ПАЙМОНИ ВАРШАВА ПАЙМОНИ МИЛЛАТ НЕСТ

Дар ҳошияи анҷумани ҳуқуқи инсон танӯри андешаҳо тафсон аст. Баробари баҳси сиёсӣ аз таъсиси як созмони дигаре  ба номи “Паймони миллӣ” воқиф шудам ва паси ин паймон ҷилва намудани Муҳиддин Кабирӣ маро ба андеша водор намуд.

Идеяи хуб аст аҳду паймон бастан, аммо содиқ мондан ба ин паймон муҳим аст. Вафодории Кабириро мо аз амалӣ намудани як барномаи ҳануз соли 2010 матраҳшудаи ин чеҳраи сиёсӣ санҷидем. Оид ба тарбияи 100 лидери ҷавон сухан мерафт дар ин барнома. Ниҳоят 29 –июли соли 2018 дар шоҳроҳи автомобилии деҳаи Себистони ноҳияи Данғара  бо ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ “лидерҳои ҷавони Кабирӣ” аз худ дарак доданд. Парчами исломро боло карда ливои нангу номуси миллиро поён карданд. Аксарият ҷавонони ба доми фиреб уфтода, ҳамагӣ 19-20 сола буданд. Наход пас адои намози бомдод дасти дуо бардошта, ба як даст тасбеҳ ба дасти дигар табар меҳмонро таъқиб кунӣ? Хоҷаҳои хориҷӣ бурун аз Тоҷикистон ин тӯдаи авбошро пуштибонӣ мекарданд ва бо амри “Ба пеш, лидерҳои ҷавон!” амали террористӣ ба ҷо оварда шуд.

Ҷавонӣ давраи илму ҳунар омӯхтан аст. Ҳамчун муаллимаи забонҳои хориҷӣ ба донишҷуён лаъкид менамоям, ки умри ҷавониро ба корҳои беҳуда зоеъ накунед, пайи забономӯзӣ шавед. Ба аҳди бастаи худ дар мамлакати дониш содиқ монед, на сайди доми ақидаҳои бегона шавед. Нафари воқиф аз забони хориҷӣ ва дониши мукаммалдошта дар ҳама ҷой болонишин аст ва вафодори Ватани бобоии худ мемонад.

 

Мӯнисаи Халифа,  омӯзгори  кафедраи забони давлатӣ  ва забонҳои хориҷии ДКМТ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

чор − як =