ПАЁМИ ПАЁМ Ё НИГОҲЕ БА БУНЁДҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА АҲАММИЯТИ АМАЛИИ ПАЁМИ СОЛОНАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР

Тавре эълон гашт, рўзҳои оянда ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 пешбинӣ шудааст. Ёддошти зер баъзе мулоҳизаҳои назариявӣ, таҳлилӣ ва методологиро барои дарки дурусти таъйинот ва моҳияту аҳаммияти Паёмҳои солонаи роҳбари давлат дар низоми муосири давлатдорӣ дар бар мегирад, ки барои коршиносони ҷавон, намояндагони мавзўъии расонаҳо ва аъзои гурўҳҳои ташвиқотӣ аз аҳаммият холӣ нахоҳад буд.

 ***

ПАЁМ ЧУН СУХАНИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ БА ҶОМЕА

 Вожаи “паём” ба маънои суханест, ки касе барои касе мегўяд ё мерасонад ва бештар ба маънои хабар, пайғом, мужда, нома, даъват ва огоҳӣ истифода мешавад. Аз ҷумла дар калимаи машҳури “паёмбар” решаи “паём” маҳз ба ҳамин маънои сухан ва хабари фиристодашуда аз касе барои касе истифода ёфтааст. Яъне, Паёмбар ба маънои шахси оварандаву расонандаи паём ё сухани Худованд барои башарият аст.

Аммо дар назарияи сиёсӣ ва амалияи давлатдории муосир Паёми роҳбари давлат ба маънои истилоҳӣ истифода шуда, суханронии марҳилавӣ ва барномавии роҳбари як давлат дар муаррифии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, вазъият ва рушду дастоварду фаъолияти давлат ё амалкарди нерўи роҳбарикунандаи давлат дар марҳилаи муайян ва ҳадафу вазифаҳои нави он барои марҳилаи баъдиро ифода мекунад. Дар он маъмулан маҷмуаи дидгоҳҳои ҷорӣ ва дурбурдии роҳбари давлат дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ, амниятӣ, байналмилалӣ ва ғайра ифода меёбанд. Он ҳамчун муҳимтарин суханронии иттилоотию ҷамъбастӣ ва дар айни замон, усулию самтмуайянкунандаи роҳбари давлат маъмулан бо тартибу ташрифоти махсус дар назди мардум ё намояндагони мардумӣ ироа шуда, талабот ё рўйдоди муҳиммии давлатию сиёсӣ ба ҳисоб меравад.

Албатта, маънои истилоҳии давлатию коргузории “паём” дар асл аз ҳамон маънои аслию луғавии он чандон дур нест, зеро ба ибораи содда, Паёми ҳар роҳбари давлат дар амал ҳамон сухан, ҳарф, гуфтанӣ ва барномаест, ки ў мехоҳад барои мардуми худ ё барои ҷомеаи дохиливу хориҷӣ расонад. Аммо бинобар мақоми сиёсии роҳбари давлат ва моҳияти расмӣ ва муайянкунадагии ин сухану муроҷиати ў, паёми роҳбари давлат аҳаммияти махсуси ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иттилоотӣ, консептуалӣ ва байналмилалӣ касб карда, дар мақоме фаротар аз як сухану суханронии маъмулӣ қарор мегирад. Аз ин ҷиҳат, Паём ҳуҷҷати расмии давлатист, ки мақоми расмии ҳуқуқӣ ва барои ниҳодҳои давлатӣ моҳияти роҳнамоӣ дорад.

 ҶОЙГОҲИ ПАЁМИ СОЛОНАИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ ДАР НИЗОМИ ДАВЛАТДОРӢ: назарияи умумӣ ва қиёси хусусӣ

 Барои дарки аҳаммият ва моҳияти Паёми роҳбарони давлатҳо дар низоми сиёсӣ ва идории давлатдории муосир ва шиносоӣ бобаъзе хусусиятҳои асосии Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон ба нуктаҳои зерин таваҷҷуҳ намуд:

 ЯКУМ, Паёми роҳбари ҳар давлат, пеш аз ҳама моҳияти маълумотию ҳисоботӣ дорад. Ба воситаи Паём роҳбари давлат дар бораи вазъияти ҷории кишвар ва фаъолияти худ ва ҳамкоронаш дар марҳилаи муайян маълумоту ҳисобот дода, бурду бохти давлат ва худро назди ҷомеа ба миён мегузорад. Давраи ҳисоботии Паём метавонад сол ё марҳилаи муайяни рушд ё таърихро дар бар гирад ва чунин бахши ҳисоботӣ дар шакли ҷудогона ва ё зимни таҳлилу баррасии саҳаҳои алоҳидаи ҳаёти кишвар дар ҳамаи Паёмҳои солонаи роҳбари давлат дида мешаванд. Моддаи 70-уми Конститутсияи кишвар низ маҳз “дар бораи вазъи кишвар” ба маҷлиси якҷояи Маҷлиси милӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот додани Президентро пешбинӣ мекунад.

Дар ин бахш маъмулан бо як занҷири таҳлилию мантиқӣ нишон дода мешавад, ки вазъияти аввалия(1) ва вазифаи гузошташуда(2) чӣ буданд, кори анҷомшуда(3) ва натиҷаи ҳосилшуда(4) чист, мушкилу масъалаи боқимонда(5) кадом аст, вазифаи ҳадафии баъдӣ(6) ва супориши нав(7) дар ин самт чист.

Ба таври мисол, дар бахши оғозии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поёни соли 2016 дастоврадҳои кишвар дар 25 соли истиқлол таҳлилу баррасӣ гаштаанд, зеро он дар соли 25-солагии истиқлоли давлатӣ ироа шуда буд. Ё дар оғози Паём барои соли 2020 бурду бохти 7 соли охири фаъолияти ҳукумат таҳлил шудааст, зеро он навъе ҷамъбасти муҳлати навбатии 7-солаи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузориш аз сатҳи иҷрои барномаҳои интихоботии соли 2013-ро баён мекард. Шояд бахше аз Паёми соли оянда ба таҳлили дастоврадҳои кишвар дар 30 соли истиқлол ихтисос ёбад.

Дар навбати худ, хусусияти ҳисоботии Паёмҳои роҳбарони давлат моҳиятан ду нуктаи муҳимро ифода мекунад:

1.Ҳисоботдиҳанда будани роҳбарияти давлат дар назди мардум. Масалан, дар низоми давлатдории Тоҷикистон, нишасти якҷояи палатаҳои Маҷлиси Олии кишвар, ки дар он намояндагони бевоситаи мардумӣ (вакилони Маҷлиси намояндагони МО ҶТ) ва намояндагони расмии минтақаҳои кишвар (аъзои Маҷлиси миллӣ МО ҶТ) иштирок мекунанд, маҳз намояндагӣ ва ҳузури мардуми кишварро ифода мекунад. Ба ин восита, ҳисобот дар бораи фаъолияти роҳбарияти кишвар дар марҳилаи муайян маҳз дар назди мардум ироа шуда, маҳз аз тарафи мардум қабул мешавад. Ҳамчун ба “мардум” муроҷиат шудан ба вакилон ва аъзои Маҷлиси Олии ҶТ танҳо маънои рамзӣ надорад, балки аз назари ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ низ дар баробари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз парламенти кишвар ниҳоди босалоҳияти намоянда аз халқи кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар канори вакилон ва аъзои Маҷлиси Олӣ, иштироки фаъолони ҷомеа, намояндагони қишрҳои гуногуни аҳолӣ, намояндагони ташкилотҳои эҷодӣ, аҳли фарҳангу зиё ва ғайра дар шунидани Паём аҳаммият ва ҳатмияти ҳуқуқӣ надорад, зеро Паёми Президент расман маҳз ба Маҷлиси Олии кишвар ироа мешавад ва номи расмии ин ҳуҷҷат низ “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Аммо чунин иштироки васеи меҳмонон аз қишрҳои гуногуни ҷомеа аз назари сиёсӣ муҳим буда, ҳам ба худи ин ҳуҷҷати давлатӣ ва ҳам ба маросиму ташрифоти ироаи он шукўҳу машруияту мардумияти иловагӣ мебахшад.

2.Моҳияти демократӣ доштани низоми идорӣ. Ҳособотдиҳандагии солонаи роҳбари кишвар дар назди мардум (ба воситаи Паём дар ҳузури намояндагони мардум) яке аз нишонаҳои муҳимтарини низоми мардумсолорист, ки ба ин восита роҳбарияти ҳар кишвар фаъолияти худро ба доварии мурдум мегузорад. Бинобар ин, барои ироаи чунин паёми ҳисоботӣ роҳбари давлат ва командаи ҳамкоронаш моҳҳо омодагӣ мебинанд, то аз ин ҳисобот бо муваффақият бароянд. Дар ин раванди мураккабу тўлонӣ ҳар хулосаву тезис, ҳар рақаму натиҷа, ҳар вазифаю пешниҳод ва ҳатто ҳар калимаю ибора ба таври ҷиддӣ санҷидаву суфта мешаванд. Ин раванд барои роҳбарияти кишварҳо ба ҳадде муҳим ва мураккаб аст, ки масалан, дар Федератсияи Россия пас аз ироаи бомуваффақияти Паёми солонаи Президент, ба аъзои гурўҳи таҳлиливу корӣ ба таври расмӣ унвону мукофотҳои баланди давлатии “За активное участие в подготовке Послания Президента Российской Федерации Федеральному Собранию” дода мешавад, ки дар тарҷумаи ҳолу ифтихороти онҳо дидан мумкин аст.

Аммо ин ҳолат, ки дар амалияи сиёсии ин ё он кишвар, вакилони мардумӣ дар баррасию қабули Паёми Президент фаъол ё ғайрифаъоланд, ба замон ё макони муайян вобастагӣ дошта, ҳаргиз аҳаммияти моҳиятии ин механизми ҳисоботдиҳандагии демократиро дар низоми давлатдорӣ коҳиш намедиҳад. Зеро, ин ҷо сухан дар бораи тарзи кори амалии худи ин механизм меравад.

ДУЮМ,  Паёми солонаи роҳбарони давлатҳо аҳаммияти бисёр муҳимми сиёсӣ ва рамзӣ дошта, худи ҳастии давлатии миллат ва истиқлолияти сиёсии давлатро ифода мекунад. Новобаста аз чигунагии мазмуни сиёсату барномаҳои Паём, худи аз тарафи роҳбарияти як кишвар мустақилона муайян ва озодона эълон шудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, моделу шеваи давлатдорӣ, низоми арзишҳои интихобшуда ва тарзу марҳилаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар маҳз маънои худмуайянкунии давлатӣ ё истиқлолияти сиёсии кишварро дорад. Яъне, худи Паём додани роҳбари давлат хоси давлатҳои мустақилест, ки моҳият ва самтҳои сиёсатгузории худро худашон мустақилона муайян мекунад.

Аз ин рў, дар кишвари мо низ худи ҳамасола ироа шудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аломатҳо ва атрибутҳои асосии истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Агар сарнавишти таърихии миллати тоҷикро пеши назар орем, худи ҳодисаи имрўз мустақилона Паём додан, яъне мустақилона муайян кардани сарнавишти худ, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии гузаштагони мо дар бораи соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст. Ин ҷанбаи паём ҳамчун акти давлатӣ ва набзи давлатдорӣ бисёр муҳим мебошад.

Аз ин назар низ ташрифоти махсуси давлатӣ доштани марсими ироаи Паём, ҷалби намояндагони фаъоли ҷомеа дар маросими шунидани он ва як навъ ҳолати идонаву тантанавӣ гирифтани худи ин рўйдод маҳз аз назари ба маънои рамз ё тантанаи истиқлолияти давлатӣ фаҳмида шудани он муҳим мебошад. Ба ин маъно, ҳар Паёми солонаи роҳбари давлат як таъкид ба худсолории миллӣ ва як ҷашни истиқлолият аст. Ин ҷо низ, новобаста аз мазмуни Паём, ки метавонад ҳолат ё сиёсати хоссеро дар замони муайян ифода кунад, аҳаммияти сиёсӣ ва рамзии он ҳамчун аломати истиқлолияти давлатӣ боқӣ мемонад.

 СЕЮМ, Паёми солона ё марҳилавии роҳбари давлат аҳаммияти бисёр муҳимми байналхалқӣ дорад. Он дар асл сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, роҳи интихобкардаи кишвар, тавозун ё гароиши геополитикӣ, марҳилаҳои тайнамудаи он, низоми арзишҳову ормонҳо ва мушкилоту комёбиҳои кишварро барои ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Илова бар ин, дар бахши махсуси Паём нигоҳи кишвар ба равнадҳои асосии байналмилалӣ, мавқеи давлат нисбат ба онҳо ва умуман, моҳияти сиёсати хориҷии кишвар ва муносибати он бо созмону кишварҳои муайян нишон дода мешавад. Ин ҳолат Паёмро ба як санади дорои аҳаммияти дипломатӣ ва фаромиллӣ табдил мекунад.

Таҳлили матнҳо нишон медиҳанд, ки Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайваста ин бахшу унсурҳои муҳимро дар бар мегиранд. Роҳбари давлат маъмулан дар Паёми худ равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро ба таври муфассал арзёбӣ намуда, мавқеи Тоҷикистонро дар ин мавридҳо нишон медиҳад. Гарчӣ аз назари сохторӣ бахши “хориҷӣ” маъмулан дар қисамти поёнии Паём ироа мешавад, аммо вобаста ба вазъияти минатқа ва ҷаҳон он метавонад дар Паём ҳолати барҷаста ва таъкидшуда низ гирад. Масалан, Паём барои  соли 2018 (аз 22 декабри соли 2017) маҳз аз таҳлилу баррарсии васеи вазъияти ҳассоси минтақавӣ ва байналмилалӣ, шиддити марҳилаи нави “ҷанги сард”, шарҳи мавқеи Тоҷикистон нисбат ба равнадҳои ҷаҳонӣ ва эълони авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар дар шароити пешомада оғоз шуд.

Ин аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таваҷҷуҳи махсус дода, матни онро бо диққат меомўзад. Касоне, ки бо низоми кори давлатӣ ва муносибатҳои хориҷӣ ошноянд, ин таваҷҷуҳи берунӣ бо Паёмро хуб медонанд, аммо барои касони берун аз ин мавзўъ чунин таъкид гоҳо муболиға менамояд. Масалан, соле пеш шоири шинохтаи тоҷик Ато Мирхоҷа дар аҳаммияти Паём шеъре суруда буд, ки ба таваҷҷуҳи махсуси кишварҳо ва роҳбарони хориҷӣ ба он низ ишора дошт:

 Паёмашро кунад таҳлил Путин,

Трамп аз он баҳо бидҳад ба тоҷик,

Ба тафсираш нишинад Син Тзинпин,

Қазоқу қирғизу афғону узбек…

Баъзе дўстон дар шабакаю расонаҳо ин расми маъмултарини муносибатҳои байнидавлатиро ситоишу мадҳия пиндошта, онро ҳатто ба мазоҳ кашиданд, ки “наход роҳбарону марказҳои муҳимми минтақавию ҷаҳонӣ ба Паёми роҳбари кишвари мо чунин таваҷҷуҳ дошта бошанд?!” Албатта, шеър пеш аз ҳама асари бадеист, аммо ҳамчун яке аз собиқадорони бахши таҳлилу ташаккули сиёсати хориҷӣ метавонам бигўям, ки ин шеър маҳз воқеияти ҳамин масъаларо ифода кардааст. Зеро, тибқи маъмул, давлатҳо паёмҳои солонаи роҳбарони давлатҳои шарик ё рақиби худро бо диққат пайгирӣ ва таҳлил мекунад. Масалан, ҳамаи сафоратҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ба таври табиӣ вазифадоранд, ки мазмуни Паёми солонаи роҳбари кишвари мизбонро таҳлил карда, ба роҳбарияти давлати худ фиристанд. Дар ин кор, илова бар ташхиси самту интихобу авлавиятҳои кишвари мизбон, онҳо хусусан ба ин нуктаҳо таваҷҷуҳ мекунанд, ки роҳбари давлати мизбон дар бораи давлати онҳо ё дар ин ё он масъалаи минатқавию байналмилалии мавриди назари онҳо чӣ мавқеъ гирифтааст, ба кадом самти ҳамгароӣ ё геополитикӣ тамоюли ошкор ё ниҳон нишон додааст ва ғ. Аз таҷриба, қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳатто ба чунин ҳолат, ки дар Паём номи кадоме аз онҳо аввал ё дуввум меояд ва чанд сатри Паём ба онҳо бахшида мешавад, ҳассосият нишон медиҳанд. 

Тўли кор дар бахши сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамасола дар мулоқотҳои зиёди роҳбарияти Марказ бо ҳайату сафирони хориҷӣ ширкат доштем, ки аксари онҳо онҳо дар бораи маъно ва ишораи ин ё он нуктаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савол мегузоштанд. Шояд соли 2014 буд, ки дар чунин мулоқоте сафири кишвари Эрон аз директори Марказ мустақиман пурсид, ки аз худи “марказ”  савол омадааст, ки чаро имсоли дар Паём номи кишвари мо зикр нашуд… Яъне, кишварҳои минатқа ва қудратҳои байналмилалӣ Паёмҳои Роҳбари давлати Тоҷикистонро ба таври ҷиддӣ омўхтаву хулосабарорӣ мекунанд.

Дар айни замон, маъмул аст, ки сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷа низ Паёмҳои солонаи роҳбарони кишвари мизбони худро омўхта, ба таври расмӣ дар бораи моҳияти асосии он ба Душанбе гузориш медиҳанд, зеро барои мо низ донистани мавқеъ ва хатти ҳаракати кишварҳои хориҷӣ муҳимм аст. Илова бар ин, марказҳои таҳлилию стратегии ҳар кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, паёмҳои солонаву марҳилавии роҳбарони давлатҳои мавриди таваҷҷуҳи худро ба таври ҷиддӣ омўхта, ба роҳбарияти олӣ маводи таҳлилӣ ва хулосаву пешниҳодҳо ироа мекунанд.

Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аҳаммияти махсуси байналхалқӣ дошта, ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми ҷаҳонӣ ва мавқеъ ва муносибати мо ба равандҳои байналмилалиро ифода мекунад. Бинобар ин, ҳар нуктае, ки дар Паём ироа мешавад, на танҳо аз назари таъсиру корбурди дохилӣ, балки аз назари тарзи фаҳмишу қабули берунӣ низ бисёр санҷидаву озмуда мебошад, то ки ба манфиатҳои миллӣ ва тавозунҳои минатқавию байналмилалӣ халал эҷод нашавад. Дар он ҳеҷ ибора ё мавқеъ бе тааммулу ҳадафи муайян гуфта ё нагуфта намешавад. Аз ин назар, ҳар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мавқеъ ва як ҳуҷҷат бисёр суфтаву баркашидаи сиёсӣ ва дипломатӣ низ мебошад.  

ЧОРУМ, Паёми солонаи роҳбари ҳар давлат ҳамчунин аз аҳаммияти хосси консептуалӣ ва дурнамоӣ бархўрдор аст. Зеро маҳз дар он хатти ояндаи ҳаракати кишвар, ҳадафҳои стратегии он, арзишҳои аслӣ ва барномаҳои асосии рушди сиёсию иқтисодию иҷтимоии он ба таври возеҳу дастрас баён ва муаррифӣ мешаванд. Ин ҷанбаи Паём, пеш аз ҳама ду нуктаро равшан мекунад:

1.Барои шунаванда, шаҳрванд, хизматчии давлатӣ, пажўҳишгар, фаъоли сиёсӣ ё намояндаи хориҷӣ маълум мегардад, ки давлат ва сиёсати давлатӣ чӣ тавр ва ба кадом самт ҳаракат хоҳад кард.

2.Дар айни замон, ин ҷанбаи Паём худи чорчўбҳо ва уфуқҳои ҳаркатро мушахахс карда, нишон медиҳад, ки фаъолияти роҳбарияти давлат ё ҳукумат як фаъолияти самтдор, ҳадафманд, даврабандишуда ва мантиқӣ мебошад.

Аз ин назар, матни Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои мутолиа ва дарки хатти ҳаракат ва самти рушди сиёсию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои он аҳаммияти махсус доранд. Дар он ҳамасола авлавиятҳо ва самтҳои асосии ҳаракат ва низ, ҳадафҳои асосии давлат на танҳо барои соли оянда, балки барои марҳилаҳои томи баъдӣ ифода мегарданд ва хатти стратегии ҳаракати давлат эълон мешавад.

Масалан, дар Паёми соли 2019 эълон гашт, ки саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар пазируфта мешавад. Дар Паём ҳамчунин барномаи аз модели рушди кишоварзию саноатӣ ба модели саноатию кишварзӣ тағйир намудани модели рушди кишвар эълон шуд. Се ҳадафи дигари стратегии Тоҷикисон низ дар паёмҳои солҳои пешин муайян ва эълон гашта буданд ва ҳамасола дар Паём сатҳи пешрафт дар масири дастрасӣ ба онҳо шарҳ дода мешаванд. Барномаҳои калоне чун “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ва ғайра низ маҳз дар Паёмҳои эълон ё шарҳ шудаанд.

Ин хусусияти чорчўбӣ ва сарчашмавии Паём на танҳо барои дарки умумии самти ҳаракат аз тарафи ҷомеа, балки барои пажўҳишгарону коршиносон низ бисёр муҳим аст. Зеро чунин сарчашмаҳое, ки самтҳо, авлавиятҳо ва марҳилаҳои рушди як давлатро ба таври мушаххас баён кунад, на ҳамеша дастрасанд. Ва ҳеҷ ҳуҷҷати дигаре хатти умумии ҳаракати консептуалӣ ва стратегии давлатро ба таври зинда, муфассал ва марҳила ба марҳила дар сатҳи паёмҳои солонаи роҳбари давлат ифода намекунад.

 ПАНҶУМ, дар низоми идоракунии давлатӣ аҳаммияти барномавӣ ва кории Паёми солонаи роҳбари давлат низ хеле муҳим аст. Зеро дар он ҳамасола идеяҳои асосии сиёсию иҷтимоӣ, ҳадафу вазифаҳои соҳавӣ ва нақшаву чорабиниҳои муҳимми сатҳи миллӣ муайян гашта, қадамҳои мушаххас барои табиқи он пешбинӣ мешаванд.

Бо ин хусусияти худ, Паём моҳиятан барои вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъяитию эҷодӣ ва ғайра барномаи амалии фаъолият дар марҳилаи муайянро мушахахс мекунад. Онҳо дар тўли сол барномаҳои амалии худро бо муҳтаво ва нишондодҳои Паём мутобиқ карда, барои татбиқи он барномарезӣ ва талош менамоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми солонаи Президенти кишвар илова бар роҳнамоиҳои умумӣ, барои самту соҳаҳо ва вазорату идораҳои мушаххаси кишвар меъёру вазифаҳои бисёр мушаххас низ гузошта мешаванд. Ҳамчунин, яке аз падидаҳои ҷолиби диққат дар амалияи давлатдории мо ин аст, ки гоҳо бевосита дар худи тўли ироаи Паём раванди бевоситаи сиёсатэҷодкунӣ ва идоракуни зиндаи низоми идории кишвар мушоҳида мегардад. Яъне, гоҳо аз тарафи Роҳбари давлат бевосита дар худи рафти ироаи Паём ба вазорату идораҳо ё ба мақомоту масъулони мушаххаси давлатӣ супоришҳои мушаххасу қатъӣ барои ҳалли масъаалҳои мавҷуда дода мешаванд. Агар баъзе аз ин масъалаҳо дар матни Паём қаблан ҷой шуда бошанд, зимни ироаи оммавии он Роҳбари давлат худ роҳҳои ҳалли амалии ин масъаларо шарҳ дода, дар бораи иҷрои он супоришҳои шифоҳӣ медиҳад. Аз ин рў, илова бар матни расмии навишташуда, бахши таъкиду супоришҳои шифоҳии суханронии ў дар маросими ироаи Паём низ хеле муҳим мебошад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар амалияи идории Тоҷикистон, барои пурра амалӣ шудани ҳадафҳо, барномаҳо ва меъёрҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда ва супоришҳои иловагии зимни ироаи он гузошташуда, ҳамасола пас аз қироати расмии Паём Нақшаи чорабиниҳо барои татбиқи он таҳия шуда, он ҳамчун санади расмии давлатӣ бо имзои дахлдор ба идораву муассисаҳо дастрас мегардад. Дар Нақша тамоми чорабиниҳои мушахахс дар партави Паём, вазорату идораву ташкилотҳои масъули татбиқи он, замони дақиқи татбиқ ва дар сурати лозим, сарчашмаи татбиқи он нишон дода мешаванд. Ин ҳуҷҷати расмии давлатӣ ҳатмияти иҷроии бандҳои Паёмро таъмин менамояд.

Ба ин восита, Паёми Президент авлавиятҳои корӣ, самтҳои асосӣ ва чорчўбии фаъолияти ниҳодҳои давлатиро дар тўли сол ба тартиби муайян дароварда, дар фаъолияти онҳо ҳадафмандӣ ва ҳамоҳангии дақиқро ба вуҷуд меорад. Ин равиши суфташуда на танҳо коргузорӣ, балки натиҷагирии фаъолиятҳоро низ ба назми муайяне меоварад ва корҳои анҷомшударо  қобили арзёбӣ мекунад.

Равиши таҳияи Нақшаи чорабиниҳои мушаххас барои татбиқи бандҳои Паём ва иҷрову назорату ҳисобот дар доираи он аз назари коргузорӣ низ бисёр муассир аст. Зеро барномаҳои калони давлатӣ гоҳо муҳлату чорчўбҳои васеи миёнмуддат ва дарозмуддатеро пеш мегузоранд, ки дар фосилаи байни онҳо ниҳодҳои давлатӣ метавонанд ба форғболӣ рўбарў шавнад, ки ҳоло то замони ҳисобот панҷ ё даҳ соли дигар боқист. Аммо нақшаи фарогири татбиқ ва андозагирии фаъолият бо равиши “аз Паём то Паём” имконият медиҳад, ки фаъолияту натиҷаҳо марҳила ба марҳила ба таври зиндаву пайваста арзёбӣ шаванд.

Бинобар ин, агар дар роҳе ё хиёбоне шиору навиштаҷоте чун “Паёми – роҳнамои фаъоляити мо!” овезон бошад, он танҳо ҷанбаи таблиғотӣ надорад, зеро аз назари амалӣ низ дар ҳақиқат Паём навъе роҳнамо ва дастури усулии корӣ барои бахшҳои гуногуни ҷомеа ва, хусусан ниҳодҳои давлатӣ мебошад.

ШАШУМ, Паёми солонаи роҳбари давлат метавонад аҳаммият ва таъсири махсуси идеологӣ низ дошта бошад. Ин ҳолат ҳам дар мақому мазмуни худи Паём ва ҳам дар истифодаи он дар фаъолияти арзишию идеологии ниҳодҳои давлатӣ дар атрофи Паём ифода меёбад. Бо пешниҳоди идеяҳо, арзишҳо ва барномаҳои асосӣ, Паём шохисҳо ва рўҳияи фазои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва иттилоотии солро амалан таъйин мекунад ва дар тўли сол масъулони бахши идеологӣ, фаъолони ҷамъиятӣ, ташкилотҳои сиёсӣ ва расонаҳои иттилоотӣ фазои умумии ҷомеаро дар атрофи идеяву арзишҳои ироашуда дар Паём шакл медиҳанд. Аз ин назар, Паём навъе хусусияти меъёрсозӣ ё муайян кардани самтгирӣ ё “установка”-и арзишию идеологиро низ дорад.

Яъне, дар раванди сиёсатгузории дохилӣ, Паём ва чорабинию маъракаҳои шарҳи он фурсати бисёр муносиберо барои дастгоҳи сиёсию идеологии давлатӣ фароҳам меоварад, то арзишҳо ва дастовардҳои асосии низоми сиёсиро миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ таблиғ ва устувор гардонад. Зеро Паём навъе натиҷагирии марҳилаи гузашта ва вазифагузорӣ барои марҳилаи ояндаро ироа карда, дар он идеяҳои асосии сол пешниҳод мешаванд. Ҳамчунин, дар он барои қишрҳои гуногуни ҷомеа иқдому имтиёзҳои гуногун пешбинӣ мегарданд, ки куллияти Паёмро ба ҷузъияти ҳаёти шахсии шаҳрванд мепайвандад.  Агар дастгоҳи таблиғиву идеологии давлат қавӣ бошад, метавонад дар партави Паём таваҷҷуҳ ва муттаҳидии мардумро дар атрофи сиёсати давлатӣ боз ҳам устувор гардонад. Иҷрои ин кор ва сатҳи баҳрабардории судманд аз ин фурсати кори идеологию фаҳмондадиҳӣ ба тавоноии блоки сиёсию идеологии ҳукуматҳо вобастагӣ дорад.

Чунин хусусияти фазосозии Паёмро метавон дар мисоли Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мушоҳида намуд. Аз ҷумла, солҳои охир дар ин Паёмҳо эълон шудани тарҳҳое чун соли оила, соли ҷавонон, соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, соли рушди деҳот, сол ва сипас бистсолаи рушди фанҳои дақиқ, озмунҳои маърифатию ватандўстона ва ғайра таваҷҷуҳи махсуси ҷомеа ва фазои иттилоотиро ба ин масъалаҳо ҷалб намуда, боиси дар ин самтҳо амалӣ шудани иқдому фаъолиятҳои васеъ гашт. Чунин таваҷҷуҳи фарогир натанҳо худи маърифати ҷомеа дар мавриди ин масъалаҳоро тағйир медиҳад, балки аз назари амалӣ низ чунин таъкид, масъалагузорӣ ва авлавиятбахшӣ дар Паём боиси такони махсус ва рушди чунин соҳаҳои муайяни осебпазири ҷомеа мегардад.

***

Хулоса, нуктаҳои зикршуда нишон медиҳанд, ки дар назарияи сиёсӣ ва амалияи давлатдорӣ Паёми солонаи роҳбарони давлатҳо ҳам аз назари маънову ҷойгоҳ ва ҳам аз назари мазмуну таъйинот ҳодисаи муҳимми сиёсӣ ва ҳуҷҷати муҳимми муайянкунандаи давлатӣ ҳисоб шуда, аҳаммияти махсуси сиёсию давлатӣ, дипломатию байналмилалӣ ва идориву коргузорӣ дорад. Дар сурати татбиқи дурусти ташаббусу супоришу бандҳои он, ҳар Паёми солонаи Роҳбари давлат метавонад қадам ва такони наве дар масири рушди бахшҳои гуногуни ҷомеа ва давлат бошад.

Ин аст, ки дар раванди сиёсӣ ва амалияи давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз миёни суханрониҳои гуногуни Роҳбари давлат дар тўли сол, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии рушди кишвар ҷойгоҳи махсус дошта, ба шарҳу ташвиқу татбиқи он аҳаммияти махсус дода мешавад.

Абдуллоҳи Раҳнамо,

сиёсатшинос