Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст 24-уми ноябри соли 2009 ҳамчун иди миллӣ эълон гардида, бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда шуд. Аз он рӯз ҳамагӣ 11- сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ин маънии онро надорад, ки мо ҳамагӣ 11- сол соҳибпарчам мебошем. Баръакс, Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо мардуми тоҷик ва гузаштагони қадими он ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Парчам аз замонҳои қадим барои ин мардум рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву муттаҳидии халқу миллатҳои ин сарзамин ва рамзи мубориза барои ҳифзи марзу бум ва озодии ин мулки азиз шинохта мешавад.
Мардуми форсу тоҷик ба ҳайси поягузорони тамаддуни башар шинохта шуда, дар тӯли ҳазорсолаҳо чандин давлатҳои бузургу тавоноро бунёд карда, таҳти парчами ягона ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг, дину ақида ва марзу буми аҷдодиро ҳифзу парасторӣ намудаанд.
Ҳар парчам ифодагари нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкарда ва нишонаи истиқлолияти он мебошад. Ҳанӯз дар Парчами Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, тасвир гардида, рамзи як давлати нерӯманди ҳамон замон ба ҳисоб мерафт.
Аҷдодони мо ба парчами худ эҳтироми хосса доштаанд, зеро онро бо дурру гавҳар меоростанд. Аввалин парчами ин мардум бо номи «Дурафш» ё «Дирафш» машҳур будааст, ки зикри онро дар китоби «Авасто» дарёфт намудаанд ва дертар онро Фирдавсии бузург дар асари безаволи худ «Шоҳнома» ба риштаи назм даровардааст.
Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.
Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,
Ҷаҳонро саросар сӯи дод хонд.
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дирафш».
Маҳз сеҳри парчам буд, ки мардуми ороми ҳар яке бо кори худ машғулро дар як лаҳза ба шӯру валвала овард ва барои аз байн бурдани зулм водор сохта, дар атрофи Коваи оҳангар ҷамъ намуд, то бунёди зулмро решакан созанд. Шоҳи одил Фаридун пас аз ба тахт нишастан азамати он парчамро фаромӯш накард, балки онро гиромӣ медошту муқаддасаш медонист. Ҳамин буд, ки онро бо зару ҷавоҳирот ороста гардонид ва «Дурафши ковиёнӣ» номаш ниҳод.
Гузаштагони суғдии мо низ парчами хоси худро доштанд ва дар зери он барои нигоҳ доштани якпорчагии ватан муборизаю ҷонталошиҳо кардаанд. Баъзе аз ёдгориҳои таърихие, ки то ба имрӯз дар шаҳри бостонии Панҷакент боқӣ мондааст, ба ин гувоҳӣ медиҳад. Усмони Эшонзод дар бораи таърихи парчами тоҷикон ибрози ақида намуда, чунин менависад: «Тасвири парчами суғдиён, ки дар деворнигораи Панҷакент кашида шудааст, ба асри VII нисбат дорад. Дар он Рустам пас аз мағлуб кардани аждаҳои одамсари дорои ду даст бо ёронаш ҷонибе равон аст ва дар сари найзаи ду нафари онҳо парчамҳои сегӯшамонанди рангашон зард мавҷуд аст». (Ҷумҳурият. 23/11/2010).
Таърих гувоҳ аст, ки парчамдорӣ эҷоди мардуми форс буда, пеш аз ҳама, ҳастии миллат ва давлатдориро муаяйн мекард. Тӯли таърих давлатҳои Ҳахоманишҳо, Ашкониён, Сосониён ва Сомониён ҳар яке парчамдор буданд.
Парчам рамзи Ватан, номус ва нанги миллат аст. Тоҷикон дар ҳайати Бухорои шариф ва Иттиҳоди Шӯравӣ низ парчами худро доштанд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар як дивизия, полк ё рота, ҳатто шуъба парчами худро дошт ва дар муҳорибаҳо ҳатман парчамбардоре онро чун гавҳараки чашм ва номуси кишвар – Ватан нигоҳдорӣ мекард. Афрохтани парчами Иттиҳоди Шӯравӣ дар боми Рейхстаг рамзи ғалабаи халқи шӯравиро бар фашизм баръало муайян кард. Ҳарчанд дар гӯшаю канори шаҳри Берлин задухӯрдҳо идома мекарданд, аммо барафрохтани парчами Иттиҳоди Шӯравӣ нишони анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Таърих вобаста бо парчам мисолҳои зиёд дорад.
Миллати тоҷик фарҳангофару давлатсоз буд ва ҳаст. Миллатҳое, ки имрӯз қудратро ба даст овардаанд, аз миллати тоҷик сабақи давлатдорӣ-парчамдорӣ омӯхтаанд, ки аз ин бояд фарзанди тоҷик фахр намояд.
Солҳои дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун ҷумҳурии советии сотсиалистӣ вуҷуд доштан парчами Тоҷикистон рамзҳои хоси худро дошт. Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидан Тоҷикистон Парчами миллии худро соҳиб гардид ва 24 ноябри соли 1992 Рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шуд. Рангҳои Парчами миллӣ дар худ маъниҳоеро таҷассум менамоянд, ки ба миллати мо қаринанд: -ранги сурх – озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед – сулҳ ва оромӣ, ранги сабз – ободӣ ва ривоҷу равнақро таҷассум менамояд. Тоҷ ва ҳафт ситора, ки дар рӯйи Парчам акс ёфтаанд, рамзи миллати куҳан ва фарҳангофар мебошад.
Парчами миллат боиси ифтихор ва нангу номус аст. Дар мусобиқаҳои варзишӣ, олимпиадаҳои фаннӣ, ҷашну маросимҳои давлатӣ, қабули сарони давлатҳо ва баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, албатта, дар ҷойи аввал барафрохтани Парчами миллӣ меистад. Парчами миллӣ метавонад дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз Ватану миллат хизмат намояд. Дили мо аз фараҳ пур мешавад, вақте варзишгари тоҷик сазовори ҷойи аввал мегардад ва дар варзишгоҳҳои ин ё он давлат Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта мешавад. Варзишгарон, ҳунармандон, шоирон, олимону эҷодкорон барандагони рӯҳи волои миллатанд ва ҳар як дастоварди меҳнатии онҳо мавриди қадршиносӣ зери Парчами миллат сурат мегирад. Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супоридани мукофотҳо ва унвонҳои давлатӣ зери Парчами миллӣ анҷом мепазирад.
Ба хотири дар сатҳи зарурӣ ҷой додани муқаддасоти миллат – Парчами миллӣ дар пойтахти кишвар, назди Қасри Миллат бо нияти барои асрҳо барҷо мондани давлати тоҷикон дар харитаи ҷаҳон баландтарин поя сохта, Парчами миллӣ дар он барафрохта шуд. Баландии пояи Парчам 165 метр буда, дарозии худи Парчам 50 метр ва паҳноияш 30 метр мебошад. Бунёди пояи Парчам 24 ноябри соли 2010 оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони китоби «Рекордҳои Гиннес» иштирок намуда, ба намояндагони Ҳукумат Шаҳодатномаи рекорди нави ҷаҳониро супурданд. Дар ҷаҳон баландтарин пояи парчамро бунёд кардан ҳам рамзи хоса дорад. Намояндагони миллати сарбаланди тоҷик имрӯз дар тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла дар қитъаҳои Амрико, Африқо, Аврупо, Осиёи хурду миёна ва кишварҳои арабию Чину Ҷопон кору зиндагӣ доранд. Баландии поя ва Парчами миллат рамзи он аст, ки сояи Парчами миллат дар тамоми олам бар сари ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ партавафшон бошад.
Ҳамин тариқ, Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст. Бинобар ин парчаму нишони мо рамзӣ буданд, аммо имрӯз мо соҳиби истиқлоли воқеӣ гардида, Парчаму Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ ва Президенти худро дорем, ки шунидани ин вожаҳо ҳисси меҳанпарастӣ, ифтихор аз ватану ватандории ҳар фардро бедор месозад.
Рамзи истиқлоли миллат Парчам аст,
Шавкату иқболи миллат Парчам аст.
Холова Ф.Ф
ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ иҷтимоӣ