Ёдрас шудан ба маврид аст, ки имрӯзҳо саросари ҷаҳонро бесарусомониҳо ва таноқузҳои сиёсӣ фаро гирифтааст. Билхоса ҷангҳои пайдарпайю хонумонсӯз дар давлатҳои исломии Ироқ, Афғонистон, Сурия сар задааст, комилан баромади мазҳабӣ дошта, бунёди аслии ин ҷангҳо аз мазҳаб сарчашма мегирад ва ниҳоят ба ифрот расидааст.
Ногуфта намонад, ки яке аз пояҳои асосии рифоҳи инсоният амнияти шаҳрвандӣ мебошад. Аз ин лиҳоз моро зарур меояд, ки сарҷамъона баҳри таҳкими сулҳу субботи ҷомеа, бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ба монанди вуруди идеологияи харобкорона ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез бо истифода аз имкониятҳои ҷойдошта дар доираи қонун мубориза барем ва сатҳи маърифати маънавию сиёсии ҷомеъаро баланд гардонем.
Баъзан инсонҳо аз сабаби паст будани сатҳи донишҳои динӣ ва ҷаҳолат ба ҳар гуна равияҳо пайравӣ менамоянд, ки аслан созмонҳои ифротӣ аз ин ба манфиати худ истифода намуда, ҷавононро бо ҳар гуна фиреб ба идеологияҳои бегона ба дом мекашанд, ки хатари бузургест барои миллату давлат. Аз ин хотир шахсан ақидаи худамро талқин медиҳам, ки аз ҳар гуна созмонҳову гурӯҳҳои ифротӣ ва бегон дурӣ биҷӯед.
Қайд кардан ба маврид аст, ки яке аз воситаҳои беҳтарини мубориза бо тундгароиву ҷаҳолат талқини маърифати солими диниву дунявӣ ва омӯзиши илму дониши замонавӣ мебошад. Ҳар як фарди соҳибфарҳанги кишвар, бахусус ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии маънавиро аз даст надода, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиро оқилона пайгирӣ намоянд.
Фаҳмонидан ва афзун намудани меҳру муҳаббати донишҷӯён нисбат ба ватанро бояд омӯзгорон ва аҳли зиё рисолати аваллиндараҷаи хеш қарор диҳанд.
Парвизи Машҳур, омӯзгори ДКМТ