ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ПОЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ва рушди устувори кишварро муайян мекунад. Дар солҳои охир, таваҷҷуҳи махсус ба рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия равона гардидаст, ки ин ташаббусҳо на танҳо барои баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт, балки барои таҳкими рақобатпазирии кишвар дар арсаи байналмилалӣ низ аҳамияти махсус доранд.

Паёми Пешвои миллат дар ҳар як соли охир стратегияи равнақи соҳаҳои муҳими иқтисоди рақамӣ ва технологӣ дар Тоҷикистонро муқаррар менамоянд. Ба хусус, Паёми 2024, ки солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуд, ки махсусан барои таҳкими рушди инфрасохтори рақамӣ ва дастрасии ҳамаҷониба ба хидматрасониҳои рақамӣ аҳамияти калон дорад. Ҳадафи асосии ин иқдом баланд бардоштани самаранокии хидматрасонӣ, таъмини рақобатпазирии иқтисодӣ ва рушди устувори кишвар тавассути технологияҳои муосир мебошад.

Рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсионӣ дар кишвар ба кадрҳои баландихтисос дар соҳаи технологияи иттилоотӣ ва рақамӣ ниёз дорад, ки дар  Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи омодасозии мутахассисони соҳа ва ташкили платформаҳо барои таълими касбӣ ва техникӣ дар соҳаи рақамӣ бар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ пешниҳод шудааст.

Тавре медонем, таъкиди ин нукта дар  Паёми имсола стратегияи равнақ дар соҳаҳои асосии иқтисод ва сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла рушдёбии тамоми соҳаҳои технологӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки барномаи стратегӣ барои ин давра ба рушди иқтисоди рақамӣ ва ташкили муҳити самаранок барои стартапҳо ва ширкатҳои рақамии ватанӣ равона хоҳад шуд.

Ин иқдоми Роҳбари давлат барои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсионӣ нақши муҳими таърихӣ дорад, ки бо истифода аз стратегияи дурусти инфрасохтор, омодасозии кадрҳои рақамӣ ва дастгирии стартапҳо  Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба як хати пешсаф дар иқтисоди рақамӣ ва инноватсионӣ табдил ёбад.

Таъсири иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт хеле васеъ ва гуногун аст, ки ин равандҳои технологӣ метавонанд ба тақвияти ҳосилнокии меҳнат, рушди соҳибкории рақамӣ, беҳтар шудани хидматрасонӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷорӣ кўмак мекунанд, ки таъсири иқтисоди рақамӣ ва инноватсияро дар бахшҳои асосии иқтисодиёт баррасӣ мекунем.

Саноат ва истеҳсолот. Рақамигардонии саноат бо истифода аз роботҳо ва автоматизатсия дар ҷараёни истеҳсолот, раванди коркард ва таъминоти молӣ самаранокиро афзоиш медиҳад.

Молия ва банкинг. Рақамигардонии бахши молия ва банкинг бо пешниҳоди хидматрасониҳои банкинг онлайн, пулакӣ, картҳои электронӣ ва интиқолҳои пулӣ тавассути интернет, метавонад баробарии молиявӣ ва дастрасии муштариён ба хидматрасониҳоро осон кунад.

Тандурустӣ. Рақамигардонии соҳаи тандурустӣ, аз қабили истифодаи дастгоҳҳои ташхисӣ ва мониторингӣ, метавонад ба беҳтар шудани дастрасии мардум ба хизматрасониҳои тиббӣ ва беҳтар кардани сифати табобат кўмак мерасонад.

Маориф. Истифодаи технологиҳои нав барои таҳияи курсҳои интерактивӣ, барномаҳои таҳсилоти рақамӣ ва таҳсилоти махсус метавонад ба беҳтар кардани сифати маориф ва дастрасии ба он кўмак кунад.

Туризм. Истифодаи барномаҳои мобилӣ барои фармоиш кардани ҳуҷраҳо, роҳҳои нақлиёт ва харидани чиптаҳо электронӣ ба афзоиши фоида ва дастрасӣ ба туризм мусоидат мекунад.

Хидматрасонӣ ва тиҷорати электронӣ. Бо истифода аз платформаҳои онлайн, ширкатҳо метавонанд маҳсулот ва хидматҳоро дар як сатҳи ҷаҳонӣ фурўшанд, ки ин ба зиёд шудани ҷалби муштариён ва фарогирии бозорҳо мусоидат мекунад.

Таъсири иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ғайри қобили қабул аст, ки он самаранокии кор ва маҳсулнокиро баланд мебарад, ҳамзамон дар сохторҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар боиси беҳбудӣ мегардад. Аз ин рў, ҳар як соҳа, аз саноат ва молия то маориф ва тиб, бо истифодаи технологияҳои рақамӣ метавонад беҳтар шуда, ба рушди устувор ва рақобатпазирии ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

Дар Паёми эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия» як иқдоми назаррас дар таърих аст, ки нишон медиҳад, ки дар ҷодаи рушд ва тараққиёти иқтисоди кишвар, таваҷҷўҳ ба технология ва инноватсия аҳамияти муҳим дошта, метавонад рушди иқтисодии кишварҳоро таъмин намояд.

Бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти пурқувват дар соҳаҳои технологӣ, ҷаҳони рақамӣ ва системҳои рақамии муосир, чунин эълон барои мустаҳкам кардани инфрасохтор ва беҳтар кардани қобилияти рақобатпазирии иқтисодиёт бо истифода аз инноватсия ва технологияи муосир лозим аст.

Ин иқдом метавонад ба рушди соҳаҳои мухталиф, аз қабили соҳаи рақамӣ, интернети истеҳсолӣ, иқтисодиёт ва хизматрасонии рақамӣ, таҳияи технологияҳои нави истеҳсолӣ ва беҳтар кардани сифати ҳаёти мардум кўмак мерасонад.

 

 Раҳматов Абдумавлон Аҳмадович

н. и. и., омӯзгори кафедари иқтисодиёт ва идоракунии

Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон