Имрӯз дар толори бузурги Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тамоми кормандону донишҷӯён, омӯзгорони арҷманд Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро ” дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” мустақиман тамошо намуданд.
Қабл аз оғози чорабинӣ муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин перомуни моҳияти Паём ва арзишу мавқеи он дар ҷомеа сухан ронда, аз дастовардҳои соҳа бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.