ПАЁМИ МОДАРИ ҶЕЙ…

Ҷеа Сантоваско, модари Ҷей Остин, яке аз қурбониёни террор дар Данғара, бо ирсоли як паём изҳор доштааст, ки хонаводаи Ҷей ба ҳеч ваҷҳ мардуми Тоҷикистонро гунаҳкори марги фарзандаш намедонад

Сантоваско дар суҳбат бо Шуҳрат Ҷӯраев, маъмури гуруҳи фейсбукии “Мо тоҷикистониён”, изҳор доштааст, ки ҳамлагарон ба ҳеч ваҷҳ намояндаи мардуми меҳмоннавози Тоҷикистон нестанд.

«Умед дорам, ки чунин як фоҷиа дигар ҳеч гоҳ дар Тоҷикистон рух нахоҳад дод. Медонем, ки мардуми Тоҷикистон меҳмоннавозу хайрхоҳанд ва набояд худро дар марги фарзандам гунаҳкор эҳсос кунанд ва бояд чуноне Ҷей мехост, аз зиндагӣ лаззат баранд», — таъкид намудааст модари ҷабрдида.

Қиссаи ду сайёҳи кушташуда дар Тоҷикистон нотамом монд…

Ӯ инчунин бо нашри як изҳорот аз ҷаҳониён хоҳиш намудааст, ки фалсафаи зиндагии писарашро паҳн кунанд, ки бар асоси он зиндагӣ кардану татбиқи орзуҳоро набояд ба таъхир гузошт, чун фардо метавонад фаро нарасад. Сантоваско изҳор доштааст, ки фоҷиаи ба сари хонавода омадааш беҳтарин исботи фалсафаи зиндагии Ҷей мебошад. Хонум Ҷеа афзудааст, ки писараш талош намудааст, ки муҳити атрофашро беҳбуд бахшад ва атрофиёнро ҳамеша ба меҳрубонӣ нисбати ҳамдигар даъват мекардааст.

Ҷей Остин давоми зиндагияш дар лоиҳаҳои марбут ба иқомат бо қаноат дар хонаҳои кӯчак, кӯмак ба кӯдакони бехона ва густариши сайёҳату ҳамдигарфаҳмӣ иштирок кардааст. Ӯ ва дӯстдухтараш Лорен Гиогиген, 29-уми июл дар 369-умин рӯзи сайрашон қурбони ҳамлаи террористӣ дар Данғара гардиданд.

Модари Ҷей мегӯяд, кори фарзандашро идома хоҳад дод ва барои густариши сайёҳат, дучархасаворӣ, кӯмак ба кӯдакони бехона бунёди хайриявиро асос гузоштааст, ки ҳар нафари хоҳишманд метавонад дар он саҳм гузорад.

Манбаъ:sputnik-tj.com

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

панҷ × се =