Дар мауассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и деҳаи Урметан, ба номи адиби маъруф Қутбӣ Киром бо устоди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ҷоизадори озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” Ҳаётқул Раҳимов вохӯрии хотирмон бо хатмкунандагони синфҳои 11 баргузор гардид.
Ҳасанбой Ҷурақулов, ташкилотчии муассиса ба вохӯрӣ ҳусни оғоз бахшида, омӯзгори варзида ва муваффақро хайра мақдам намуданд. Зимни суҳбат мавсуф қайд намуд, ки соли 2022 қабули довталабон ба ММТ-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле назаррас буд. 68 нафар довталабон тариқи ММТ ба макотибҳои олӣ, касбию техникӣ ва коллеҷҳо дохил шуданд. Хатмкардаи муассиса Раҳимзода Афсунмеҳр Наврӯз дар қатори даҳгонаҳои беҳтарин, сазовори ҷойи 3-юм гардида, бо сипоснома ва туҳфаҳои ММТ қадрдонӣ гардид.
Омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон олими Ҳаётқул Раҳимов доири имтиҳоноти дохилшавӣ ба ММТ-и назди Президент баромад намуда, изҳор намуд, ки соҳаи саноат ҳамчун ҳадафи чаҳоруми стратегияи миллӣ дар сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар қарор дорад. Донишкадаи мазкур аз рӯи 29 номгӯй мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва варзидаи соҳаи саноатро тайёр мекунад. Дар донишкада барои донишҷӯён тамоми шароиту имконот муҳайёст.
Дар охир Ҳаёқул Раҳимов ба саволу дархости довталабон ҷавобҳои мушаххас ва дақиқ дод.
Вохӯрӣ бо устоди варзида ва муваффақ Ҳаётқул Раҳимов дар муассиса хеле хотирмон баргузор гардид, навиштааст Шараф Боқӣ аз ноҳияи Айнӣ.