ПАРЧАМИ МИЛЛАТ – ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

Дар ҳошияи  семинар-машварат тибқи иҷрои дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ва таҷлили ботантанаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Парчам – рамзи соҳибдавлатӣ ва истиқлолияти кишвар

Дар доираи нақшаи тадбирҳо дар Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон силсилаи мулоқотҳо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Санаи 21-ноябри соли 2018 соати 13 00 дар аудиторияи 302 бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ мулоқоти устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ бо донишҷӯёни бахши 2-юми факултети корҳои куҳӣ, ихтисосҳои 510101А, 510101-01 ва донишҷуёни бахши 1-уми факултети металлургия, ихтисоси 44010101Б гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ мудири шуъбаи иттилооти донишкада З.Орифов, котиби шуъбаи илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии донишкада Қодиров К., мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Мирзоаҳмедов М.М., ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Холова Ф.Ф. иштирок карданд.

Дар ин ҷамъомад устоди кафедра Холова Ф.Ф. дар мавзӯи “Парчами миллат – ифтихори миллат” маъруза намуда таъкид кард, ки:   “Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи барои миллати тоҷик ҳассос ва сарнавиштсоз дар сессияи 16-Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-ноябри соли 1992 вакилони мардумӣ  тасдиқ  намуданд, дар таърихи навини Тоҷикистон саҳифаи навро боз намуд.  Имрӯз яке аз баландтарин парчамҳои дунё Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст, ки баландии он ба 165 метр баробар аст. Таъкид гардид, ки бо ташаббусу иқдоми раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Бӯстон Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ки баландиаш 50 метр ташкил медиҳад, парафшон гардид, ки дар ифтитоҳи он санаи 22-октябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд”.

Дар ниҳояти семинар-машварати мазкур мудири шуъбаи иттилооти донишкада З.Орифов оид ба аҳамияти таърихии таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва васеъ ҷашн гирифтани он дар миқёси донишкада ҳарф зад.

Инчунин, лозим ба ёдоварист, ки санаи 8-ноябри соли 2018 номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Атоева К,М. тавассути радиои Суғд дар мавзӯи “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад карда қайд карданд, ки: “Пеш аз қабули Парчам зиёда аз садҳо лоиҳаҳои парчам пешниҳод шуда буданд ва аз байни онҳо лоиҳаи Сайдалӣ  Маҳмадалиев қобили қабул дониста шуд ва то имрӯз ин парчам Тоҷикистони моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Парчам таърихи дурудароз дорад. Ин рамзи миллӣ аллакай дар “Шоҳнома”-и А. Фирдавсӣ, дар достони “Коваи оҳангар” оварда шудааст ва то имрӯз парчам рамзи давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар бештари бинои муассисаҳои фарҳангиву давлатӣ парафшон аст. Дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон таҳаввулоти бузург ба вуҷуд омад” .

 

Мудири кафедраи ФГИ   Мирзоаҳмедов М.М.