Дар чанд соли охир пайдо шудани созмону ташкилотҳои ба ном милливу дар асл душмани миллат ва поймолкунандагони арзишҳои миллӣ дар хориҷи кишвар хеле зиёд гардидаистодааст. Хиёнаткорон ва авбошони палид, ки қаблан зери парчами созмони террористии ҳизби наҳзати исломӣ ҷамъ омада буданд, ҳоло бо ошкор гардидани симои аслиашон ба шустани доғҳо тариқи иваз намудани номи созмону ташкилотҳои худ машғул гардидаанд.
Ҳарчанд пайравон ва роҳбарони ҳизби террористии наҳзати исломӣ мехоҳанд, ки амалҳояшон пӯшида бимонад ва фаъолияташонро мехоҳанд бо баҳонаҳое пеш баранд ва худро дар назди миллат сафед кунанд, аммо инро миллат ҳаргиз намебахшад. Зеро миллати тоҷик ба хубӣ медонад, ки ин тоифаи авбош хиёнати бузургеро бар алайҳи миллат раво дида, боз худро бегуноҳ меҳисобад.
Ҳоло бошад ин ҳизби мамнуъшудаи террористӣ ва хиёнаткор дар хориҷи кишвар бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ фаъолияти хиёнаткоронаи худро алайҳи миллати тоҷик давом дода истодааст. Барои руйпӯш намудани амалҳои террористӣ ва хиёнаткоронаи худ барои давом додани фаъолияти ифротгаронааш номи “Паймони миллӣ” – ро интихоб намудааст.
Ин чи хел паймон аст, Кабирӣ ва ҳаммаслакони палиду разилаш медонанад. Ба андешаи мо ин боз ҳамон аҳду паймони хиёнаткорӣ мебошад, боз ҳамон ифротгароию иғвогарӣ аст, зеро чуноне, ки дар урфият мегӯянд: “Тарки одат амри маҳол аст”. Зеро ки хиёнаткорӣ, сафсатафурӯшӣ, иғвогарӣ дар вуҷуди ин ашхоси фиребгар маскан гирифтааст. Аз ин хотир, аъзоёни ҲНИ бо дигар кардани ном симои ҳақиқии худро дигар карда наметавонанд. Хусусан, ҳамоишҳо ва машваратҳое, ки онҳо ташкил намуданд нишон дод, ки ҲНИ аз мақсадҳои нопоки худ даст накашидааст.
Дар як соли фаъолияти худ Паймони миллии наҳзатиён ва дигар хиёнатпешагон нишон дод, ки идомадиҳандаи фаъолияти ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ буда, фақат бо ном ва шакли бунёд фарқ мекунаду халос. Зеро дар як соли фаъолияташ ин духтарсозмони ТЭТ ҲНИ фақат бар зидди миллат ва давлати Тоҷикистон амал намуда, бо копия намудани барномаву фаъолияти Ҳизби террористии наҳзати исломӣ аз худ дарак дод ва ба гумроҳ намудани ҷавонон пардохт.
Бинобар ин, ба роҳбари ин ҳизби хиёнаткор ва ё худ Паймони зиддимиллӣ муроҷиат карда гуфтанием, ки беҳуда бо суханҳои пучу бардурӯғ ва нишастҳои бемаънӣ худро овора насозанд. Зеро, ки симои ҳақиқии онҳо кайҳо ошкор шудааст. Дигар мардум ба суханбозиҳо, ваъдаҳои бардурӯғи онҳо бовар надоранд. Миллати куҳанбунёди мо меваҳои шаҳбори Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро чашида аст ва дилпурона ба сӯи ояндаи босаодат қадам мегузорад.
Азизов Қурбон
омӯзгори ДКМТ