ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ РОҲНАМОИ САОДАТОВАР

Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар оғози соли нави мелодӣ барои ҳамватанони азизамон як мужда аз пешрафту тараққиёт ва оғози фасли зиндагии навро мемонад, ки ҳамагонро шод намуд.  Бо шунидани Паёми Пешвои миллат  имрӯз тамоми Тоҷикистон ид дорад ва ин ид ба он хотир аст, ки дар Паёми мазкур бори дигар сабукиҳо ба соҳибкорон ва аҳли ҷомеа дода шуд. Озод намудани як сол аз андози замин аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сокинони кишварро хушнуд сохт ва ҷумлагонро  ба ҳайрат овард.

Дар ягон кишвари дунё ба хотири пандемияву пешрафти сатҳи зиндагии шаҳрвандон ягон сарвари давлат чунин паём надода буд, ки ҷомеаро барои як сол аз андози замин озод мекунад ва ин бори дигар исбот намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар фикри зиндагии мардум, беҳбудии шароити зиндагии сокинони ҷумҳурӣ мебошанд ва ин воқеан ҳам як фасли тоза аз башардӯстиву саховатмандии Роҳбари муаззами кишвари мо мебошад. Шояд, ҷаҳониён имрӯз ба ҳайрат афтанд, ки чӣ гуна муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти зиндагии шоистаи мардуми то бад ин ҳад талош мекунанд ва ҳатто гузаштҳо менамоянд, ки ин воқеан ҳам беназир мебошад ва инро мегӯянд раҳму шафқат ва дилсӯзии Пешвои миллат барои саодати миллат мебошад.

Тавре, ки маълум гардид, дар Паёми имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи нуктаҳо дарҷ гардидаанд ва маълум гардид, ки Сарвари хирадманду меҳандӯстамон аз набзи ҷомеа ба хубӣ огоҳанду барои шукуфоии ин Ватани маҳбуб ва саодати миллати тоҷик аз ҳама имкониятҳо истифода менамоянду ба ҳама гузаштҳо қодиранд.

Ҳамчунин, дар Паёми имрӯзаи Пешвои муаззами миллат  барои  фароҳам сохтани шароитҳо ба бонувон, эҳтироми занон низ нуктаҳо таъкид гардид, ки ин ҳам эҳтироми ҷомеа ба зан-модарро мефаҳмонад ва ҳамон гуна, ки ҳамагон шоҳидан имрӯз бо шарофати дастгириҳои Сарвари муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувон дар ҷомеа ҷойгоҳи махсусро соҳибанд.

Вобаста ба сиёсати ҷавонон низ ишора намуда, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ҷавононро дар пешрафту ободии кишвар назаррас арзёбӣ намуданд ва ин бори дигар исботи он аст, ки ҷавонон аз ғамхориҳои Роҳбари хирадманду оқил бархӯрдоранд. 

Ҷавон бояд дар ин замина пайваста талош кунанд ва тамоми қувваву нерӯи худро баҳри пешрафти кишвар ва амали намудани сиёсати Ҳукумати кишвар равона созанд.

Дар умум, Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” –ро метавон як Паёми расидан ба фасли рушд ва наздик шуданҳо ба муваффақиятҳои сатҳи воло номид. Паёми имсолаи Роҳбари давлат барои миллат имрӯз афзалияти бештар дод ва ин Паём дар шароите ироа гардид, ки ҷаҳон дар ҳоли бӯҳронисту Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд барои ранҷ набурдани миллат сабукиҳо эълон намуданд, ки тоҷик ин гуна раҳму шафқатро, ин гуна дилсӯзиро ба ҷуз аз Эмомалӣ Раҳмон дигар роҳбаре надидааст.

Муҳаммадҷон  Сайидзода

сардори шуъбаи иттилоот