Тавре маълум аст, ҳамасола ҷомеа барои шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 омодагӣ мегирад ва дар вобастагӣ ба он нақшаи зиндагияш, кору пайкораш, барномаи ояндаашро месозад. Агар бигӯем, ки ин раванд ба як анъанаи миллӣ мубаддал гардидааст, иштибоҳ нахоҳад буд ва як воқеият кулл низ ҳаст.
Паёмро метавон яке аснодҳои умедбахш ва ҳаётсоз дар масири мавҷудияти шаҳрвандон унвон кард, чунки муҳаббат ва самимияти ҷомеа ба Ватан имрӯз афзудаву Паём як стратегия гардидааст.
Аз ин лиҳоз, ҳоло нафареро наметавон дарёфт кард, ки ин шабу рӯз аз Паёми Сарвари давлат нагӯяд ва бо хушҳолӣ онро баррасӣ нанамояд ва воқеан ҳам ироаи Паём аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муждадиҳандаи рӯзи неку густаришдиҳандаи фаъолияти ҳамарӯзаи мост.
Он чӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ироа намуданд, воқеан ҳам такони ҷиддӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон буд ва дар ҳақиқат ин суханҳои ҳикматомӯзи Роҳбари давлат моро ба рӯзи нек ва ҷомеаи боз ҳам беҳтар раҳнамун месозад. Ғамхориву дилсӯзӣ ва роҳнишондиди Сарвари хирадманди кишвар моро ба андеша водор месозад ва ин ин ҳолат исбот месозад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар фикри ин миллат ҳастанду барояш талош меварзанд, то зиндагии шоиставу босаодате дошта бошад. Халқиятҳои зиёде аз ҷавомеи гуногун аз дигар мамолики олам орзу мекунанд, ки чунин Президент дошта бошанд. Ва банда ифтихор мекунам, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунаму чунин Президенти дилсӯзу ғамхор дорам!
Дар Паёми имсола баъд аз натиҷагирӣ аз фаъолияти яксола, бештар таваҷҷуҳ ба масъалаҳои рушди инсоният, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии ҷомеа, ваҳдати миллӣ, беҳтар гардонидани соҳаи илму маориф, баланд бардоштани савияи дониши омӯзандагон, муаррифии арзишҳои миллӣ, мубориза бо ҳама гуна неруҳои зиддибашарӣ, вазъи тандурустӣ, татбиқи фанновариҳои ҷадид дар истеҳсолот, саноатикунонии босуръати кишвар, гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва омода кардани мутахассисони варзидаи соҳа дода шуда, масъалаҳои баррасишуда, бештар баҳри пешрафти миллат ва Тоҷикистон нигаронида шуда буд. Ва маълум аст, ки дар ин самт бештар кор карда шавад ва мутахассисон бояд ҳар як сухани Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, содиқона барои рушди Тоҷикистон талош намоянд. Кунун фурсате расидааст, ки мо бештар талош намоем ва баҳри саодати имрӯзу фардои миллат ҷонфидо бошем.
Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дар Паём таъкид намуданд, ки “Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
Ба вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки барои тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон бо ин, дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.
Дар ин раванд, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад”.
Бале, ин ҳарфҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз ҷумҳурӣ ба мутахасисони варзида ниёз дорад ва барои ин муассисаҳои олии таълимӣ бояд кадрҳои лаёқатманд ва донишмандро омода намоянд.
Эълон намудани солҳои 2025-2030 солҳои иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия аз ҷониби Сарвраи хирадманди давлат аз он шаҳодат медиҳад, ки ин низоми иқтисодӣ зиндагии мардумро беҳтар месозаду имкониятҳои иқтисодиро боз ҳам фароҳам месозад ва аз ҷониби дигар қадаме бар пешрафту шаффофият мебошад.
Ин иқдом боис мегардад, ки .тамоми соҳаҳои иқтисодӣ, низомҳои корӣ пурра ошкоро фаъолият баранд ва ҳама гуна шубҳаву гумонҳо дар натиҷаи гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ аз байн меравад ва аз тарафи дигар шаффофияти буҷа пурра таъким карда мешавад.
Аз ҷониби дигар мо феълан ба барномасозони ҳирфаӣ ниёз дорем, ки тибқи фармудаи Пешвои муаззами миллат мо бояд баҳри омӯзиши илмҳои муосир ва фанновариҳои навин ҳатто агар маблағ ҳам сарф шавад аз мактабҳои машҳури ҷаҳонӣ бояд дар ин самт истифода намеом. Доштани чунин мутахассисон раванди пурра гузаштан ба иқтисодиёти рақамиро осонтар намуда, роҳрро барои эҷоди барномаҳои нави ин соҳа боз мекунад.
Ин иқдом ҳам баҳри беҳбуд бахшидани зиндагии шоиставу босаодати миллат равона карда шудааст ва ин чиз садҳо маротиба манфиатдортар ва беҳтар аз низомҳои дигари иқтисодӣ мебошад. Бо гузаштан ба иқтисоди рақамӣ мо метавонем бар пешрафти кишвар даҳҳо маротиба зиёдтар ҳиссагузорӣ намоем ва аз ин ҳисоб боз маошу нафақа низ ба дараҷаҳои баланд мерасад.
Дар Паёми Пешвои муаззами миллат ба соҳаи илму маориф низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуд ва албатта асоси ҳамаи пешрафту устувории давлат аз илму маориф вобастагии зиёд дорад ва бе пешрафти ин соҳа сохтани ҷомеаи мутамаддин имкон надорад. Ҳамин аст, ки Роҳбари маорифпарвари кишвар ба ин соҳа доим таваҷҷуҳ намуда, талош менамоянд, ки ин соҳаи асосӣ пешрафти воло дошта бошад.
Албатта, ҷиҳати пешрафти соҳаи маориф мо омӯзгорону шаҳрвандони оддӣ ҳам бояд кӯшиш ба харҷ бидиҳем ва барои босаводу боадаб ва ҳушёру зирак гардидани фарзандонамон талош намоем. Ҳар қадар волидайн барои илмомӯзии фарзандон сармоя сарф мекунанд, ин сармоягузорӣ бар фардо мебошаду натиҷаи хубе хоҳад дод.
Давлатзода Давлат
Раиси Иттифоқи касабаи донишкада