Паёми Пешвои миллат ва рушди соҳаи маориф

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28 декабри соли 2023) ба масъалаи рушди соҳаи илму маориф таваҷчуҳи ҳаматарафа зоҳир карда шудааст. Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Сарвари хирадманди мамлакат дар идомаи суханронии худ, ба мақсади рушди минбаъдаи соҳаи маориф, дар назди Ҳукумати мамлакат вазифа гузоштанд, ки дар зарфи панҷ соли минбаъда, дар ҷумҳурӣ бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад. Сарвари кишвар зимни суханронӣ ба мақсади мусоидат намудан ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, инчунин, ҳавасмандгардонии моддию молиявии омӯзгорон пешниҳод карданд, ки аз 1-уми июли соли 2024 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф ва як қатор соҳаҳои дигари буҷавӣ 40 фоиз зиёд карда шавад. Вазифаи дигари Ҳукумати ҷумҳурӣ қабули Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мебошад. Консепсияи мазкур бояд аз тариқи қабул ва амалисозии барномаҳои миёнамуҳлат, давра ба давра, амалӣ карда шавад. Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд. Тибқи дастури сарвари кишвар, дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар бояд соҳибкасб гардонида шаванд. Зимнан, сарвари кишвар таъкид намуданд, ки дар муассисаҳои тахсилоти касбӣ ҷавонон ва занону бонувон ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд, таълим дода шаванд. Сарвари кишвар зимни суханронӣ борҳо ба масъалаи рушди соҳаи маориф дахл намуда, бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карданд. Ба андешаи сарвари кишвар, ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Аз ин рӯ, соҳаи маориф ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифта, барои танзими муттасилони раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ бояд таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Сарвари кишвар ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд. Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда шуд, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Сарвари кишвар барои тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз баргузории озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногунро зарур ва муфид донистанд. Аз мазмуни суханони саршори меҳри Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонон чунин хулосаи муҳим ҳосил мешавад, ки сарвари кишвар ба насли наврасу ҷавони кишвар ҳамчун ворисону ҳомиёни ояндаи давлату миллат, ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат эъттимоди комил доранд: «Дар ҷомеаи мо, – қайд мекунад сарвари кишвар дар Паёми худ, – насли нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем».

Ҳамзамон, сарвари кишвар таъкид карданд, ки ҳазорсолаи сеюм, яъне замоне, ки мо зиндагӣ дорем, асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳост, асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд. Аз ин рӯ, барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад. Асарҳои пурғановати Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон- ояндаи миллат», «Аз Ориён то Сомониён», «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад», «Истиқлолият-неъмати бебаҳо», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» мебошанд, ки ба зеҳну шуури ҷавонон, бешак таъсири мусбат мерасонанд. Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад. Баръакс касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад. Умуман, тавре аз мазмуни Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳувайдост, сарвари кишвар як қисми умдаи суханронии худро ба шарҳу таҳлили вазъи маориф дар Тоҷикистон дар зарфи 32-соли соҳибистиқлолӣ, дастовардҳо ва дурнамои рушди соҳаи мазкур бахшидаанд. Сарвари кишвар барҳақ таъкид намудаанд, ки рушди устувори ҷамъиятию иқтисодии Тоҷикистон бо рушди маорифи миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълими фанҳои дақиқ, касбҳои зарурӣ ва забонҳои хориҷӣ сахт тавъам ва вобаста мебошад. Вазифаҳо ва дастуру супоришҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади рушди соҳаи маориф дар панҷ соли минбаъда (солҳои 2024-2029) дар назди Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва вазорату идораҳои дигари дахлдор гузоштанд, пешниҳодҳои сарвари кишвар дорои аҳамияти стратегӣ буда, воридшавии Тоҷикистон ба сафи кишварҳои мутараққии ҷаҳонро кафолат медиҳанд, аз ин рӯ ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсти Тоҷикистон бояд дар амалӣ сохтани онҳо саҳм гузорад.

Аминҷонова М.

муовини ректор оид ба тарбия