“Пайдоиши тибби Масчоҳ”-баҳси семинари навбатӣ дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ

Дирӯз,  дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Тибби ноҳияи Масчоҳ”баргузор гардид, ки дар он мудири кафедра Раҳимова Ш., доктор Давлатов М., сармуҳаррири рӯзномаи “Маъданшинос” Абдуллоев И.Р.  ва дигар омӯзгорону кормандони донишкада ширкат варзиданд.

Чорабиниро нахуст  дотсент Изаттулоев Р. Ифтитоҳ намуда, суханро ба Холова Фахриниссо доданд, то дар мавриди пажӯҳишҳои анҷомдодаи хеш дар бораи соҳаи тибби ноҳияи Масчоҳ маърӯза намоянд.

Пас аз маърӯзаи Холова Ф. Омӯзгори кафедра доктор Давлатов Мулошо суханронӣ намуда, таърихи пайдоиши бунгоҳҳои тиббӣ дар кишвари моро арзёбӣ намуданд ва илова карданд, ки дар аксарияти ноҳияҳои дурдаст соҳаи тибб умуман рушд наёфта буд ва авзои иҷтимоӣ дар асри 19 хеле нигаронкунанда буд…

Ҳамчунин, дар ин семинар омӯзгорон суолу ҷавоб намуданд ва аз рафти таъсисёбии бахшҳои тибби муосир дар ин ё он навоҳӣ қисса намуданд ва суолу ҷавобу баррасиҳо низ сурат гирифт, ки семинарро боз ҳам ҷолибтар гардонид.

 

М. Сайидзода