Пазироии ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  бевосита аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, барои ҷалби ҷавонон ба китобхониву китобдӯстӣ ва баҳри баланд бардоштани маърифати омма хеле нақши калон мебозад.  Ташаббускори озмуни мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва ин ҳама аз муҳаббату садоқати Роҳбарияти кишвар бар миллату Ватан мебошад, ки инро ҳам метавон иқдомҳои навбатии сиёсати маорифпарваронаи он кас арзёбӣ намуд,-изҳор доштанд, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон   н.и.и., дотсент  Бахтиёр Маҳмадалӣ   дар чорабинии имрӯза.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз,  дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  маросими пазироии ғолиби  Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  омӯзгори донишкада дотсент Осими Оқил , ки дар дар номинатсияи хондан ва азхуд кардани осори адибони классик сазовор мақоми дуюм гардид, гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур нахуст  ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон   н.и.и., дотсент  Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ифтихорнома  ва нишони озмунро ба Осим Оқил супориданд. Ҳамчунин, барои ширкати фаъолона дар озмуни мазкур ба Осими Оқил ифтихорномаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  ва мукофоти пулӣ аз ҷониби ректори донишкада  н.и.и., дотсент   Бахтиёр Маҳмадалӣ супорида шуд.

Дар суханронии хеш ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ қайд намуданд, ки гузаронидани чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ  барои баланд бардоштани рӯҳияи хештаншиносӣ ва   ватандӯстӣ дар насли ҷавон хеле муҳим мебошад. Ҳамзамон, қайд намуданд, ки минбаъд низ омӯзгорону кормандони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон метавонанд фаъолона дар чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида ҳунару истеъдоди худро нишон диҳанд.

Сипас сухан ба ғолиби озмун дотсент Осими Оқил дода шуд, ки устод таассуроти хешро аз озмуни мазкур баён намуданд ва ба ташкилкунандагон изҳори сипос баён карданд.

 

 

Дар чорабинии имрӯза,  ҳамчунин  устодон Насриддинов З.З., Самадова Г.М. ва Давлатов Д.С. суханронӣ намуда устод Осими Оқилро бо гулдастаҳо табрик намуданд. Устод Давлатов Д.С. қайд намуданд, ки Осими Оқил новобаста аз фаъолияти пурмаҳсул ва серкорӣ тавонистанд, ки ҳунари худро нишон дода, соҳиби ҷойи намоён гарданд.

М. Сайидзода