Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баҳри татбиқ намудани илм ба истеҳсолот бо супоришу дастгириҳои ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ корҳои назаррасе анҷом дода шудаистодааст.
Ҳамин аст, ки олимону муҳақиқони донишкада барои осонтар намудани соҳаҳои мухталифи ҷомеа ва беҳбуд бахшидан ба рушди бозори маҳсулоти ватанӣ аз сангҳо ва маҳсулоти табии базалту туфи табии (хоксанги табии) дар Парки технологии донишкада мазайка истеҳсол намуданд.
Қаблан, ин намудани маҳсулотро дар шаклҳои алоҳида барои ороиш мутахассисон истифода мебурданд, аммо ин бор дар парки технологии донишкада онро дар шакли маҷмӯӣ, яъне рафҳои ҳудуди 25 ба 30 сантиметри ба истеҳсолот ҷорӣ кардаанд, ки ин кори истифодабарандагон ва устоҳои ин навъи ороишотро осон мегардонад.
Муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Насриддинов Замониддин иброз медорад, ки маҳсулоти мазкур комилан аз сангҳои табии истеҳсол гардида, тобиши гармову сармо ва зиёдмондан дар ороишотро ба муҳлати бештар дорад, ки ин авлавият ба маҳсулоти аз берун ворид карда шуда мебошад.
Ҳамчунин, Насриддинов З.З. қайд намуданд, ки маҳсулоти баровардаи Парки технологии донишкада аз ҳама озмоишҳо гузаронида шудааст ва кафолати бештарро аз маҳсулотҳои дигар дорад. Маҳсулоти ороишӣ аз сангҳо барои беҳбуд бахшидани соҳа истеҳсолкарда шудааст ва дар оянда талош мешавад, то бо нархҳои дастрас назар ба бозори ин навъи маҳсулот ба ҷомеа пешкаш карда шавад.