Раиси тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ дастпарвари ин мактаб буда, комёб гардиданаш дар ин маснад далели бебаҳс аст
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибмактабанд. Дар бораи мактаби ҷасорату мардонагӣ, сиёсатмадорӣ, бунёдкорӣ, қонунофарӣ, самимияту саховатмандӣ, дурандешиву фарҳехтагии ин АБАРМАРД таълифоти зиёде шудааст, ки ҳар кадом симои ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, меъмори сулҳи тоҷикон ва шахсияти хирадманду дурандешро бо усул ва назокатҳои хос бозгӯйӣ намудаанд.
Вале мактаби дигаре ҳаст, ки мутаассифона, то ин вақт аз мадди назари коршиносон ва мубаллиғони Ҳукумат дур мондааст. Ин мактаби тарбияи фарзанд буда, падидаи ҷадид, намунаи ибрат, шоистаи пайравӣ ва арзандаи ситоиш аст. Бидуни муболиға ва тамаллуқ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёгузори мактаби беназири тарбияи фарзанд мебошанд, ки аз файзи он соҳаҳои гуногун баракат ёфта истодаанд.
Дар ин маврид суханро ба дарозо намебарам, танҳо ёдовар шудан аз фаъолияти пурмаҳсул, ибтикори камназири ду дастпарвари ин мактаб — Раҳмон Озода Эмомалӣ ва Рустами Эмомалӣ моро ба воқеияти ин гуфта муътақид мекунад.
Чанд рӯз аст, ки бо иттифоқи оро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Рустами Эмомалӣ дар сархати расонаҳо қарор дорад. Ифтихормандем, ки аксарият ин иқдомро муҳиму саривақтӣ ва дурнамои фаъолияти шахси мавриди назарро нек арзёбӣ карданд.
Як идда, ки расонаҳои “намакчашида” ба эшон “титул”-и коршиносро арзонӣ дошта, мунтазам назарашонро расонаӣ мекунанд, чун “анъана” кӯшиш карданд, ки “ҳам ба наъл зананду ҳам ба мех”, то “ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад”…
Дар ҳамин ҳол буданду ҳастанд нафарони “аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ”, ки тибқи “муқтазои табиат” ҳазён гуфтанд ва худро то андозае “хунук” карданд. Аслан барои ин ашхос муҳим нест, ки дар садри Маҷлиси миллӣ кӣ қарор дорад, зеро “дарди кампир” танҳо “ғӯза” аст…
Аз ҷониби дигар ҳама, аз ҷумла, “аллома”-ҳое, ки худро нодида ва намедониста вонамуд мекунанд, хуб медонанд, ки дар шароити кунунӣ Раиси палатаи болоии парлумон интихоб шудани ин ҶАВОНМАРД оқилонаву мантиқӣ аст…
Нодида гирифтани кордониву ташаббускории Рустами Эмомалӣ танҳо дар сурати нобино, ношунаво ва ноқисулақл будан имконпазир мебошад. Аз он нигаронам, ки як идда дар раванди иншои матолиби моҳияти ҷонибдорӣ аз ин иқдомро дошта бештар шиорпароканиву суханпардозӣ карда истодаанд. Ҳол он ки дар ин самт, бо дарназардошти фаъолияти пурмаҳсули Рустами Эмомалӣ камбуди арқому далоил умуман мавҷуд набуда, беҳтар аст бо истинод ба онҳо фаъолияти мавсуфро бозгӯйӣ намоем…
Бо дарки масъулият мегӯям, ки номбурда дар ҳама зинаҳои фаъолият масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва ташаббускориро меҳвар қарор дода, дар ин ҷода собитқадам аст. Рустами Эмомалӣ, сарфи назар аз ҷавонии худ, дар ҷодаи сиёсат ба шарофати сармашқи кор қарор додани дастуру ҳидоят ва насиҳатҳои ПАДАР дар ҳама ҷанбаҳо комёб гардид. Маҳз дар ин замина обрӯву эътибори фарзанди арзандаи ПАДАР афзуд ва дар ниҳоди сокинони мамлакат эътимоду боварӣ ба ӯ мустаҳкамтар гардид. Касе инкор карда наметавонад, ки Рустами Эмомалӣ бо пиндору гуфтор ва рафтори намунавӣ дар қалби мардум маъво ёфтааст.
Бо итминон метавон гуфт, қаҳрамони матлаб ба сифати дастпарвари мактаби Пешвои миллат аз имтиҳони ҷиддӣ гузашта, ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодааст.
Ин дастовардҳо сабаб шуданд, ки дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дар қалби Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оянд. Мо бояд ба ин ҳама пешравиҳо воқеъбинона баҳогузорӣ ва арҷгузорӣ намоем.
Бамаврид аст аз фаъолияти номбурда дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат ёдовар шавам. Таъсиси комиссия оид ба гузаронидани озмун барои хизмат дар мақомоти гумрук, пурзӯр намудани интизоми хизматӣ, дур намудани ашхоси тасодуфӣ аз мақомот, вусъат бахшидани санҷишҳои хизматӣ, барзиёд иҷро шудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, густариши раванди ошкоршавии қонунвайронкуниҳои гумрукӣ ва ғайра аз ҷумлаи пешравиҳое буданд, ки бо таъйин гардидани Рустами Эмомалӣ ба вазифаи сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омаданд.
Ҳама хуб дар хотир дорем, ки бо ибтикори Рустами Эмомалӣ бори аввал дар Хадамоти гумрук қабули кормандони нав ва ишғоли мансабҳои холӣ тариқи озмун роҳандозӣ шуда буд. Замони роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия будани номбурда мубориза бар зидди зуҳуроти манфӣ беш аз пеш вусъат ёфта, кормандони ниҳоди зикршуда на танҳо дар самти мубориза бо коррупсия, балки дар ҷодаи кашфу мусодираи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо фаъолияти қобили мулоҳиза доштанд. Нуфуз ва иродаи шикастнопазири Рустами Эмомалӣ замина фароҳам овард, ки эркаҳо “аз осмон ба замин” фароянд”…
Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе, ки ҳоло роҳбарии онро қаҳрамони матлаб ба зимма дорад, дар заминаи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъулиятшиносиву поквиҷдонии раиси ҷавони шаҳр Рустами Эмомалӣ ободтару зеботар гардида, ин раванд бардавом аст. Дар чор соли охир беш аз пеш пойтахти давлати азизамон ободу зебо гардида, дастовардҳо тамоюли афзоиш касб намуданд.
Далел меорам: Соли 2019 маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 15,1 млрд. сомонӣ расида, дар чор соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,9 маротиба зиёд гардид. Ба болоравии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла, «Сиёма», ҶДММ «Зиркон», ҶДММ «Бисот», ҶДММ «Ваҳдат», ҶСК «Равшан», ҶСП «Заводи асфалту бетон» мусоидат намуд. Чанде пеш барои бунёди 10 корхонаи саноатӣ дар самти истеҳсоли семент, қолин, таҷҳизоти барқӣ, қубурҳои шишапластикӣ ва орд санги асос гузошта шуд.
Бояд аз он ёдовар шавем, ки давоми се соли охир 112 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз карданд. Дастоварди дигар, ки сабаби сарфаи неруи барқ гардид, дар фасли зимистон таъмини биною иншоот бо гармӣ маҳсуб мешавад. Тибқи иттилои дастрасшуда, дар ин давра 2310 бинову иншоот бо гармӣ таъмин шуданд.
Усули вижаи роҳбарии Рустами Эмомалӣ замина фароҳам овард, ки сохтмон ва сармоягузорӣ низ дар пойтахти мамлакат бесобиқа тамоюли афзоиш касб карда, дар се соли охир 752 иншоот бо харҷи 6,8 млрд. сомонӣ бунёд шаванд.
Дар ин давра 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 14 614 хонанда дар як баст ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар 11 муассиса барои 11904 хонанда дар як баст ва лоиҳакашӣ дар 6 муассисаи дигар барои 3232 хонанда идома доранд.
Муҳимтар аз ҳама, 231 майдончаи варзишию фароғатии замонавӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ бунёд гардиданд, ки мояи хушнудии кўдакону наврасон ва сокинони шаҳр гардидаанд.
Ҳамрадиф бо ин, баҳри таҷдиду навсозии роҳҳо корҳои назаррас ба сомон расида, 118,3 км роҳҳо навсозӣ ва таъмир гардида, сохтмони ду эстакада идома дорад. Дар ин ҷода азми Раиси шаҳр қавӣ ва нияташ нек буда, то соли 2025 10 адад ва дар доираи амалишавии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе 20 чорроҳаи сесатҳа (эстакада) дар пойтахт сохта мешаванд.
Дӯстонам, ки борҳо ба хориҷа сафар кардаанд, иброз доштанд, ки на ҳама пойтахтҳои дигар кишварҳо тозагиву озодагиеро доранд, ки шаҳри Душанбе дорад. Соле қабл як ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ дар раддабандӣ (рейтинг) Душанберо ба қатори амнтарин шаҳрҳои сайёра шомил карда буд.
Мояи ифтихор аст, ки шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфта шуда, соли 2018 бино ба натиҷаҳои назарпурсии агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил шуд. Зимнан, шаҳри Душанбе дар қатори даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф гардид, ки барои рушду инкишофи соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.
Мӯҷиби сарфарозист, ки дар яке ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи соли 2021 ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе додани мақоми шаҳри фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор қабул гардид.
Бо ибтикори Рустами Эмомалӣ нақшаи дурнамои вайронкунии биноҳои фарсуда, дар навбати аввал, биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро тартиб дода шуда, он давра ба давра амалӣ гашта истодааст. Илова бар ин, сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳоро мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе босуръат идома дорад.
Дар матлабе навишта будам, ки Душанбе шаҳри ободон ва дурдонаи мамлакат буда, масъулиятшиносии раиси ҷавон-Рустами Эмомалӣ ба он зебоии тасаввурнопазир бахшида, муҷалло намудааст. Гузашти вақти на он қадар зиёд дурустии ин гуфтаро тақвият бахшид.
Мутмаинам, ки ба шарофати хислатҳои ҳамида ва атвори неки мавсуф фаъолияти Маҷлиси миллӣ низ ба марҳилаи сифатан нав ворид ва дастовардҳо боз ҳам афзун мешаванд.
Далер Мерганов
рӯзноманигор