Паём – дастури саодати миллат

Санаи 28-уми декабри соли 2023 мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди боз як руйдоди таърихӣ гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори калони «Кохи Сомон» -и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми биступанҷумини хешро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод намуданд.

Дар ҷараёни ироаи Паёми Пешвои миллат раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир, аъзои Ҳукумати мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судиву дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони якчанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсиву эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорону ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Баъди тамошои дастаҷамъона ва шунидани Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ мавриди омӯзиш қарор додани дастуру супоришоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба самъи аҳолӣ расонидани мазмуну мӯҳтавои Паём вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд, бахусус омӯзгорон маҳсуб меёбад. Таҳлили Паёми Пешвои муаззами миллат собит менамояд, ки Паём ба Маҷлиси Олӣ як санади боарзишу боэътимодест, ки дар он ҳам гузориши масъалаҳо, ҳам таҳлил, ҳам муқоиса, ҳам пешниҳоди роҳи ҳалли муаммоҳо, натиҷаву хулосагузорӣ ва ояндабинии илмӣ ҷой дошту барои ояндаи дурахшони кишвар, ҳамчун дастури саодати миллат раҳнамоӣ мекунад.

Роҳбари давлат Паёми хешро аз сатҳу сифати буҷети давлатӣ, ки муҳимтарин муҳаррики фаъолияти давлату Ҳукумат маҳсуб меёбад, оғоз намуда, таъкид доштанд, ки маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 % зиёд гардида, ба 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.Даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуда истодааст. Ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, ҳалли мушкилоту муаммои соҳаҳо, фароҳам овардани шароити хуби корӣ ва расидан ба ҳаёти шоиста мӯҳтавои асосии Паёмро ташкил медод. Президенти кишвар дар Паёми имсоламасъалаи беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистонро масъалаи калидӣ таъкид намуда, аз ҷумла иброз намуданд, ки аз якуми январи соли 2024 музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони мақомоти мазкур 40 % зиёд мешавад. Ҳамзамон, Сарвари давлат масъалаи аз 1- уми июли соли 2024 30% боло рафтани нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ, инчунин иловапулии онҳоро ба миён гузошта, дар ин замина ба тасвиб расидани дастуру фармоишоти заруриро ёдовар шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин зикр доштанд, ки аз 1 – уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин стипендияҳо 40% зиёд мегардад. Аз 1 –уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар мегардад, ки ин амали ҷавонмардонаву дар таҷрибаи давлатдорӣ бесобиқа аст.

Таваҷчуҳи мо, кормандони соҳаи маорифро бештар масъалаи фароҳам овардани имконияти буҷет барои рушди инфрасохтори маърифатию маданӣ бештар ҷалб намуд. Сарвари давлат дар Паём зикр доштанд, ки хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд. Гузашта аз ин, соҳаи маориф дар сиёсати давлатӣ афзалияти бештар доштаву дорад. Таваҷҷуҳи асосӣ ба шахсияти омӯзгор, ки субъекти асосии раванди маорифи мамлакат маҳсуб ёфта, айни замон, инсони мафкурасоз ба шумор меравад, дар ҷараёни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар ба назар расид. Дар Паёми худ аз 23- юми декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи мафкурасозӣ, раванди давлатсозии миллӣ ва пайванди мундариҷавии сохтмони давлату ҷомеаро бо шахсияти омӯзгор тавъам намуда, таъкид дошта буданд: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф намуда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад”.

Пешвои миллат зимни суханронӣ масъала ва мушкилоти соҳаи маорифро бори дигар ҳадафмандона мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дода, аз ҷумла таъкид карданд: “Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ менамоем. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдом, пеш аз ҳама, дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Фаромӯш набояд намуд, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”.

Президенти ҷумҳурӣ бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯз ишора намудан, ки низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа кафили сулҳу субот ва амнияту осоиши ҳар миллат, аз ҷумла миллати тоҷик аст. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад. Дар самти рушди соҳаи маорифи миллӣ Пешвои миллат Вазорати маориф ва илмро вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат” ва “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” -ро таҳия намуда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, алалхусус омӯзгорони ҷавон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба омӯзиши истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон, таҷдиди назар кардани барномаву стандартҳои соҳавӣ, такмилу таҳким бахшидан ба муносибати босалоҳияти таълим масъалҳои асосиву калидии Паёми Пешвои миллат маҳсуб меёфт.

Нуктаи муҳимтарине, ки Пешвои миллат ироа доштанду боиси ифтихору сарфарозии кормандони соҳаи маориф гардид ин маълумоти тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба даст омада мебошад, ки мувофиқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ Тоҷикистон аз 183 кишвари мавриди омӯзишу таҳлил қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд.

Хулоса, Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, ки ҳамчунсанади муҳими давлатдорӣ, барнома – стратегияи давлатӣ, насиҳатумаслиҳату дастуру супоришу ҳидоятҳои созандаву инсонгароёнаву ватандӯстона буду пешниҳоди мардуми хуштолеъитоҷик гардид, мо кормандони соҳаи маорифро вазифадор месозад, ки дар роҳи рушду нумӯи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими давлати дунявӣ, пойдории ваҳдати милливу суботи сиёсӣ қадамҳои устувор гузорему бо пешниҳоду ташаббусу талошу заҳматҳои худ ба сатҳи зиндагии осудаву осоиштаву хушбахтона расида бошем.

Қозиев К.

омӯзгори ДКМТ