Имрӯз, 8-уми феврал дар толори Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати гуруҳи тарғиботию ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гардидааст мулоқот доир гардид.
Мулоқот бо сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳр Хуршед Сатторзода оғоз ёфт.
Мавсуф зикр намуд, ки 26-уми январи соли 2021 Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ироа гардида, дар он тамоми самтҳои фаъолияти кишвар барои соли 2020 ва вазифаҳо барои дурнамои муайян равшан гардиданд. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нишондиҳандаҳои он дар шаҳру навоҳии кишвар мулоқоту суҳбатҳо доир гардида истодааст.
Мулоқоти имрӯза, низ дар ин замина баргузор гардида истодааст.
Баъдан, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сартабиби Беморхонаи рақами 1-и Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара муҳтарама Ҳакимова Карима Муқимовна андешаҳои хешро вобаста ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.
Сипас, аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ-ташвиқотии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири кафедраи назарияи иқтисод Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдумавлон Азимов ва номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарипов перомуни дигар ҷанбаҳои Паём ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар намуданд.
Баъдан ректори Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ташаббусҳои наҷиб вобаста ба расидан ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар-саноатмкунонии босуръати мамлакат ибрози андеша намуд.
Зикр карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбариву раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар тамоми самтҳо муваффақона ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани нишондиҳандаҳо бо қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ ва амсоли инҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда истодааст.
Бахусус дар замони соҳибистиқлолии Ватани азизамон сохта мавриди истифода қарор додани иншооти таъиноти гуногун ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар тадбирҳои муҳим ҷиҳати босуботи кишвар шоистаи зикр мебошад.
Гуфта шуд, ки дар ҳақиқат Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» раҳнамо ва дастури кори ҳар яки мо мардуми шарифи кишвар буда, дар доираи он моро зарур аст, ки баҳри амалӣ гардонидани ҳар як нишондиҳандаҳои он аз тамоми имкониятҳо истифода намоем.
Бо мубодилаи афкор мулоқот сурат гирифт.
М. Нурзода