ПАШШАЕ АЗ ПАРТОВГОҲ

андар портрети хоини миллат Муҳаммадиқболи Садриддин

Ҳарчанд чунин номгузорӣ намудан барои банда хос набошад, ҳам аммо имрӯз лозим донистам, то дар бораи яке аз хоинони миллати тоҷик, ки мисли пашшае қадру қиммат надораду кораш доим дар партовгоҳи наҳзатиён нишастан аст, чанд ҷумла бигӯям. Воқеан Муҳаммадиқболи Садриддин, ки имрӯзҳо худро яке аз донандагони хуби адён мешумораду гоҳ-гоҳ забон каҷ намуда, номи бузургони динро мегирад, аслан маълумоти кофии динӣ ва саводи дуруст надорад ва он забон кақ гирифтанҳояш ҳам тақлид ба роҳбарони созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” аст, ки дар вақташ бо онҳо ҳамкорӣ мекарду нақшаҳои террористии онҳоро ҷорӣ кардан мехост. Дар ҳақиқат бошад Муҳаммадиқболи Садриддин асло тарбияи динӣ нагирифтаасту замоне дар Афғонистон дар муҳосираи Толибон қарор дошт ва пас аз раҳоӣ бо наҳзатиён пайваста худро ғуломи ҳалқабаргӯши М. Кабирӣ роҳбари ТТЭ ҲНИ намуд. Яъне он ҳама вонамудсозиҳои донишмандиву диндонӣ фақат барои фиреби мардум аст, то ҷавононро гумроҳ созад, зеро яке аз ҳиллаву найрангҳои наҳзатӣ маҳз ҳамин мебошад.

Ҳоло М. Садриддин дар Аврупо зиндагӣ мекунаду дар ҳамон ҷо бо кӯмаки молиявии хоҷагони хориҷияш сомонаи ислоҳ.нетро таъсис додааст, ки дар он ҳамарӯзу дурӯғу бӯҳтонномаҳояшро аз номи ин ё он мардум ба чоп мерасонаду иғвобарангезӣ кард, то ҷомеаро ба гумроҳӣ барад, фиреб диҳад. Ҳар як матлабу навиштаҳои М. Садриддинро дида кас ба чунин хулоса меояд, ки нахолд ҳамаи мактубҳои фиристодашуда бо як услуб навишат шуда бошанд?

Наход дар навишти ин ё он маҳалу минтақа фарқият набошад?

Маълум мешавад, ки ҳамаи ин мактубҳоро худи Маҳмадиқболи Садриддин, яке аз террористони наҳзатӣ эҷод мекунаду ба чоп дод, то дигар ҷавононро гумроҳ созаду мақсади аслияш яъне иғвобарангезӣ намояд.

М. Садриддин аз зумраи наҳзатиёни бисёр манҳус аст, ки ба хотири гумроҳ кардани ҷавонон имрӯзҳо даст ба дасисаозитву иғвобарангезӣ задааст, то бар нафъи хоҷагони хориҷияш амал кунад, ки аз ин амал бисёр ҳам хиёнати бузург мебошаду ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд. Тарве, ки дар боло гуфтем, Маҳмадиқболи Садриддин аъзои созмони ҳизби террористии наҳзат, пашшае беш нест, ки дар партовгоҳҳои наҳзатиён нишастаасту сафсата мехонад. Мардуми кишвар ҳаргиз ба сафсатаву тӯҳматномаҳои бофтаи ин авбоши наҳзатӣ бовар нахоҳанд кард, чунки ин ҳама навиштаҳо саропо дурӯғ ва туҳмати маҳз мебошад.

Некварз Маҳмудзода

омӯзгори ДКМТ