Дар ташкилоти ибтидоии “Маърифат” бо ташабуси Шӯрои олимони ҷавони Донишкади кӯҳию металлургии Тоҷикистон конфронси илмии донишкадавӣ дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат раҳнамои рушди саноати кишвар” баргузор гардид.
Дар кори конфронс ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Насриддинов Замониддин., раиси Шӯрои олимони ҷавон Осими Оқил., раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат” Саидов Анвар., муовини Шӯрои олимони ҷавони вилояти Суғд Давлатов Давлатмаҳмад ва дигар омӯзгорону олимони ҷавон ширкат варзиданд.
Дар конфронс нахуст ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро, ки бевосита бояд мо сармашқи кори худ қарор диҳем номбар намуда, шарҳу тавзеҳ доданд ва ишора намуданд, ки Паёми Пешвои миллат як стратегия барои расидан ба ҳадафҳо шоистаи миллату давлат мебошад.
Ҳамчунин, дар конфронси имрӯза муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Насриддинов Замониддин дар мавзӯи “Масъалаҳои асосӣ ҷиҳати таҳияи “Барномаи рушди геология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, раиси Шӯрои олимони ҷавон мудири кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок дар мавзӯи “Аҳамияти Паёми Пешвои миллат дар пешрафти саноати кишвар” ва дигар нафарон суханронӣ намуданд.
М. Сайидзода