Паёми Пешвои миллат дастуру роҳнамои ҳаёти миллат

Ҳамасола дар охири сол Паёми Роҳбари давлат ироа мегардад, ки бурду бохти яксолаи тамоми соҳаҳои давлатиро дар бар мегирад ва барои як соли оянда барои пешрафти тамоми қишри ҷомеа корҳо ба нақша гирифта мешавад.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳкушову раҳнамо ва сармашқи кори тамоми кормандони давлативу тамоми халқи заҳматкаши қаторӣ аст. Паёми Президент нерудиҳандаи насли ҷавони кишвар аст.

Аз паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як нуқтаи бисёрҳам нозук ва ба дарди ҷомеа даворо мушоҳида намудам, ки ин сухани Сарвари давлат айни муддао ва сари вақтист.

“Дар оилае, ки савод набошад, чӣ гуна фарзандон таълиму тарбия мегиранд. Бояд падару модарон дар ҳаққи фарзандон зомин нашаванд ва ояндаи онҳоро фикр кунанд”.

Сухани дар боло зикргардида ва Паёми Президент сар то сар аз ғамхориву меҳрубонии Сарвари давлат нисбати халқ равона карда шудааст. Аз гуфтаҳои Президенти мамлакат бармеояд, ки “Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо ва иштирок дар бунёди иншоотҳои азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори аст.” Соли 2023 бошад варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 343 медал ба Ватан оварданд, ки ин боиси ифтихори мост.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон барои ободу зеботар гаштани Ватани азизамон кӯшиши зиёде карда истодаанд. Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон соли 2024-ро ҳамчун соли “Маърифати ҳуқуқӣ” эълон карданд.

То вақте, ки ҷон дорем ғамхорӣ кунем, меҳрубон бошем, касе ки ғамхорӣ намекунад дуои падару модарро намегирад, умри бобаракат намебинад. Модар нисбат ба фарзанд доимо меҳрубон аст. Сухане, ки аз модар мешунавӣ, ягон шахси дигар гуфта наметавонад. Албатта модар ганҷи бебаҳо ва нигини ноёфтанист, иброз доштанд Пешвои миллат.

Иқдоми наҷиби дигари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин буд, ки “Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки дар самти дарёфти манбаҳои иловагии маблағгузорӣ ва дар ин замина зиёд кардани пешниҳодҳои қарзҳои дарозмуддат, дастрас ва ба фоизи паст, инчунин пурра ҷорӣ намудани низоми рақамии хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ва истифодаи васеи технологияи молиявӣ тадбирҳо андешиданд” боиси беҳбудии халқ мебошад, чун имрӯзҳо ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ тариқи бонкҳо рафта истодааст, агар фоизи қарзҳо паст шаванд фаъолияти соҳибкорӣ зиёд мешаваду сатҳи камбизоатӣ паст мешавад.

Чи тавре ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд “Вақте ки халқ бесавод мемонад ин бадбахтии миллат аст”. Ҳар яки мо Ҷавонони даврони Соҳибистиқлол бо одобу рафтор, дониш ва ҳисси ватандӯстиву забондонӣ ва бо ҷаҳонбинии васеъи худ имрӯз дар рӯи олам фарқкунанда бошем.

Дар Паёми Президенти муҳтарам нисбати ҷавонон бисёр нуқтаҳо зикр гардид, ки барои исбот ин фикр як суханони Пешвои миллатро аз Паёми имсола иқтибос меорам, ки гуфтанд:

“Ягон самте нест, ки дар он саҳми ҷавонон набошад! Ҷавонони имрӯза дигаранд, ҳисси миллӣ ва эҳсоси худшиносӣ доранд!”, “Ҷавонони мо ба ҳар кор қодир ҳастанд!”

Ин суханҳо ҳар як ҷавони ватандусту соҳибзавқро неру мебахшад ва барои пешравиҳои минбаъдааш роҳкушо аст. Ҳамаи мо ҷаворонро месазад:

Гӯш ҳарфи роҳбар бояд кунем,

Дуртар роҳи назар бояд кунем.

Дасти нанги худ сипар бояд кунем,

Қатраҳоро ҳам гуҳар бояд кунем.

Дар ҳама майдон зафар бояд кунем,

Тоҷикистонро дигар бояд кунем!

Ашӯров Х.

омӯзгори ДКМТ