зиёдтар ҷалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои тиббӣ, давлатӣ ва хидмати давлатӣ, соҳибкорӣ пурманфиат арзёбӣ мешавад.
Дар фарҳанги исломӣ ҷойгоҳи махсуси модарон -занон ва духтарон дар хонавода ва ҷомеа ба хубӣ ва дақиқ муайян шудааст. Нақши муҳим ва таъсиррасонии мусбати онҳо чӣ дар муҳити хонавода ва чӣ дар ҷомеа эҳсос карда мешавад.
Донистани қадру қимати зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар фарди баору номус аст. Аз нақши бузурги зан дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ мекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии зан-модар ёд карда, пеши азамати ӯ сари таъзим фуруд овардаанд.
Ман, ҳамчун як зан-модар аз чунин як Пешвои дурандеш, хирадманд, ғамхору меҳрубон, ки тамоми ҳастии худро ба халқи худ бахшидаанд, фахр мекунам ва саъю кӯшиш менамоям, ки барои пешрафт ва рушди Ватани азиз саҳмгузор бошам.
 
Валиева М.Н.