ПАРҲЕЗ АЗ ОН МАГАС, КИ БАР МОР НИШАСТ…

дар ҳошияи фаъолиятҳои душманонаи радиои “Озодӣ”

Дар баҳси Додоҷони Атовулло ва раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ, ки чанде қабл сурат гирифт чанд факту далел аз забони Д. Атовулло садо дод, ки бештар дар ин фактҳо перомуни фаъолияти пасипардагии наҳзатиёни хоин ва хиёнаткор ишора мерафту асрори ниҳони наҳзатиёнро фош месохт. Аммо намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки радиои Озодӣ, ки ин баҳсро ташкил карда буд, ҳеҷ ба ин факту далелҳо таваҷҷуҳ накард ва ҳатто маводе ҳам дар ин масъала омода насохт, ки хелеҳоро ба ҳайрат гузошт. Зеро агар пашшае аз дарахт биафтад ё дар сари пиёлаи ягон корманди радиои Озодӣ нишинад, ҳатман дар борааш хабару гузориш омодаву таҳия мекунанд, лек аз чӣ бошад, ки дар баробари фаҳмидани фактҳои то ба ин рӯз пинҳонмекардаи наҳзатиён кормандони радиои Озодӣ ба лаб муҳри хомӯшӣ заданд ва гӯё чизеро нашунида бошанд, ки ин сабабгори пайдо шудани суолҳои зиёд мегардад. Чаро рӯзноманигорони “Озодӣ” оид ба ин фактҳо, ки паҳлӯи пинҳони наҳзатиёнро равшан месозад, чизе намегӯянд?

Магар радиои Озодӣ дафтари рекламаи наҳзатиён аст?

Ё ин радиои ба ном аврупоиву дар асл наҳзатӣ комилан аз ҷониби М. Кабирӣ роҳбари террористони наҳзатӣ маблағгузорӣ  мешавад?

Ва ба қавли маъруф магар рисолати радиои ба ном аврупоии Озодӣ ин реклмаву тарғиби террористон аст?

Ҳоло дигар асрори миллатбадбинии рӯзноманигорони радиои “Озодӣ” ҳам ошкор гардид, мебинем, ки аз барои пул бештар минбар ба душманони миллати тоҷик медиҳанду талош мекунанд, то душманони миллатро, хоинону хиёнаткоронро реклама кунанд, ки ин бар хилофи меъёрҳои касбии рӯзноманигорӣ мебошад.

Ҳоло маълум гардид, ки радиои “Озодӣ” бештар аз доираи фаъолияти касбӣ берун баромада, ҳатто рисолати касбии хеш, яъне  ҳимояи манфитаҳои ҷомеаро фаромӯш кардаанду бар алайҳи ҷомеа кор мебаранд, ки ин низ зарарнок мебошаду бояд ин расонаи ба ном аврупоӣ ва дар асл наҳзатӣ баста шавад.

Зеро мақоли мардуми ҳаст, ки мегӯянд, ки “парҳез аз он магас, ки бар мор нишаст” ва ин он маъноро дорад, ки бояд фазои иттилоотии кишварро, ки фазои солим аст, радиои “Озодӣ” носодим мегардонаду миёни ҷомеа ақидаи ифротӣ ва ғояҳои террористиро бештар тарғиб менамоянд, ки ин хиёнати рӯирост мебошад.

Минбар додан ба террористон ва ҳамчунин мавриди пажӯҳиш ё таҳқиқоти журналистӣ қарор надодани фактҳои гуфтаи Додоҷони Атовулло дар бораи ТТЭ ҲНИ аллакай якҷониба фаъолият бурдани рӯзноманигорони “Озодӣ”-ро мефаҳмонад ва бояд, ки ин гуна расонаҳо баста шаванд. Фазои иттилоотии кишвар минбар барои душманони миллат нест, зеро ҳар як расона бояд ба манфитаи ҷомеа фаъолият барад.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ