ДУШАНБЕ, 18.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Маҷмааи «Кохи Борбад» Намоишгоҳи мошинсозии махсусгардонидаи Русия ва Тоҷикистон бо номи «Спецмаш-Тоҷикистон-2023» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Намоишгоҳро Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия ташкил менамоянд.
Намоишгоҳ бо мақсади нишон додани тавонмандиҳои тавлидкунандагони таҷҳизоти кишоварзӣ, роҳсозӣ ва саноати ғизоии Русия доир шуда, танзимгари намоиш Ҷамъияти саҳомии «Экспоцентр» мебошад.
Дар намоишгоҳи «Спецмаш-Тоҷикистон-2023» беш аз 9 корхонаи истеҳсолии Русия иштирок менамоянд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон