Вазъияти шигифтовари ҷаҳони муосир ва густариш ёфтани ҷуғрофиёи экстремизм ва терроризм боис бар он шуда истодааст, ки дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳодисаҳои номатлуб зиёд гардида, фоҷеаҳои фаровоне ба сари инсоният меоянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳатто ҳодисаҳои фоҷеаборе, ки дар кишварҳои Сурияву Ироқ ба вуқӯъ пайвастанд, пеш аз ҳама аз ҷониби ташкилотҳои экстремистӣ- террористии “Давлати Исломӣ” рух додаанд. Марги чандин ҷавонон, гумроҳ гардидани шумораи зиёди афрод бар асари ваъдаҳои зиёди молии гуруҳҳои террористӣ паёмадҳои баду номатлуби фаъолияти чунин ташкилотҳои террористиро бозгӯӣ мекунад, ки ТЭТ ҲНИ яке аз онҳост. Давоми чанд соли охир мо борҳо шоҳиди он будем, ки нафарони зиёде тариқи расонаҳои хабарӣ аз гумроҳ шудани хеш ба ваъдаҳои роҳбари ин ташкилоти экстремистӣ- террористӣ сухан намуда, сабабҳои бадбахтии хешро ба он нисбат медиҳанд. Чанд рӯз қабл тавассути талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди баргардонидани ҷавонони гумроҳ ва хонаводаҳои онҳо аз кишвари Ироқ тавассути ҳавопаймои махсус 84 нафар кӯдакони фарзандони чунин ҷавонони гумроҳи тоҷик баргардонида шуданд, ки волидайни онҳо ё дар ин ҷангҳо кушта шудаанд ё дар зиндонҳои бунёднамудаи ин гурӯҳҳои террористӣ қарор доранд. Ба чеҳраҳои ҳар яке аз фарзандони бегуноҳ назар афканда воқеан бо дарду алам ҳама кас мехоҳад, ки алайҳи ҷангу қатлу куштор ва амалҳои чунин ташкилотҳои экстремистӣ – террористӣ нафрат хонад, зеро маҳз чунин ниҳодҳои бемиллату беватан боис шуданд, ки ин миқдор кӯдакони бегуноҳ аз меҳру шафқати падару модари хеш маҳрум монанд. Бисёр мавридҳое ба мушоҳида мерасад, ки роҳбар ва аъзои ТЭТ ҲНИ аз хориҷи кишвар бешармона нисбат ба миллату давлат ва Ватани хеш ҳарфҳои носазо мегӯянд, аммо боре ҳам андеша намекунанд, ки ба сарнавишти фоҷеабори ин қадар кӯдакони бегуноҳ ва қатлу куштори ҷавонони гумроҳшуда, ки замоне узви ин ташкилот буданд ва бар асари шомил шудан бар он ва дигар созмонҳои террористӣ қурбонии ин ҷанги бемаънӣ гардиданд, кӣ бояд ҷавоб диҳад? Ин ҳам дар ҳолест, ки барои анҷоми вазифаҳои ба хоҷагони хориҷии хеш ваъданамуда, ба ин фоҷиаи бузург заррае парво надоранд ва ҳамоно дар фикри гумроҳ намудани ҷавонону фарзандони дигари мардуми тоҷик ҳастанд. Мушоҳидаи ин ҳодисаҳои номатлуб ва ташаббусҳои созандаву инсонгароёнаи Пешвои миллат дар мавриди баргардонидани ҷавонони гумроҳ ва чунин фарзандони бадбахтшудаи онҳо ба мардуми тоҷик сабақҳои омӯзанда медиҳад ва онҳо аллакай дар талоши он ҳастанд, ки дигар фирефтаи ваъдаву суханони бардурӯғи ин гурӯҳҳои манфиатхоҳ нашаванд.
Назокат Сулаймонова,
Номзади илмҳои техникӣ,
Мутахасиси шуъбаи таълими ДКМТ