Ҳамватанони азиз,ҳомиёни Ватан, дӯстони арҷманд, омӯзгорони муҳтарам!
Ҳамаи Шуморо ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба Шумо саодати бардавом ва муваффақиятҳои беназирро дар зиндагӣ таманно менамоям.
Мусаллам аст, ки барои ҳар як давлату миллат доштани артиши пурқувват, сипари бузург ва як шарти бақои осоиштагиву оромӣ ва саодати ҷомеа мебошад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нав истиқлолият ба даст оварда буд,он даврон ҳамлаҳои душманон ва гурӯҳҳои ифротии зархарид ва душманрӯ бар миллат як монеа барои расидан ба истиқлолияти комил буд, аммо новобаста ба ҳамаи ин мушкилот ва ҷангу хунрезӣ, вазнинии он рӯзҳоро дар кишвари азизамон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инобат гирифта, бо кӯмаку мадади мардуми шарифи Тоҷикистон Артиши миллиро таъсис доданд. Дар таъсиси Артиши миллӣ он шабу рӯз монеаҳо зиёд буданд, лек оҳиста-оҳиста ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ таъсис ёфтанду пурқувват гардиданд, ки имрӯз мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки ҳомиёни Ватани азизамон амнияту субботи кишварро таъмин мекунанду ба таври шабонарӯзӣ мамлакатамонро аз оризаву ниятҳои нопоки душманон дифоъ менамоянд.
Ҳимояи марзу буми кишвар бар ӯҳдаи сарбозони далер ва шуҷои ватан мебошад ва хушбахтона ин масъулият ва вазифаи худро фарзандони меҳандӯсти кишвар, сарбозори далери Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона иҷро мекунанд, ки ин шаҳодат аз нерӯи бузург ва тарбияи баланди касбиву маҳорати афсарону аскарони Артиши миллӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсис ва хизмати бузургу нақши он дар таъмини субботи кишвар чунин менигоранд: «Мо ба шарофати истиқлолият соҳиби Артиши миллӣ шудем. Шукронаи онро мекунем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи худро бунёд карда тавонистем. Вале ин ҳанӯз кам аст. Дар назди нерӯҳои низомии мо корҳои бисёре истодаанд. Мо мехоҳем, ки низомиёни мо чун падару бобоёни худ бо халқ ҳамдилу ҳамнафас бошанд, аз ҷониби шаҳрвандон чун ҳимоятгари Ватан пазируфта шаванд. Аз ин рӯ, ҳар як афсару сарбозро лозим аст, ки беҳтарин анъанаҳои ҳарбиро ривоҷ диҳанд, аз интизоми намунавӣ, матонат ва садоқати ба халқу Ватан доштаи наслҳои гузашта сабақ гиранд».
Ватандӯстӣ ва садоқат бар миллат барои ҳар як фарзанди шарифи мамлакатмон бояд шиори аслӣ бошад, чунки танҳо фарзандони ватандӯст ва садоқатманд ба арзишҳои олии инсонӣ ва нигоҳдорандаи оини ватандорӣ метавонанд, дар лаҳзаҳои душвор ҷон ба каф гирифта, аз марзу буми хеш дифоъ намоянд. Хушбахтона Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз як мактабе гардидааст, ки сарбозону далерони касбӣ ва ватандӯсту содиқро тарбия месозад ва ин бароия як миллати соҳибистиқлол шарти бақо давлати комилан миллӣ мебошад.
Артиши миллии кишвар, имрӯз ба як ниҳоди пурқувват ва азим табдил ёфтааст, ки ин ҳам шаҳодат аз дарки баланди ватандорӣ ва хештаншиносии мардуми азизамон шаҳодат медиҳад. Ин нуктаро ёдрас шудан ба маврид аст, ки дар замони басо душвор ва хеле вазнин бо талошу кӯшишҳои шабонарӯзии шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯтоҳтарин муҳлат бо дастгириву пуштибонии мардуми шарифи Тоҷикистон сохти конститутсионӣ ва фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ барқарор шуда, амалан дар ҷои холӣ Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шуданд.
Имрӯз, мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарбаландӣ ва саодати комил аз субботу осоиштагии мамлакатамон меболанд, ки дар ин ҷода хизмати сарбозони далери Ватан, афсарони шуҷои Артиши миллӣ басо бузург мебошад.
Бори дигар аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамватанони азиз, афсаронри мубориз ва ҷонфидориро дар роҳи Ватан самимона ба 28-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо рӯзгори накуву хушбахтӣ ва барои Тоҷикистони азиз қуллаҳои баланди шуҳрату муваффақиятро таманно менамоям.
Рӯзи Артиши миллӣ муборак, ҳамватанони арҷманд!