
Ҳамасола барои мардуми шарифи тоҷик Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар», ироа мегардад.
Дар Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз дастовардҳои соҳаҳои мухталиф дар соли сипаригардида ёдовар шуда, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ба вазорату идораҳо ва сохторҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд, ки иҷрои он моро ба дастовардҳои назаррас ноил мегардонад. Барои исботи ин гуфтаҳо мо метавонем нуктаҳои муҳимеро аз Паёмҳои солҳои қаблӣ ёдовар шавем.
Дар Паёми соли 2019 Пешвои миллат аз оғози корҳои таҷдиду азнавсозии дар ду нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум», ки дар замони Шӯравӣ сохта шудаанду бо гузашти солҳо таҷҳизотҳои он фарсуда шудаанд, зикр карда буданд.
Ҳангоми ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 январи соли 2021 барои соли 2020 аз оғоз гардидани корҳои бунёдии нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қайд карда буданд.
Оид ба истифодаи васеи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла нерӯи офтоб ва шамол, асосноккунии 3 лоиҳа бо иқтидори умумии 260 мегаватт оғоз гардиданашро дастур дода буданд.
Ҳамзамон дар такя ба захираи иқтидорҳои гидроэнергетикӣ, рушди инфрасохтори энергетикии мамлакат ва ҷиҳати кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба фазои экологӣ ва бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат супориш дода буданд, ки воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд.
Тибқи дастуруҳои Пешвои миллат, имрӯз ба тамоми қаламрави ҷумҳуриамон электромобилҳо ворид карда шудаистодааст, ки аҳолии кишвар аз он истифода мебаранд ва махсусан дар ширкатҳои мусофиркашонӣ ва кирокашон васеъ истифода бурда истодаанд.
Мавриди ёдоварист, ки аксари сокинони мамлакат низ бо такя ба имтиёзҳои додаи роҳбари давлат аз хориҷи кишвар нақлиётҳои барқиро зиёд ворид мекунанд. Бо итминон метавонем гӯем, ки ин Паёми пешвои миллат ба болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва иқтисоди кишвар ба таври назаррас мусоидат намуд.
Зимни ироаи Паёми соли 2022 Пешвои миллат қайд карда будан, ки: “Дар сурати истифодаи нерӯи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода, ба ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намуд. Дар робита ба ин, ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар дохили кишвар ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ тадбирҳои мушаххас андешанд”.
Зимни ироаи Паёми соли 2022 Пешвои миллат қайд карда будан, ки: “Дар сурати истифодаи нерӯи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода, ба ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намуд. Дар робита ба ин, ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар дохили кишвар ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ тадбирҳои мушаххас андешанд”.
Зимнан қайд карда буданд, ки татбиқи лоиҳаи нерӯгоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ идома дошта, баъди 50 соли фаъолият агрегати якуми неругоҳи «Норак» пас аз таҷдид бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 мегаватт моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар рафти ироаи Паём ҳамчунин зикр карда шуд, ки барои таъмиру таҷдиди шабакаҳои барқии кишвар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ агар чӣ беш аз 10,7 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст, вале талафоти барқ то ба ҳол нигаронкунанда буда, дар даҳ моҳи соли 2022 тақрибан 20,4 фоизро ташкил додааст. Бинобар ин, барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ба ҳадди 9 фоиз то охири соли 2025 ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ҷамъияти саҳҳомии «Ширкати тақсимоти барқ» ва дигар ширкату корхонаҳои соҳа супориш дода шуда буд, ки бо татбиқи босифату саривақтии лоиҳаҳои кам намудани талафоти нерӯи барқ ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ ва барои таъсис додани низоми ягона ва мутамаркази биллингӣ, насби беш аз 800 ҳазор ҳисобкунакҳои зеҳниро дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд таъмин намоянд.
Бо дарназардошти имконияту захираҳои «энергияи сабз» дар кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Академияи миллии илмҳо супориш дода буданд, ки бо таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаи имконият ва дурнамои рушди энергетикаи водородӣ, яъне нерӯи гидрогениро ҳамаҷониба омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.
Рафти ироаи Паём Роҳбари давлат дар таърихи 28 декабри соли 2023 хотиррасон карда буданд, ки дар 75 соли замони гузашта (то соли 1991) дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт. Дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ бошад дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуд, аз ҳисоби зиёд шудани иқтидорҳои саноатӣ дар замони истиқлол, талабот ба нерӯи барқ беш аз 800 мегаватт зиёд гардид.
Соли 2023 зимни ироаи Паёмашон Пешвои миллат аз зиёд шудани иқтидори энергетикии Тоҷикистон ба миқдори 6 ҳазор мегаватт ва афзудани истеҳсоли нерӯи барқ то ба 22 миллиард киловатт ёдовар шуданд, ки он нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт – соат ё 28 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон зикр карда буданд: «Соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад».
Инчунин, дар Паёми соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафи стратегии мамлакат, ки кафили рушди устувор аст, яъне барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ ба Ҳукумати мамлакат, вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар сохтору мақомоти марбута супоришҳои дақиқ доданд, ки бо амалӣ гардидани он мо ба ҳадафи созандаи худ хоҳем расид.
Ёдовар мешавем, ки дар рафти ироаи Паём сарвари давлат аз ба истифода додани агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» дар соли 2025 хабар дода буданд.
Соли 2024 зимни ироаи Паёми навбатии худ Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои соҳаи энергетика ёдовар шуда, қайд намуданд, ки: «Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст».
Зимнан, хотиррасон карда шуд, ки соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати НБО-и «Қайроқум» 24 мегаватт, як агрегати дигар дар нерӯгоҳи «Норак» 40 мегаватт ва бо баанҷом расидани сохтмони нерӯгоҳи «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт инчунин, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати 3-юми НБО-и “Роғун” соли 2025 дар ҷумҳурӣ иловатан ба иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат боз 180 мегаватт зиёд мегарданд. Дар баробари ин, соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони нерӯгоҳи барқии офтобӣ бо иктидори 200 мегаватт оғоз мегардад».
Ҳангоми ироаи Паём Пешвои миллат аз он муждагонӣ доданд, ки аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли нерӯи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.
Дар натиҷаи омӯзиши Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар солҳои 2019-2024 ироа гардидаанд, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки соҳаи энергетика ҳамчун соҳаи калидӣ барои рушди устувори тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар дар мадди аввали назари Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои миллат қарор дошта, ҳамасола барои рушди соҳа қадамҳои устувор гузошта шуда истода аст. Дар ҳама Паёмҳои худ роҳбари давлат ба дастовард, камбудиву норасогиҳои соҳа ибрози назар намуда, барои рушди соҳаи энергетикаи мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас додаанд.
Мо, мутахассисони соҳаи энергетикаро мебояд, бо такя ба имкониятҳои мавҷуда барои омода намудани мутахассисони дорои малакаи баланди касбӣ ҷаҳд намоем, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро ҷиҳати омӯзиши имконият ва дурнамои рушди энергетикаи водородӣ, яъне нерӯи гидрогениро ҳамаҷониба омӯзем, натиҷаи корҳои тадқиқотии худро ба Ҳукумати мамлакат ҷиҳати равнақи соҳа ва боз бештар ба зиндагии шоиста ноил гардидани сокинони мамлакат, пешниҳод намоем.
Эшов Зулфон Субҳонович
омӯзгори кафедраи таъминоти барқи донишкада