Тибқи нақша чорабинии кафедра ва раёсати донишкада донишҷӯёни ихтисосҳои технологияи мошинсозӣ машғулиятҳои навбатиро дар филиали кафедра гузарониданд. Дар ин машғулият таҳти роҳбарии омӯзгорон мудири кафедраи таҷҳизот ва технологияи моҳинсозӣ дотсент Қобилов В. А .ва омӯзгори калон Ҳоҷибоев Д . Д . ба корхонаи мошинсозии шаҳри Бӯстон ҳозир шуданд.
Донишчуён ин навбат аввал бо сехҳои корхона шинос гардида бо мутахассисони ин коргоҳ аз наздик бо нозукиҳои технологӣ шинос гардиданд. Дар сехи механики васлкории таҷҳизот ва воситаҳои технологии истифодашавандаро ҳангоми кор диданд ва равандҳои технологии коркардро аз худ намуданд. Машғулиятҳои амалӣ барои донишҷӯён бисёр манфиатдор буд, чунки онҳо дарсҳои назариявиро дар амал диданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳар як корхонаи саноатӣ филиали кафедраҳои донишкада дар кушода шудааст ва донишҷӯён дарсҳои амалиро дар ин филиалҳо мегузаронанд.
Шуъбаи иттилоот